Хатлон: Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ

Дар варзишгоҳи “Леваканд”-и  шаҳри Қурғонтеппа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд, байни дастаҳои наврасону ҷавонон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ,  корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 22 даста, аз ҷумла дастаи наврасон, дастаи ҷавонон ва дастаҳо аз сохторҳои қудратии вилоят иштирок менамоянд. Мусобиқа рӯзи 6 феврал шурӯъ шуда, то 23 феврал давом хохад ёфт. Се дастаи ғолиб, зинаи якум  бо 10000 сомонӣ, мавқеи дуюм 7000 сомонӣ, зинаи сеюм бо 3000 сомонӣ ва инчунин бо «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

 
«Ҷоми Наврӯзӣ» насиби Фирдавс Насимов гардид

Рӯзи 22-юми марти соли равон, дар маҷмааи варзишии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи байналмиллалӣ аз рӯи категорияҳо, аз намуди гуштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми Наврӯзӣ» ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5 000 сомонӣ бо иштироки васеи варзишгарон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 8-нафар беҳтарин дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок ва соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

 
Ғолибони “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” дар вилояти Суғд

Санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар “Қасри Варзиш”-и  шаҳри Хуҷанд маросими бозиҳои ниҳоии мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, корхонаҳо ва идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Нахуст барои дарёфти ҷойи сеюм ва ноил гардидан ба медалҳои биринҷии мусобиқа байни дастаҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) РВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар бозии мазкур кормандони ДТММ тавонистанд ба дарвозаи ҳариф 3 гол зада бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуда, диловарони Даста тавонистанд соҳиби ҷои саввуми мусобиқа гашта, сазовори медалҳои биринҷӣ гарданд.

 
Пирӯзии Муҳаммад Абдураҳмонов дар гуштини миллӣ

Санаи 21-уми марти соли 2015, дар майдони варзишии шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз гуштини миллии идона бо иштироки паҳлавонони варзида ва номии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар қатори дигар паҳлавонони гуштини тарзи миллӣ аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Шаҳида Қаландарова низ бо ҳарифони худ қувваозмоӣ намуда, се нафарро мағлуб сохт.

 

 
Шоҳҷоиза – мототсикл низ насиби дастаи «Академияи Истиқлол» гардид

Санаи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои ниҳоии кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» дар соли 2015, ки байни се синну сол наврасон, ҷавонон ва собиқадорон баргузор гардид, дар байни синну соли ҷавонон Шоҳҷоиза – мототсикли тамғаи «Dirtbike» насиби дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид.

Футболбозони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун мизбон, ҷиҳати иштироки фаъолона ва дастгирии мусобиқаи мазкур, Шоҳҷоиза – мототсиклро аз номи роҳбарияи Вазорати корҳои дохилӣ ба дастаи «Академияи Истиқлол» тақдим намуданд.

 
Бозии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ниҳоии Вазири корҳои дохилӣ»

Шоми имрӯз (20.03.с.2015), соати 18:00, дар толори варзишии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум бозии футболи хурд байни дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ва чемпиони футболи хурд – дастаи «Бонки миллӣ»-и қисми минтақавии вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми ниҳоии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дастаҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуда, барои ғолиб баромадан дар мусобиқа ҷаҳду талош варзида истодаанд.

 
Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

Санаи 5-уми феврали соли ҷори дар “Қасри Варзиш”-и  шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни 8 дастаҳои наврасону ҷавонон ва 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, корхонаҳову идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали Раиси вилоят Ҷумабой Сангинов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, прокурори вилоят генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода, роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва низомии вилоят, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД ва дигар ҷузъу томҳои Вазорат дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

 

 
«Нест бод нашъамандӣ – поянда бод тарзи ҳаёти солим»

(Идомаи чорабинии варзишӣ) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади пурмӯҳтаво дар чорабинии варзишӣ қайд намуд, ки «Мусобиқаҳои кушоди даставӣ миёни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва муассисаву идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» аз имрӯз оғоз гардида, он байни дастаҳои ғайрикасбӣ ва касбии кишвар тӯли як моҳ идома меёбад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардид, имрӯз яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ин тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим ва шуғл варзидан ба варзиш мебошад.

 
Ғолибияти дастаи ҷавонони «Динамо»-и ВКД дар чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футболи хурд

Дастаи ҷавонони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футболи хурд, байни дӯстдорони футбол (Силсилаи Б), ки аз 15 октябри соли 2014 то 7-уми марти соли 2015 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда ҷойи аввалро ишғол намуданд. Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти мусобиқа ба дастаҳои ғолиб Кубок, диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.    

 
Варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ

(идомаи вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ) Дар идомаи вохӯрӣ бо варзишгарон Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки «Бо ташаббус ва таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа, садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд.

 
Шараф ба варзишгарони тоҷик – номбардорони давлату миллат!

Имрӯз (29.01.с.2015), дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии варзишӣ бахшида ба оғози Мусобиқаи футболи хурд (футзал) барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» байни сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаву идораҳои давлатӣ ва ҳавасмандони футбол доир гардид.

 
Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ дар Суғд

Дар “Қасри Варзиш”-и  шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд, байни дастаҳои наврасону ҷавонон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ,  корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқа 4 дастаи наврасон, 4 дастаи ҷавонон ва 10 даста аз сохторҳои қудратии вилоят иштирок менамоянд. Мусобиқа рӯзи 5 феврал шурӯъ шуда, то 8 феврал давом мекунад. Бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ баргузор мешаванд.

 
Идомаи бозиҳои футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

Мусобиқаи кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» дар соли 2015 идома дорад.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони кишвар

Имрӯз (14.02.с.2015), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4440418
ИмрӯзИмрӯз1180
МоҳМоҳ14347
ХамагиХамаги4440418

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.