Ғолибони навраси Мусобиқаи байналмилалӣ

Муҳорибаи юнону румӣ, яке аз намуди варзишҳои кӯҳан ба ҳисоб рафта, аз варзишгар қувва, тактика ва маҳорати баландро талаб менамояд. Пайдоиши ин намуди варзиш аз даврони Юнони Қадим маншаъ гирифта, дар замони Империяи Рум рушд ёфта, дар асри  XIX дар Фаронса ҳамчун намуди муҳориба мукаммал мегардад. Соли 1896 муҳорибаи юнону румӣ ба бозиҳои Олимпӣ дохил гардида, аз соли 1904 чемпионатҳои ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд.

 
Мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаҳои тан ба тан

Имрӯз (07.04.с.2015) дар толори варзишии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ қисми ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаҳои тан ба тан, ки тайи ду рӯз идома дошт, баргузор гардид.

Ин мусобиқа ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз бахшида шуда, дар он асосан варзишгарон аз ҳисоби худи ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД иштирок доштанд.

Варзишгарон маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар ин намуди варзиш нишон дода, дар рақобатҳо барои ба даст овардани ҷойи аввал ҷаҳду талош варзиданд.  

 
Пирӯзии дастпарвари «Динамо» дар мусобиқаи Аврупо

Хурсандибахш аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ қувваозмоӣ намуда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ партавафшон менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари Давлат ва Ҳукумати кишвар ба варзишгарон аҳамияти махсус зоҳир намуда, баҳри тарбияи онҳо шароити мусоид фароҳам месозад.

Шоми дирӯз, (08.04.с.2015) дар фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе варзишгари ҷавону умедбахш Хуршед Маҷидовро кормандони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳамсинфон ва наздикону пайвандонаш бо гулу гулдаста  истиқбол гирифтанд.

 
Ғолибияти дастаи «Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ» дар бозиҳои футболи хурд

Имрӯз (13.04.с.2015) дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ қисми ниҳоӣ ва ҷамъбастии бозиҳои футболи хурд таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.

 
Гар ба варзиш қаринӣ…..

Имрӯз (15.04.с.2015), дар Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ба варзишгарони ҷавону наврас, ғолиби «Ҷоми Аврупо» Маҷидов Хуршед ва Қурбоншо Коналиев Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Санаи 27-29-уми март дар Нидерландия бозии «45-умин мусобиқаҳои байналмилалии Шарқ» бо иштироки наврасон аз 40 давлати дунё доир гардид. Дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастпарвари Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Коналиев Қурбоншо муаррифӣ карда, дар намуди гуштини «юнону румӣ» сазовори медали тилло гардид. Ду ҳарифи ӯ аз Ҷумҳурии Олмон буданд, ки онҳоро бо истифода аз  усулҳои махсуси ин намуди варзиш ба осонӣ мағлуб намуд. Варзишгари сеюмро, ки намояндаи Ҷумҳурии Полша буд ва дар вазни 40 кило баромад мекард, ӯ низ мағлуб намуда, ба даври ниҳоӣ баромад.

 
Мусобиқаи гуштини самбо дар шаҳри Хуҷанд

Рӯзҳои 17-19-уми апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гуштини «Самбо» байни наврасони соли таваллудашон 1997-1998 баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастпарварони ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо теъдоди 15 варзишгар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

 
Оғози мусобиқаҳои варзишӣ дар ВКД

Имрӯз (06.04.с.2015) дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузории мусобиқаҳои шахсӣ-даставӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, волейбол, шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз, бандкашӣ ва гуштини миллӣ бахшида ба «Иди байналмиллалии Наврӯз» дар соли 2015 таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» оғоз гардид.

 
Мусобиқаи волейбол дар шаҳри Қайроққум

Ҳафтаи равон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи  волейбол бахшида ба гиромидошти нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дастаҳои волейболбозон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок доштанд. Шаҳри Душанберо ду даста «Душанбе-1» ва «Динамо-Душанбе» намояндагӣ мекард.

 
Ғолибони мусобиқаи гуштини миллӣ

(Идомаи мусобиқаи гуштингирӣ) Дар идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллӣ паҳлавонон бо ҳарифони худ дар рақобат шуда, бо истифода аз маҳорат ва таҷрибаи андӯхтаи худ барои сазовор гардидани ғолибият дар мусобиқа кӯшишу ғайрати худро равона месохтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи имрӯза зиёда аз 21 даста бо зиёда аз 100 нафар варзишгар аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Барои тамошои ҳунарнамоии гуштингирон мухлисони зиёде омада буданд, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки ба гуштини миллӣ шавқу рағбати зиёд доранд.   

 
Аслиддин Шоев соҳиби камарбанди сиёҳ, Дани 4 гардид

Имрӯз (28.03.с.2015) муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ майори милитсия Аслиддин Шоев барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ ва ба даст овардани камарбанди сиёҳ, Дани 4, имтиҳон супорид.

 
Оғози мусобиқаи гуштингирӣ

Имрӯз (28.03.с.2015), дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштингирӣ таҳти шиори «Варзиш барои саломатӣ ва зидди нашъамандӣ» оғоз гардид.

 
Ғолибияти дастаи «Динамо»-и ВКД дар бозии футболи хурд

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз байни дастаҳои «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва «Бонки миллӣ»-и қисми минтақавии вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми ниҳоии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки шоми имрӯз дар толори варзишии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум баргузор гардид, бар ҳисоби 5:3 ба фоидаи дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ анҷом ёфт.

Ду тубро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сетои дигарашро футболбозони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ғолиби мусобиқа гардиданд.

 
Ғолибияти РВКД вилояти Хатлон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

Имрӯз (28.02.с.2015), дар бозии ниҳоии "Футболи хурд" барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори "Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ"  байни дастаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дигар дастаҳои сохторҳои қудратӣ ва идораю муассисаҳо дар вилояти Хатлон,  пирӯзӣ насиби дастаи РВКД дар вилояти Хатлон гардид. 

Дар ин бозӣ дастаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон (ҷойи сеюм), дастаи Раёсати Гумруки минтакавӣ дар вилояти Хатлон (ҷойи дуюм) ва ғолиби мусобиқаи имрӯза барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ҷониби доварон муайян карда шуданд.

 
Ғолибияти Набимуҳаммад Хоркашов дар минтақаи Рашт

24-уми марти соли 2015, дар майдони варзишии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз гуштини тарзи миллӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии варзишӣ паҳлавонони номӣ аз тамоми манотиқи водии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, барои дарёфти шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес» қувваозмоӣ намуданд.

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4440345
ИмрӯзИмрӯз1107
МоҳМоҳ14274
ХамагиХамаги4440345

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.