Идомаи футболи хурд таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ»

(Идомаи мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи футболи хурд дар ш. Қайроққум) Мавриди зикр аст, ки бозии футболи хурд аз бозии муқаррарии футбол фарқ дорад, дар он аз ҳар ду даста 6-нафарӣ футболбоз ба майдон баромада, вақтҳои додашудаи қисматҳои он кам ва ҳаҷми майдони варзишӣ ба андоза хурдтар мебошад. Дар толори варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум тамоми шароитҳои лозимӣ барои баргузории бозиҳои футболи хурд мавҷуд аст.

Нимаи дуюми рӯзи 20.05.с.2015 дар толори варзишии «Шоҳин» мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» байни дастаҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии аъзои ҷамъияти «Динамо» идома ёфт. Байни дастаҳои иштирокчӣ якчанд вохӯриҳо ба анҷом расиданд, ки натиҷаҳояш чунинанд:

 
Рақобатҳо барои баромадан ба даври ниҳоӣ

(Идомаи мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футболи хурд) Имрӯз (21.05.с.2015) дар толори варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум барои баромадан ба даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи футболи хурд бозиҳо идома ёфтанд.

 
Маҳорати футболбозони рус дар бозии футболи хурд

(Идомаи мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футболи хурд таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ»)

Натиҷаи бозии байни дастаҳои Қирғизистон ва «Динамо»-и вилояти Суғд бо ҳисоби 8:3 ба фоидаи дастаи қирғизҳо анҷом ёфт.         

Рӯзи 20.05.с.2015, мусобиқаи байналмилалӣ бо бозии байни дастаҳои «Динамо»-и вилояти Суғд (синну соли то 35-сола) ва Қазоқистон оғоз гардид. Бозингарони ҳар ду даста ҳам аз худ хеле маҳорати баланд нишон доданд, вале дар охир футболбозони суғдӣ тавонистанд бо ҳисоби 2:1 музаффарият ба даст оранд.

Бозии байни дастаҳои КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар лаҳза тағйир меёфт. Сараввал гумрукчиён ҳисобро кушоданд, вале дере нагузашта варзишгарони дастаи КДАМ бо ҳуҷумҳои пайдарпайи худ бартариятро ба даст гирифтанд. Онҳо на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки то охири бозӣ ҳунарнамоии хуб нишон дода, бо ҳисоби 6:2 ғолиби бозӣ гардиданд.

 
Тамошои варзишгарон аз мавзеҳои зебои вилояти Суғд

Рӯзи 18.05.с.2015, дар шаҳри Қайроққуми  вилояти Суғд варзишгарон аз кишварҳои хориҷ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» ҷамъ омаданд.

 
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд ҷараён дорад

(Идомаи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд дар ш.Қайроққум) Дар бозии байни дастаҳои «Динамо»-и Федератсияи Россия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастаи Федератсияи Россия бо ҳисоби 4:0 пешсаф буд, футболбозони ин даста афзалиятро то охири бозӣ нигоҳ доштанд. Ба замми чор голи аввал, дар қисмати дуюми бозӣ низ футболбозони рус тавонистанд боз чор голи дигари беҷавоб ба дарвозаи дастаи КДАМ ворид созанд. Ҳамин тариқ, бо ҳисоби 8:0 дастаи динамочиёни Федератсияи Россия дастболо шуданд.

 
Маросими кушодашавии мусобиқаҳои байналмилалии футболи хурд

Имрӯз (19.05.с.2015) мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд оғоз гардид.

 
Қуръапартоӣ барои муайян намудани иштироки дастаҳои футбол

Бегоҳии рӯзи 18.05.с.2015 дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум бо иштироки сардорони дастаҳо ва аъзоёни кумитаи тадорукотӣ барои муайян намудани даври бозиҳо аз рӯи намуди футболи хурд қуръапартоӣ баргузор гардид.

Бозиҳо аз рӯи ду дараҷаи синну сол: ҷавонони то 35-сола ва аз синни 35-сола боло муайян гашта, тибқи он дар дараҷаи якум 9 даста ва дар дараҷаи дуюм 6 даста байни ҳам рақобат мекунанд. Дар қуръапартоӣ дастаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ: Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Динамо»-и вилояти Суғд барои бозиҳои минбаъда номнавис шуданд.

 
Ғолибияти дастаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи байналмилалӣ

Дар бозии аввал дастаи мизбон Тоҷикистон бо дастаи Қазоқистон ба рақобат пардохт. Бозӣ хеле шавқовар оғоз ёфт. Нахустин голро дар ин бозӣ, бозингари қазоқ зада, ҳисобро кушод. Вале дере нагузашта, футболбозони Тоҷикистон бозии хуб нишон дода, ду голи бе ҷавоб вориди дарвозаи ҳариф сохтанд. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба ҳисоби дастаи Тоҷикистон ба анҷом расид.

 
Варзиш таҳкимбахши риштаи дӯстиву рафоқат

Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, обутоби бадан, баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ, зоҳир намудани қобилият ва истеъдоди инсон дар самтҳои гуногуни варзишӣ мусоидат намуда, риштаи дӯстиву рафоқатро боз ҳам мустаҳкам менамояд.

 
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд дар вилояти Суғд

Рӯзҳои 18 то 22-майи соли 2015 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои зиёди футболбозони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ватанӣ ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд. Барои инъикоси рафти мусобиқаҳо намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват шудаанд.

 
Оғози мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»

Имрӯз (18.05.с.2015) бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» оғоз гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дастаҳои зиёди футболбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанию хориҷӣ аз ҷумла, аз  Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Белоруссия, ва Федератсияи Россия, ки узви Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» мебошанд, барои иштирок даъват шудаанд.

Айни замон, мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди футболи хурд идома дошта, аз ҷараёни мусобиқа иловатан иттило хоҳем дод. 

 
Академия - ташаббускори мусобиқаи ҷашнӣ

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббускори бисёр чорабиниҳо баромад намуда, чун мактаби олии тахассусӣ дар баробари баргузории маҳфилҳои зиёди илмиву эҷодӣ, ҳамзамон, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим низ нақши намоён дорад. Аз ҷумла, дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд ва волейбол, ки 7 майи соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи ВКД баргузор гардид, дастаҳои варзишии муассисаҳои таълимии мақомоти қудратии кишвар иштирок намуданд.

 
Хуршед Маҷидов соҳиби медали тиллои Ҷоми Аврупо гардид

Аъзои Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгари ҷавону умедбахш Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Руминия медали тилло ба даст овард.

Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 9-10 май дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик (Маҷористон), Александр Крсманович (Босния ва Ҳерсеговина) ва Владимир Костик (Сербия) ба финал баромад. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон пирӯз шуд ва барои ҷойи аввал бо Ҷоми Аврупо ва медали тилло сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуда буд, соҳиби медали нуқра гардидааст.  Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия)  ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Маҷидов Хуршед аз зумраи варзишгарони наврасест, ки аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, дар мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар ҷасурона баромад менамояд.

Ин варзишгари бомаҳорат соли 1998 таваллуд шуда, дар литсеи технологии шаҳри Душанбе таҳсил менамояд  ва  аллакай дорандаи панҷ медали бозиҳои ҷаҳонӣ дар намуди гуштини дзюдост.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.

 
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини “юнону румӣ” байни наврасон

Тайи ду рӯз аст, (05-06.05.с.2015) дар маҷмааи варзишии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои кушоди байналмилалӣ аз рӯи намуди варзиши гуштини тарзи “юнону румӣ” байни наврасони синнашон аз 12 то 17-сола бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардида истодааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4440491
ИмрӯзИмрӯз1253
МоҳМоҳ14420
ХамагиХамаги4440491

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.