Маҳорати баланди футболбозони дастаи ҷавонони Динамо

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди «футболи хурд» байни собиқадорон, инчунин ҷавонони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» идома дошт.

Дар бозиҳои футболи миёни дастаҳои ҷавонон 28 даста иштирок намуда, дар чор гуруҳ тақсимбандӣ гардида буданд. Давра ба давра дастаҳои пурқувваттар муайян гардида, танҳо беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ баромаданд.

Имрӯз (27.08.с.2016) дар даври ниҳоии мусобиқаи дастаҳои ҷавонон дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи мизбонон Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бозӣ намуданд.

 

 

 

 
Ғолибияти динамочиёни наврас дар мусобиқаи футбол

Аз 16-уми августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати мудофиа ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушод оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» байни наврасони таваллудашон солҳои 2003-2004 оғоз гардида, то инҷониб идома дошт.

Дар ин мусобиқа 10 дастаи беҳтарини ҳудуди шаҳри Душанбе дар ду гуруҳ бо ҳам рақобат намуданд. Футболбозони навраси дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ таҳти роҳбарии мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Изатулло Мирзоев иштироки фаъолона намуда, ғолиби мусобиқа гардиданд.

 
Мусобиқаи футболи хурд ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

Аз 28-уми май инҷониб, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди «футболи хурд» байни собиқадорон ва ҷавонони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» идома дорад.

 
Милитсияи ноҳияи Спитамен - ғолиби мусобиқаи футболи хурд

 

Мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд байни ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти шиори «Варзиш гарави саломатӣ» аз 23-юми июл то 17-уми август дар майдончаи варзишии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон гузаронида шуда, беҳтаринҳо дар ин намуди варзиш муайян карда шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур 22 даста намояндагони ҳамаи зерсохторҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок ва аз рӯи системаи даврӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Рафти бозиҳо бо иштирок ва назорати роҳбарияти Раёсат ва намояндагии Шӯрои ҷумхуриявии «Динамо»-и ВКД баргузор гашт.

 
Ғолибони мусобиқаи волейбол

Аз 2-юм то 15-уми августи соли 2016 бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба волейбол байни мардҳо миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» идома ёфт.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ 16 даста иштирок намуда, дар бозиҳои гурӯҳӣ байни ҳам рақобат намуданд. Доварии мусобиқаҳоро доварони беҳтарини ҷумҳурӣ ба зимма дошта, барои тамошои рафти бозиҳо мухлисони зиёди дастаҳо ҷамъ меомаданд.  

 
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди «шашка» ва «шоҳмот»

Мусобиқаҳои варзишии шашкаю шоҳмот таърихи куҳан дошта, миёни мардум маҳбубияти зиёд дорад. Ин намуди варзиш қобилияти зеҳнии инсонро тақвият бахшида, барои ҷолиб гардидани он аз варзишгар маҳорату фикрронии зиёдро талаб мекунад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш, дӯстию рафоқат ва ҳаёти солим ба муносибати таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ пайваста мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот баргузор карда мешаванд. 

Имрӯз (09.08.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД даври ҷамъбастии мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди «шашка» ва «шоҳмот» таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» миёни дастаҳои сарраёсат, раёсат, шӯъбаи мустақили Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ  ва РВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 
Вохӯрии Вазир бо дастаи бонувони волейболбоз

Имрӯз (05.08.с.2016) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» бо волейболбозони дастаи бонувони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.

 
Пирӯзии волейболбозони «Динамо» дар мусобиқа байни бонувон

Имрӯз (05.08.с.2016) даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи кушоди даставӣ байни бонувон оид ба волейбол таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
Оғози бозиҳои волейбол миёни бонувон

Имрӯз (03.08.с.2016) дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати ҷашни дарпешистодаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ байни бонувон оид ба волейбол таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» оғоз гардид.

Мусобиқаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона карда шудааст.

 
Мусобиқаи варзиши сабук дар варзишгоҳи «Спитамен»

Имрӯз (02.08.с.2016) дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди «Варзиши сабук» миёни ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» доир гардид. 

 
Пирӯзии дастаи волейболбозони Академия ВКД дар бозиҳои варзишӣ Дубай-2016

Аз 21-ум то 28-уми июли соли 2016, дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқҳои Фестивали байналмилалии бозиҳои варзишӣ Дубай-2016 баргузор гардид.

Дар ин Фестивали байналмилалӣ 26 давлат иштирок карда, 15 дастаи волейболбозон байни ҳам рақобат намуданд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи А ҷойгир буд.

 
«Аксияи яхмос» ва мусобиқаи шоҳмот дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз (19.06.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва «Аксияи яхмос» доир гардида, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон яхмос, нӯшокӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

 
Машқҳои дастаҷамъона дар мавзеи «Сари хосор»

Шурӯъ аз 18-уми июли соли равон дар мавзеи биҳиштосои «Сари хосор»-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони машҳур аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои варзиши гуштингирӣ, якҳарбаҳои шарқӣ (панкратион) ва ғайра машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.

 
Медали тиллоии курсанти Академияи ВКД аз мусобиқаи байналмилалӣ

Курсанти курси 4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дастпарвари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Акбар Ҷабборов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ки санаи 2-юми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Шенчжени Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид, иштирок намуда, бо медали тилло ва Ҷоми «Super star fight» ба Ватан баргашт.

Акбар дар рақобатҳо дар вазни 65 кг миёни варзишгарони касбӣ баромад намуда, дар даври ниҳоӣ пас аз шикаст додани рақибаш аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо се зарбаи аз по афтондан мақоми аввалро ишғол намудааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3788360
ИмрӯзИмрӯз222
МоҳМоҳ33375
ХамагиХамаги3788360

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.