Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон

Имрӯз (19.09.с.2015) дар «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

 
Фестивали бозиҳои варзишӣ дар Хоруғ

Аз 10 то 19 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ фестивали бозиҳои варзишӣ – 2015 баргузор гардид, ки дар он варзишгарони 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар ин чорабинии варзишӣ аз намуди волейбол дастаи «Динамо»-и (Вазорати корҳои дохилӣ) Душанбе фаъолона иштирок намуда, ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро бошад, дастаҳои Хоруғ-2 ва Хоруғ-1 соҳиб гардиданд.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи кушоди даставӣ аз рӯи намуди варзиши «Футболи хурд»

Дар Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон тайи моҳи охир бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш бе маводи мухаддир» миёни дастаҳои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ идома дошт.

 
Мусобиқаи кушоди даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

Аз 17 то 21 августи соли 2015, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқаҳо намояндагони корхонаю идораҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҷавонони минтақаи Кӯлоб аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, тенниси рӯи миз ва шашкаю шоҳмот инфиродӣ ва дар ҳайати даста ҳунару маҳорати варзишии худро нишон доданд.

 
Варзишгар Хуршед Маҷидов дар ҳузури роҳбарияти ВКД

Варзишгари Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, Хуршед Маҷидов, ки ба наздикӣ аз мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳузур пазируфта шуд.

Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода паҳлавонро барои ноил гардидан ба ин дастовард ва баланд бардоштани парчами кишвар дар арсаи байналмиллалӣ самимона табрику таҳният намуд.

 
Медали биринҷии Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи байналмиллалӣ

Варзишгари ҷавони тоҷик, аъзои Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни варзишгарони синнашон то 18-сола, ки дар ҷумҳурии Босния ва Гертсоговина аз рӯи намуди «дзю-до» баргузор гардид, дар вазни беш аз 90 кило ҷойи севумро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё иштирок доштанд.

 
Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки наврасон

 

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, аз санаи 5-ум то 9-уми августи соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, бо ташаббуси роҳбарияти ВКД ва дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои дастаҷамъӣ ва ташкили лагери тобистонаи варзишгарон – кӯдакону наврасони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 70-нафар кӯдакону варзишгарони навраси Шӯрои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

 
Мусобиқаҳои дастаҷамъӣ таҳти шиори «Наврасон зидди нашъамандӣ» дар осоишгоҳи «Садбарг»

Аз санаи 5-ум то 9-уми августи соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ машғулиятҳои дастаҷамъӣ ва гузаронидани лагери тобистонаи варзишгарон – кӯдакону наврасони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ» баргузор мегардад.

 
Дастовардҳои таэквондочиёни «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Тайи рӯзҳои 1-ум ва 2-юми августи соли 2015 дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши «Таэквон-до» (ВТФ) баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 нафар варзишгар аз тамоми минтақаҳои кишвар: вилоятҳои Суғду Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ варзишгарони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ фаъолона иштирок намуда, якчанд нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоёни мусобиқа гардиданд.

 
Натиҷагирии мусобиқаҳои варзишӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию маърифатнокӣ ва пешгирӣ намудани гароиши ҷавонону ноболиғон ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз санаи 16 то 23-юми июли соли ҷорӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД миёни беш аз 120 нафар ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус ВМКБ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили футболи хурд, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка, шиноварӣ, варзиши сабук ва ғайра баргузор гардида буд, ки натиҷаи ин мусобиқаҳо чунин аст:

 
Варзиш - дӯстию рафоқат ва якдилист

Аз санаи 16 то 23-юми июли соли равон бо мақсади таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию маърифатнокӣ ва пешгирӣ намудани гароиши ҷавонону ноболиғон ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД дар байни зиёда аз 120 нафар ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили футболи хурд, тениси рӯи миз, шоҳмот, шашка ва шиноварӣ баргузор гардид.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ

(Анҷоми мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футболи хурд дар ш.Қайроққум) Нимаи дуюми рӯзи 21.05.с.2015 бозиҳои байни дастаҳо барои ишғол намудани ҷойҳои аввали мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд оғоз гардиданд.

Дар даври ниҳоӣ барои ишғоли ҷойи сеюм дастаҳои Қирғизистон ва «Динамо»-и Суғд бозӣ карда, дар натиҷа бо ҳисоби 9:10, дастаи динамочиёни суғд пирӯз гардиданд.

Барои ишғоли ҷойҳои аввал дастаҳои ҷавонони ВКД Тоҷикистон ва «Динамо»-и Тотористони Федератсияи Россия қувваозмоӣ намуданд. Футболбозони ҳар ду даста низ хеле бозии хуб нишон доданд. Дар қисмати аввали бозӣ гарчанде, футболбозони ВКД ҶТ бо ҳисоби 2:1 пешсаф буданд, вале футболбозони дастаи динамочиёни рус фаъолтар гардида, дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи дастаи «Динамо»-и Тотористони Федератсияи Россия ба охир расид.

 
Ғолибияти дастаи наврасони ВМКБ дар футболи хурд

Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД, ки дар дараи хушбоду ҳавои Ромити ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст, ҷавонону наврасон  аз шаҳри Душанбе, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуда, байни онҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешаванд.

 
Таассуроти иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ

(Идомаи мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ш.Қайроққум) Дар ҷараёни бозиҳо мо тасмим гирифтем, ки бо чанд иштирокчии мусобиқаи байналмилалӣ, ки айни ҳол дар шаҳри Қайроқум идома дорад, ҳамсӯҳбат шавем.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739246
ИмрӯзИмрӯз1251
МоҳМоҳ18948
ХамагиХамаги3739246

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.