Идомаи мусобиқаҳои гуштингирӣ

Дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқа оид ба гуштини миллӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дорад.

Имрӯз (30.01.с.2016) гуштингирони вазнҳои 75 ва то 80 кило бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ин мусобиқа, ки мухлисони зиёде дорад, варзишгарон аз клубҳои варзишии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

 
Оғози мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини миллӣ

Имрӯз (28.01.с.2016), дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини миллӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» оғоз гардид.

 
Шоҳҷоиза - автомобили сабукрав!

Аз 28-уми январ то 4-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини миллӣ, дар байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва шахсони ҳавасманд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» гузаронида мешавад.

Барои варзишгари ғолиб Шоҳҷоиза - автомобили сабукрав пешбинӣ шудаааст. Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа ба ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда шаванд.

Телефонҳо барои тамос: 93-922-23-62, 93-922-23-63, 93-922-23-74, 93-922-44-44, факс: 221-32-81.

 
Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз (25.01.с.20160, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади такмили тарбияи ҷисмонӣ ва ҷиҳати ташвиқу тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаҳои варзишӣ оид ба «Футболи хурд», гуштини миллӣ, вазнбардорӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва мусобиқаи шиноварӣ байни бонувон бо иштироки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш - солимии ҷомеа» оғоз гардид.

 
Дастгоҳи марказии ВКД ғолиби мусобиқаи футболи хурд гардид

Аз санаи 7-ум то 27-уми декабри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе бахшида ба гиромидошти хотири футболбози машҳур Александр Кирсанов мусобиқаи анъанавии зимистона аз рӯи футболи хурд баргузор гардид, ки дар он 32 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Бозиҳо аз рӯи се дараҷа: футболбозони касбӣ, дӯстдорон ва собиқадорон сурат гирифт.

Хурсандиовар аст, ки дастаи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи мазкур миёни собиқадорон ҷойи аввалро ишғол намуд.

 
Курсанти Академия - ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон

Омонҷон Очилов - милитсионери қаторӣ, курсанти курси якуми факултети №4-и Академияи ВКД дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 1, 7-ум КЮ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2015 барои иштирок дар мусобиқаҳои 5-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзида, дар вазни 76 кг аз ҳисоби даставӣ бо варзишгарони дастаҳои Ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон ғалаба карда, дар финал бошад, ба варзишгари Федератсияи Россия дастболо шуд ва соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Ҳамзамон дар мусобиқа аз рӯи вазни 76 кг баромад карда, соҳиби ҷойи 2-юм ва медали нуқра гардида, бо ду медал ба Ватан баргашт.

 
Оғози мусобиқаҳо барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ

Имрӯз (12.12.с.2015), дар толори Маҷмааи варзишии марказии шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол ва футболи хурд байни ҷавонписарон ва шашкаю шоҳмот байни ҷавондухтарон оғоз гардид.

 
Мусобиқаи кикбоксинг бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Рӯзҳои 19-21-уми ноябри соли ҷорӣ, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба кикбоксинг байни кӯдакону наврасони синну соли 2000-2001 ва 2002-2003 баргузор гардид.

 
Ғолибияти варзишгари «Динамо» дар мусобиқаи байналмилалӣ

Санаи 13-15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди таэквандо – ВТФ баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Эрон ширкат варзиданд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ баромад намуда, обрӯю нуфуз ва шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намуданд.

 
Дастаи «ФФТ» ғолиби мусобиқаи «Футболи хурд»

Аз 29 октябри соли 2015 то имрӯз дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсия» мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии ҷумҳурӣ идома дошт.

 
Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи «Шоҳмот ва шашка»

Бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи милитсия» аз 1-ум то 4-уми ноябри соли равон, дар толори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба «Шоҳмот ва шашка» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии кишвар баргузор гардид.

 
Истиқболи варзишгари «Динамо» Хуршед Маҷидов дар фурӯдгоҳи Душанбе

Имрӯз (14.10.с.2015), чанд нафар варзишгари тоҷик, ки миёни онҳо варзишгари ҷавону умедбахш, аъзои Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, Хуршед Маҷидов низ буд, пас аз иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Тайланд ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва хешу наздикони онҳо хеле бошукӯҳ пешвоз гирифтанд.    

 
Пирӯзии оташнишонон дар мусобиқаи шоҳмот ва шашка

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи варзиш, пайваста кӯшиш бар он доранд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо толору майдончаҳои варзишии замонавӣ таъмин намуда, бобати ба камол расонидани варзишгарони ҷавон дар байни кормандони мақомот ва умуман шаҳрвадони кишвар, мунтазам озмуну мусобиқаҳои гуногунро ташкил ва баргузор менамоянд.

 
Таҷлили 90-солагии «Динамо»-и Қазоқистон

Аз санаи 17 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» баргузор гардид. Ҳамзамон 90-солагии Иттиҳоди ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-полковники политсия Касимов Калмуханбет таҷлил гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3834045
ИмрӯзИмрӯз1405
МоҳМоҳ33550
ХамагиХамаги3834045

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.