|
Омонҷон Очилов - милитсионери қаторӣ, курсанти курси якуми факултети №4-и Академияи ВКД дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 1, 7-ум КЮ, рӯзҳои 12-13 декабри соли 2015 барои иштирок дар мусобиқаҳои 5-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзида, дар вазни 76 кг аз ҳисоби даставӣ бо варзишгарони дастаҳои Ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон ғалаба карда, дар финал бошад, ба варзишгари Федератсияи Россия дастболо шуд ва соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ҳамзамон дар мусобиқа аз рӯи вазни 76 кг баромад карда, соҳиби ҷойи 2-юм ва медали нуқра гардида, бо ду медал ба Ватан баргашт.
Мавриди қайд аст, ки Омонҷон рӯзҳои 21-26 октябри соли 2015 низ дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия дар мусобиқаҳои Чемпионати Ҷаҳон оид ба навъи каратэ-до иштирок намуда, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Дар ду навъи мусобиқа Омонҷон Очилов соҳиби медали биринҷӣ ва нуқра гашта бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Очилов Омонҷон Абдумуталович соли 2015 баъди бомуваффақият хатм кардани мактаби миёнаи рақами 23-и шаҳри Хуҷанд ба факултети №4-и Академияи ВКД дохил шуд. Ӯ шахси меҳнатдӯст, хушрафтор ва боинтизом буда, дар ҳама чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва хизматӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ҳанӯз аз овони наврасӣ ва ҷавониаш ба варзиш шавқу рағбати хоса дошт. Чӣ тавре ки ифтихорномаҳо, дипломҳо ва медалҳои зиёди варзишӣ гувоҳӣ медиҳанд, Омонҷон дар чорабиниҳои зиёди шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён ва медалҳои зиёд гаштааст. Мураббиёни зиёде, ки дар ин тӯли 12 сол (ӯ аз 6-солагиаш ба варзиш шуруъ кардааст) бо ӯ сару кор доштанд, ҷиҳатҳои хуби ӯро ба назар гирифта ба шогирдашон боварии зиёд доштанд.
Омонҷон ҳангоми таҳсилаш аз синфи 1 то 11 дар чорабиниҳои зиёди байналмиллалӣ иштирок намуда, парчами ҷумҳуриро дар ҳама ҷо партавфишон кардааст. Дар тӯли 11 соли таҳсилаш Омонҷон ба Москва, Калининград, Чин, Қирғизистон ва шаҳру ноҳияҳои зиёди Тоҷикистон сафарҳо карда, бо натиҷаҳои дилхоҳ баргаштааст. Имрӯз дар бойгониаш 8 сертификати байналмилалӣ, 10 ифтихорнома ва 10 диплом бо медалҳояшон маҳфуз мебошад, ки аз ҷониби кумита, созмонҳои бонуфузи варзишии байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Ғайрату тараддуд, маҳорату малакаи варзишии ин наврасро ба назар гирифта, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 1 сентябри соли 2009 ба хонандаи синфи 5-ум аллакай шаҳодатномаи таҳти №68 Номзад ба устодии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба навъи каратэ-до лоиқ донистааст. Бинобар боз ҳам ба қуллаҳои баландтар расиданаш Кумита аз таърихи 14 январи соли 2010 бо шаҳодатномаи №359 ба Очилов Омонҷон унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба каратэ-до сазовор донист. Ӯ дар ин вақт хонандаи синфи 7-ум буд.
Бояд гуфт, ки мураббиҳои Омонҷон устодони хизматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони камарбанди сиёҳ, дани 4-ум Джон - Чун - Си (Вадим Андреевич) ва дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 3-юм Темурхон Қаюмов дар рушди қаҳрамони мо саҳми хеле зиёд гузоштаанд ва имрӯз низ доранд.
Роҳбарияти Академияи ВКД ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи он аз ин дастоварди Омонҷон Очилов ниҳоят хурсанд буда, ба падару модараш Очилов Абдумутал ва Очилова Зарифа, мураббиён изҳори миннатдорӣ ва самимияти худро баён менамоянд. Боварӣ дорем, ки Омонҷон Очилов - ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон, тамоми кӯшишу ғайрати худро дар оянда баҳри ноил шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дареғ намедорад.
Носир Назарзода,
полковники милитсия
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.