Маросими кушодашавии мусобиқаҳои байналмилалии футболи хурд

Имрӯз (19.05.с.2015) мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд оғоз гардид.

 

Нахуст, таҳти садои мусиқии оркестр тамоми варзишгарони иштирокчӣ бо байрақи дастаи худ ва марши тантанавӣ ба майдон баромаданд.

Дар чорабинии мазкур раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони ВКД, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ иштирок намуда истодаанд.

Ҳамчунин рафти мусобиқаи байналмилалиро намояндагони зиёди ВАО инъикос менамоянд.

Чорабинии варзиширо муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати кушодашавии он табрик намуд. Қайд гардид, ки варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки  қосиди сулҳ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат мебошад. Боварӣ аст, мусобиқаи имрӯза низ ба фазои дӯстию ҳамбастагии халқу миллатҳои мо мусоидат намуда, мулисону ҳаводорони футболро бештар ҷалб хоҳад кард.

Ҳамчунин, муовини Раиси вилояти Суғд Ғафорова Назира Абдуллоевна дар чорабинӣ суханронӣ намуд. Ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ин иқдоми пешгирифта, рушди варзиш ва таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан дар ин самт миннатдории худро баён намуда, зикр кард, ки варзиш дар байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳо қудратӣ на танҳо ба ҳукми анъана даромадааст, балки сол то сол боз ҳам рушд ёфта, хусусияти оммавиро ба худ касб мекунад.

Меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро ба сарзамини кӯҳанбуёнди тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён дар ишғол намудани ҷойҳои сазовори мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ бурдбориҳо таманно намуд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Ҷалолиддин Нурович баромад намуда, иштирокчиёни мусобиқаи варзиширо ба чолокию нишон додани маҳорату малакаи варзишии худ даъват намуданд.

Дар чорабинии имрӯза намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Шонгордаев Калижан Ибиалиевич, Ҷумҳуриии Қирғизистон Усанов Арстонбек Амонович ва аз Федератсияи Россия, муовини Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии давлатии ҷамъияти «Динамо»-и Тотористон Гайсин Салават Гаврилович низ баромад намуда, аз меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди ташкили мусобиқаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷумла, намояндаи Федератсияи Россия қайд кард, ки шиори мусобиқаи имрӯзаро на танҳо «Варзиш - зидди нашъамандӣ», балки «Варзиш – таҳкимбахши дӯстии халқу миллатҳо» ном бурдан лозим буд. Дар ҳақиқат, чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба дӯстию рафоқати байни миллатҳои мо боз ҳам мусоидат хоҳад намуд. Мардумони мо садсолаҳо бо ҳам равобити мустаҳками таърихию маданӣ дошта, умед дорем ин дӯстию ҳамбастагӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Аз рафти бозиҳои байнидаставии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд иловатан маълумот хоҳем дод.

Солиҳов Х.М., Шарифов А., ш.Қайроққум          

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4597977
ИмрӯзИмрӯз2744
МоҳМоҳ66086
ХамагиХамаги4597977

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.