Варзиш таҳкимбахши риштаи дӯстиву рафоқат

Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, обутоби бадан, баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ, зоҳир намудани қобилият ва истеъдоди инсон дар самтҳои гуногуни варзишӣ мусоидат намуда, риштаи дӯстиву рафоқатро боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Ин аст, ки бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди футболи хурд байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» ҷараён дорад.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дастаҳои зиёди футболбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хориҷӣ аз ҷумла, аз  Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Белоруссия ва Федератсияи Россия, ки аъзои  Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» мебошанд, иштирок менамоянд.

Ҳамчунин, кормандон-варзишгарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохторҳо ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар мусобиқаҳои мазкур ширкат хоҳанд варзид.

Мавриди қайд аст, ки меҳмононро роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд бо нону намак пешвоз гирифта, онҳоро хайра мақдам гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри созандагию ободонӣ, таъмиру таҷдид ва сохта ба истифода додани толорҳо, майдонҳои бузурги варзишии ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон пайваста мусоидат менамояд.

Дар ин радиф роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ низ  ба соҳаи варзиш ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, баҳри рушду нумӯъ ёфтани он ва омодагии варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саъю талош меварзанд.

Имрӯзҳо дар маҷмааи варзишии «Динамо» намудҳои мухталифи варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, футболи хурд, футзал, муҳорибаи тан ба тан, ориёнфайт, гуштини тарзи «Озод, Самбо, Дзюдо, Юнону-Румӣ», бокс, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, сангбардорӣ, вазнбардорӣ, варзиши сабук, камонварӣ, шоҳмоту шашкабозӣ, шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишӣ ҷорӣ карда шуда, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва фарзандони кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, машқу тамрин менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар ҳар як мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешсаф буда, бо дастовардҳои варзишӣ ва бо сари баланд ба Ватан бармегарданд.

Кам нестанд, он варзишгароне, ки дар як муддати кӯтоҳ номи устодӣ ва беҳтарин варзишгарро касб карда бошанд. Чунончи: Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Парвиз Собиров, Алишер Гулов, Аброр Гадоматов, Сарвиноз Розибекова ва даҳҳо варзишгарони номии ҷумҳуриро метавон номбар кард, ки дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, бо далериву шуҷоат, маҳорати баланди варзишӣ парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ партавафшон намудаанд.

Дар баробари пеш рафтани самтҳои гуногуни варзиш бозии футбол, футзал ва футболи хурд  низ дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ равнақу ривоҷ ёфтааст.

Ҳамасола дар байни кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю муассиссаҳои давлатӣ мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, беҳтаринҳо бо ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Айни замон, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи хурд,   дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дошта, аз рафти он иловатан иттило хоҳем дод.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4597965
ИмрӯзИмрӯз2732
МоҳМоҳ66074
ХамагиХамаги4597965

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.