Академия - ташаббускори мусобиқаи ҷашнӣ

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббускори бисёр чорабиниҳо баромад намуда, чун мактаби олии тахассусӣ дар баробари баргузории маҳфилҳои зиёди илмиву эҷодӣ, ҳамзамон, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим низ нақши намоён дорад. Аз ҷумла, дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд ва волейбол, ки 7 майи соли равон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи ВКД баргузор гардид, дастаҳои варзишии муассисаҳои таълимии мақомоти қудратии кишвар иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии ин чорабинии идонаи варзишӣ, ки ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида шуд, масъулини Академияи ВКД зикр карданд, ки дар ин мусобиқа дастаҳои варзишии муассисаи таълимии онҳо, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Рақобатҳо хеле пуршиддат ва бо дастгирии мухлисону алоқамандони сершумори ин намуди бозиҳо доир гардида, ҳар як даста кӯшиш менамуд, ки бо маҳорати хуб ҷойи намоёнеро соҳиб гардад. Воқеан, тавре аз мушоҳидаи рафти қувваозмоии дастаҳо аён шуд, ҳамаи онҳо бо тайёрии хеле хуб ба мусобиқа омада буданд.

Дар намуди футболи хурд дастаи Мактаби олии КДАМ маҳорати баланд нишон дода, ҷойи аввали ифтихориро соҳиб гардид. Дастаҳои Академияи ВКД ва Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Дар намуди волейбол бошад, аз аввал бартарии тими Академияи ВКД баръало мушоҳида мешуд. Ҳамин буд, ки дар ниҳоят ғолибият насиби волейболбозони ин муассисаи олии тахассусӣ гардида, онҳо соҳиби ҷойи аввал шуданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан тимҳои Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ишғол намуданд.

Баъди анҷоми рақобатҳо маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид ва муовини аввали сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Абдусаттор Шоев аз иштироки фаъолонаи дастаҳои варзишии муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ дар ин мусобиқаи идона ёдовар шуда, ба ҳамаи онҳо барои ширкаташон изҳори миннатдорӣ намуд. Тавре ӯ зикр кард, роҳбарияти ВКД ва Академияи он ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш дар байни хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд ва пайваста гузаронидани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Сипас, дар фазои тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД ба дастаҳои ғолиби мусобиқа Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва ба мураббиёни дастаҳо Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими ҷоизасупорӣ, ки бо ҳузури мухлисони зиёди дастаҳо гузашт, ҳамчунин, сардори факултети №2-и Академияи ВКД, полковники милитсия Алиҷон Алиев, муовини сардори ҳамин факултет, полковники милитсия Бозоралӣ Асламов, сардори кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ», полковники милитсия Файзалӣ Қосимов ва сардори кафедраи «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ»-и Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия Манучеҳр Назаров иштирок намуданд.

У.ОЛИМ               

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4598144
ИмрӯзИмрӯз2911
МоҳМоҳ66253
ХамагиХамаги4598144

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.