Ғолибони навраси Мусобиқаи байналмилалӣ

Муҳорибаи юнону румӣ, яке аз намуди варзишҳои кӯҳан ба ҳисоб рафта, аз варзишгар қувва, тактика ва маҳорати баландро талаб менамояд. Пайдоиши ин намуди варзиш аз даврони Юнони Қадим маншаъ гирифта, дар замони Империяи Рум рушд ёфта, дар асри  XIX дар Фаронса ҳамчун намуди муҳориба мукаммал мегардад. Соли 1896 муҳорибаи юнону румӣ ба бозиҳои Олимпӣ дохил гардида, аз соли 1904 чемпионатҳои ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд.

Чӣ тавре қаблан иттило дода будем, дар варзишгоҳи «Динамо»-и ВКД мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи «Юнону румӣ» байни наврасон таий ду рӯз идома ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқа варзишгарони наврас ҳунарнамоии хуб нишон доданд.

Чуноне, ки ба мо ҷонишини директори Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираи олимпии №6 шаҳри Душанбе оид ба намуди гуштин Дилшод Ҷобиров иброз дошт, варзишгарони зиёди ин мактаб низ бо иштироки фаъолона соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Хурсандибахш аст, ки бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар кишварамон баргузор гардид ва ин рӯҳу илҳоми варзишгарони тоҷикро боз ҳам баланд бардошт.

Аз ҷумла, варзишгарон Азизов Аслам, Оятуллои Маҳмадсаид, Ҳасанҷони Тоҳир, Исоев Равзатулло, Қурбонов Ҷамшед, Сафаров Некрӯз, Тиллоев Субҳон, Муратов Фаррух, Розиқов Далер ва Неъматов Муҳаммад, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, дастпарварони ин мактаби варзишианд.

Ҳамчунин, мураббӣ аз шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Абдукаим Аҳмадалиев дар сӯҳбат бо мо қайд намуд, ки ба ӯ беш аз ҳама меҳмоннавозӣ, муомилаи хуб ва шароитҳои хуби варзишгарони тоҷик писанд афтод. Аз Ҷумҳурии Қазоқистон 14 нафар варзишгар иштирок намуда, чор нафар ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.

Мураббии Коллеҷи олимпии шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олим Ҳусейнов бисёр хушнуд буд, ки дастпарварони зиёди мактаби варзишии онҳо бо тайёрии хуб омада, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд. Аз ҷумла Султонов Амирбек дар вазни 32 кило ҷойи аввал, Муминов Санҷарбек дар вазни 46 кило, Асадов Ойбек дар вазни 50 кило, Бахшуллоев Маҳмуд дар вазни 58 кило ҷойҳои дуюмро сазовор гардиданд.  Олим Ҳусейнов ба иштироки фаъолонаи варзишгарони навраси тоҷик ва ташкилкунандагони мусобиқа баҳои баланд дод.

Дастпарварони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ дар муҳорибаҳо қувваи худро санҷида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.

Аз ҷумла, Коналиев Қурбоншо дар вазни 29 кило, Мирзораҷабов Манучеҳр дар вазни 38 кило, Парвиз Назаров дар вазни 58 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.  

Баъди рақобатҳои зиёд ғолибон аз рӯи категорияҳои вазнӣ муайян гардиданд, ки натиҷаҳои мусобиқа чунин аст:

Дар вазни 29 кило:

Ҷойи якум - Коналиев Қурбоншо;

Ҷойи дуввум – Соибов Анушервон;

Ҷойҳои сеюм- Худойбердиев Давлат ва Султонов Ҳакимхон.

Дар вазни 32 кило:

Ҷойи якум – Султонов Амирбек;

Ҷойи дуюм – Азизов Аслам;

Ҷойҳои сеюм- Шоҳназаров Муҳиддин ва Саидов Ҳасан.

Дар вазни 35 кило:

Ҷойи якум – Оятуллои Маҳмадсаид;

Ҷойи дуюм – Ҷӯраев Анвар;

Ҷойҳои сеюм – Ҳомидов Санҷар ва Ҳакимов Аминҷон.

Дар вазни 38 кило:

Ҷойи якум – Мирзораҷабов Фирӯз;

Ҷойи дуюм – Шарипов Манучеҳр;

Ҷойҳои сеюм- Назаров Идрис ва Тиллоев Фирдавс.

Дар вазни 42 кило:

Ҷойи якум – Ҷӯраев Алиҷон;

Ҷойи дуюм – Нағзибеков Бахтиёр;

Ҷойҳои сеюм- Ҳасанҷони Тоҳир ва Камолов Давлат.

Дар вазни 46 кило:

Ҷойи якум – Искандари Исмоналӣ;

Ҷойи дуюм – Муминов Санҷарбек;

Ҷойҳои сеюм- Амонов Ҷафар ва Шарипов Давлаталӣ.

Дар вазни 50 кило:

Ҷойи якум – Исоев Равзатулло;

Ҷойи дуюм – Қурбонов Ҷамшед;

Ҷойҳои сеюм- Сафаров Некрӯз ва Қурбонов Хушбахт.

Дар вазни 54 кило:

Ҷойи якум – Бобоев Олимҷон;

Ҷойи дуюм – Асадов Ойбек;

Ҷойҳои сеюм- Қурбонов Исмонали ва Пирбоев Азиз.

Дар вазни 58 кило:

Ҷойи якум – Назаров Парвиз;

Ҷойи дуюм – Бахшуллоев Маҳмуд;

Ҷойҳои сеюм- Нарзуллоев Шаҳром ва Тиллоев Субҳон.

Дар вазни 63 кило:

Ҷойи якум – Шавкати Баҳодур;

Ҷойи дуюм – Муратов Фаррух;

Ҷойҳои сеюм- Ҳасанов Лазиз ва Ҷӯраев Маъруф.

Дар вазни 69 кило:

Ҷойи якум – Розиқов Далер;

Ҷойи дуюм – Шарипов Айниддин;

Ҷойҳои сеюм- Уроқов Муслиҳиддин ва Усмонов Муслим.

Дар вазни 76 кило:

Ҷойи якум – Файзиев Шариф;

Ҷойи дуюм – Абдулхайров Сӯҳроб;

Ҷойҳои сеюм- Иноятов Ҳаким ва Раҳматуллоев Абдураҳим.

Дар вазни 85 кило:

Ҷойи якум – Ҷӯраев Амир;

Ҷойи дуюм – Сироҷиддинов Аҳрор;

Ҷойҳои сеюм- Неъматов Муҳаммад ва Сайфиев Бахтиёр.

Дар вазни 100 кило:

Ҷойи якум – Сафаров Мирзоамин;

Ҷойи дуюм – Раҳимов Хушбахт;

Ҷойҳои сеюм- Раҳмонов Ҷумабек ва Холов Бузург.

Ба ғолибони мусобиқа медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.

Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дӯстию рафоқатро байни ҷавонону наврасон боз ҳам қавитар намуда, барои тарғиби ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.

Солиҳов Х.М., майори милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4622170
ИмрӯзИмрӯз1095
МоҳМоҳ90279
ХамагиХамаги4622170

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.