Ғолибони мусобиқаи гуштини миллӣ

(Идомаи мусобиқаи гуштингирӣ) Дар идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллӣ паҳлавонон бо ҳарифони худ дар рақобат шуда, бо истифода аз маҳорат ва таҷрибаи андӯхтаи худ барои сазовор гардидани ғолибият дар мусобиқа кӯшишу ғайрати худро равона месохтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи имрӯза зиёда аз 21 даста бо зиёда аз 100 нафар варзишгар аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Барои тамошои ҳунарнамоии гуштингирон мухлисони зиёде омада буданд, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки ба гуштини миллӣ шавқу рағбати зиёд доранд.   

Ташкилкунандагони чорабинӣ мусобиқаро аз рӯи 8 категорияи вазн 60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 ва беш аз 95 кило доир намуданд.

Масъулияти довариро Давлатҷон Комилов, Сарахон Эмомов, Каримҷон Мерганов, Ҷобир Қурбонов, Наврӯз Назаров ва дигарон ба зимма доштанд.

Дар ин мусобиқаи гуштини миллӣ аз ҳама бештар паҳлавонони дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ мақоми ифтихориро соҳиб гардиданд. Муваффақияти ҷойи дуюм насиби варзишгарони дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ гашта, ҷойи сеюмро Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ишғол намуданд.

Натиҷаҳои мусобиқаҳои гуштини миллӣ» аз рӯи категорияҳои вазнҳо чунин анҷом ёфтанд:

- дар вазни 60 кг ҷойи аввалро Халилов Ҷамшед аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуввумро Забиров Сафар аз Раёсати таҳқиқ ва ҷойҳои сеюмро Ҳасанов Идихон аз СРХДО ВКД ва Ҳамидов Ҷаҳонгир аз Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиб шуданд;

 - дар вазни 65 кг зинаи аввалро Меҳибуллоев Миралӣ аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, зинаи дуввумро Асланбеков Беҳрӯз аз Раёсати таҳқиқи ВКД ва ҷойҳои сеюмро Шарипов Абдураҳмон хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Ахмедов Насриддин аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон сазовор гардиданд;

- дар вазни 70 кг ҷойи якумро Зиннатшоев Тоир корманди Воҳиди махсус, ҷойи дуюмро Изатуллои Исмоил аз Академияи ВКД ва зинаҳои сеюмро Шарипов Шукрулло аз Академия ва Нуралиев Ғайрат аз Раёсати БДА ВКД ҶТ соҳиб шуданд;

- ҳамин тариқ дар вазни 75 кг ҷойи якумро намояндаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Бозоров Сӯҳроб,  ҷойи дуюмро Абдулҳофизи Муҳаммад аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиб гардида, ҷойҳои сеюм насиби Раҳматов Абдулло ва Каримов Аслиддин аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия гардид;

- дар вазни 80 кг ҷойҳои аввалро Қурбонов Ҷамшед аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Шарипов Раҳмоналӣ аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҷойи дуюм ва зинаҳои сеюмро Сарабеков Бахтиёр аз Академия ва Хоҷаев Маҳмадшариф корманди ДТММ ВКД соҳиб шуданд;

- ҳамчунин дар вазни 86 кг ҷойи аввалро Шайхов Шерзод аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюмро Ҷалолов Аминҷон корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ишғол намуда ва дар зинаҳои сеюм Мавлонов Ҷамшед аз РВКД дар шаҳри Душанбе ва Тошбоев Давлатшо аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ғолиб омаданд;

- дар вазни 95 кг  Ҳукуматов Хуршед аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷойи аввал, Абдуллоев Носир аз Академияи ВКД ҷойи дуввум, Раупов Алидод аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Камолов Саид аз Ротаи махсуси зудамали милитсия ҷойҳои сеюмро мутаносибан соҳиб шуданд;

- дар вазни беш аз 95 кг Амирхонов Шорух хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷойи якум, Сарфарозов Сарфароз аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҷойи дуввумро ишғол намуда, ҷойи сеюм ба намояндагони Дастаи таъиноти махсуси милитсия Собиров Дилшод ва Ротаи махсуси зудамали милитсия Эмомов Қосим тақсим гардид.

Дар фарҷом аз ҷониби кумитаи тадорукоти чорабинӣ ба ғолибон ҷом, ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 Солиҳов Х.М., майори милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4598068
ИмрӯзИмрӯз2835
МоҳМоҳ66177
ХамагиХамаги4598068

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.