Анҷоми мусобиқаҳо таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ»

(идомаи чорабинии пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд) Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зикр кард, ки «Ин мусобиқаҳо тайи як моҳ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он футболбозони байни се синну сол (наврасон, ҷавонон ва собиқадорон) ширкат варзиданд.

Мақсади баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари Давлат, ки дар Паёми имсолаи худ баҳри оилаи солим ва дур кардани ҷавонон аз нашъамандӣ баён доштанд, иборат буд ва имрӯз ғолибони мусобиқа муайян гардиданд. Ба ҳамаи ғолибон саломатӣ, умри дароз ва бурдбориҳо таманно дорам».

Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба меҳмонон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ барои ташриф ва иштирок дар ин чорабинӣ  изҳори сипос намуд.

Сипас, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам баромад намуда, изҳор дошт, ки «Футбол як намуди зебои варзиш мебошад. Ман миннатдории амиқи худро ба Вазири корҳои дохилӣ ва Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои ташкил намудани чунин чорабинии варзишӣ дар саросари ҷумҳурӣ, ки дар он зиёда аз 200 даста иштирок намуданд, мерасонам. Вазорати корҳои дохилӣ тавонист, ки диққати тамоми ҷомеаро ба проблемаҳои солимии ҷомеа ва нашъамандии ҷавонон ҷалб намояд. Ҷавонони баору номуси кишвар бояд бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузоранд».

Ҳамин тариқ, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Ҳалим, муовини аввали Раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон Мирзоев Хуршед Файзуллоевич ва намояндаи САҲА дар Тоҷикистон Петер Хайнек баромад намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баргузории чунин чорабинии муҳим ва манфиатбахш изҳори сипос намуданд.

Дар фазои тантанавӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба дастаи ғолиби мусобиқа (аз 40-сола боло) «Академияи Истиқлол» - Шоҳҷоиза автомашинаи сабукрав ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»-ро супорид. 

Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи  баланди варзишӣ ва иштироки фаъолона дар мусобиқаи кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  «Футболи хурд», барои  дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори  «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» ҳамзамон ғолиб омадан дар мусобиқаи мазкур барои гирифтани ҷойи сеюм (байни наврасон) дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо қаҳвапазак сарфароз гардонида шуд:

- Дастаи Академияи «Истиқлол».

Барои гирифтани ҷоий дуюм дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо «Оинаи нилгун» сарфароз гардонида шуд:

-Дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати Олии варзишӣ оид ба футбол.

Барои гирифтани ҷоий якум дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо 12 адад «Велосипеди ду чарха» сарфароз гардонида шуд:

- Дастаи наврасони «Ҳоҷӣ Шариф».

Барои гирифтани ҷоий сеюм (байни ҷоизадорони то 40 сола) дар мусобикаи «Футболи хурд», бо чангкашак «LG» сарфароз гардонида шуд:

- Дастаи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои гирифтани ҷоий дуюм дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо «Оинаи нилгун» сарфароз гардонида шуд:

- Дастаи  ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон».

Барои гирифтани ҷоий якум дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо мотосикл тамғаи «Dirtbike»  сарфароз гардонида шуд:

- Дастаи Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои гирифтани  ҷоий сеюм (барои ҷоизадорон аз 40 сола боло) дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо чангкашак «LG» сарфароз гардонида шуд :

- Дастаи федератсия  Тоҷикистон.

 

Барои гирифтани ҷоий дуюм дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо «Оинаи нилгун» сарфароз гардонида шуд:

-  Дастаи Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо корупсия.

Барои  гирифтани ҷоий якум дар мусобиқаи «Футболи хурд», бо автомашинаи тамғаи «MATIZ - 2» сарфароз гардонида шуд:

- дастаи Академияи  «Истиқлол».

Ҳамчунин бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи кушоди даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Футболи хурд», барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ»,тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди варзишӣ, 

Бо «Соати дастии мардона» аз номи Вазири корҳои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

-Сафаров Манучеҳр Фирдавсович – варзишгари дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол;

-Забиров Нидоёр Собирович – варзишгари дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол.

Бо медали «Барои хизмати шоён»-и дараҷаи 3:

-майори милитсия Шоев Аслиддин Назриевич – муовини аввали  раиси Шурои ҷумҳуриявии «динамо»и ВКД Ҷумҳурии Тоҷткистон.

Бо «Сипоснома»-и Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Финогенов Вячеслав Валеревич- роҳбари дастаи «Ликви-молӣ»;

-Нозимов Салим – роҳбари дастаи Спитамен;

-Муродов Бобоҷон Мармарович – собиқадори варзиш, роҳбари дастаи собиқадорони Клуби футболи «Динамо»-и ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои гирифтани пайкараи «Дарвозабони беҳтарин»  аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-лейтенанти калони милитсия Саидов Бобоҷон Абдуқаҳҳорович– нозири калони бахши кадрҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷинояҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

-Ғаюров Саидмурод – варзишгари Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Шамсиев Сулаймон Кимсанович – дастаи Қасри варзишии Тоҷикистон.

Барои гирифтани пайкараи «Муҳофизатгари беҳтарин» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Шарифов Миралӣ Сайдалиевич –Агентии Назорати Давлатии Молия ва Мубориза бо карупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-лейтенанти хурди хизмати дохилӣ Юнусов Хусрав Боймуродович мураббии варзишии қисми ҳарбии 5453 Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Алиев Комрон Азимович– варзишгари дастаи «Ҳоҷи –Шариф».

Барои гирифтани пайкараи «Нишонзани беҳтарин» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Худоёрзода Бахтиёр Табар – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-лейтенанти хизмати дохилӣ Толибов Навруз Маҳмадшарифович – нозири Раёсати хадамоти давлатии оташнишони дар шаҳри Душанбе;

-Эмомалии Аҳмадҷони Мурод - варзишгари дастаи «Ҳоҷи-Шариф».

Барои гирифтани пайкараи «Бозингари беҳтарин» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Хоҷаев Рустам Назриевич - варзишгари Дастгоҳи Марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Неъматов Шуҷоат - варзишгари Дастгоҳи Марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Фузайлов Зуҳриддин Ҳикматович – варзишгари дастаи  Академияи Истиқлол.

Барои гирифтани пайкараи «Ҳамлагари беҳтарин» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Файзуллоев Беҳруз Ҳабибуллоевич - варзишгари дастаи Академияи Истиқлол;

-Буров Раҷабали Умарович – варзишгари дастаи Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Вавилон-мобайл»;

-Шарипов Хуршед Шарипович – варзишгари дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол.

Барои гирифтани пайкараи «Довари беҳтарин» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Файзуллозода Акобири Аҳтам – довари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе;

-Норбоев Олим Ғиёсович – довари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе;

-Муртазоев Беҳруз Раҳмонович – довари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе.

Бо тӯҳфаи арзишнок «Плитаи барқӣ» аз номи Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Эмомов Сарахон Орифович – корманди Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо тӯҳфаи арзишноки телефони рӯи мизии « Panasonik » аз номи Вазири корҳои дохилии   Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-лейтенанти хизмати дохилӣ Хурам Нозири – нозири Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

-Домлоҷонов Владимир Шакирович – собиқадори варзиши дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон;

-Икромов Раҷабалӣ Саидисломович – мудири бахши ҷавонон, роҳбари дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

-Ахмедов Эргаш Мухторович – собиқадори варзиш, роҳбари дастаи соҳибкорони маркази савдои «Садбарг»;

-Азимов Нуралишо Азимович  – собиқадори варзиш, роҳбари дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо тӯҳфаи арзишнок қаҳвапазаки «Simens» аз номи Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  :

-полковники милитсия Комилов Давлатҷон Ҳабибуллоевич  – муовини раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-майори хизмати дохилӣ Ҳусайнов Сайдамир Саймуродович – духтури калони оморӣ – тиббии шуъбачаи ташкилии ёрии тиббӣ Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-капитани хизмати дохилӣ Раҳимов Диловар Раҷабалиевич – маъмури Шуъбаи маҷмаъаи варзишии Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Раҳмонов Сафар – мураббии дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол;

-Насридинов Исмоил Исроилович – сарбози қисми ҳарбии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таҳти садо додани Суруди миллӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ғолибон фароварда ва мусобиқаҳо пӯшида эълон карда шуд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4597860
ИмрӯзИмрӯз2627
МоҳМоҳ65969
ХамагиХамаги4597860

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.