Варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ

(идомаи вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ) Дар идомаи вохӯрӣ бо варзишгарон Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки «Бо ташаббус ва таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа, садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд.

Дар 5 соли охир бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат, бо мақсади баланд бардоштани соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ, 621 майдонча, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар баробари ин  2700 майдонча, 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуданд”.

Дар идомаи суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таъкид намуд, ки “Варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ аст. Зеро варзиш новобаста аз мазҳабу миллат, дину оин ва забон инсонҳоро ба ҳам муттаҳид сохта, алоқа ва робитаҳои байни давлатҳоро мустаҳкам менамояд”.

Ҳамзамон зикр гардид, ки барои тайёр намудани варзишгарони дараҷаи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ калон буда, аъзоёни он дар давраи фаъолияти худ чанд маротиба ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат гардидаанд.

Дар партави таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат аз рӯзи 29-уми январ сар карда, нахуст мусобиқаҳои    варзишӣ дар соли 2015, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ»оғоз гардида, имрӯзҳо идома дорад.

Зимни сӯҳбат бо мо донишҷӯи бахши панҷуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Саидов Саидҷалол, ки дар риштаи дзю-до ҳамчун паҳлавон шинохта шудааст, изҳор дошт: “Мо - ҷавонони Тоҷикистон қабл аз ҳама шукри онро мекунем, ки давлати мо – соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр буда, Президенти кишвар баҳри рушду нумӯъ, тараққиёт ва пешрафти ҷомеа ҳамаҷониба ҷаҳду талош меварзад ва ногуфта намонад, ки ҷиҳати боз ҳам хуб ба роҳ мондани шароити таҳсил дар донишкада ва донишгоҳҳои олӣ низ Роҳбари давлат пайваста ғамхории хоса зоҳир мекунад. Бо муҳаё гардидани чунин шароитҳо мо ҷавонон бояд роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро шомил нагардем ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлатро дастгирӣ намуда, дар партави корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузорем”.  

Ба ин суханон чанде аз варзишгарони шуҳратёр аз қабили Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Муҳаммад Абдураҳмонов ва Сарвиноз Розибекова низ ҳамроҳ гардида, изҳори шукргузорӣ аз сулҳу субот, амният ва оромию осоиштагӣ дар кишвар намуданд.

Ҳамчунин онҳо қайд карданд, ки дар баробари кору пайкор пайваста машқу тамрин намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардошта, дар тарбияи варзишгарони наврас саҳми созандаи худро хоҳанд гузошт.       

Дар ҷараёни чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани саҳми назаррас дар рушду тараққиёти соҳаи варзиш ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор варзишгарон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла:

Бо “Соати дастии мардона” аз номи Вазири корҳои дохилӣ :

-Абдураҳмонов Муҳаммад,

-Бозоров Суҳроб,

-Назриев Ҷумахон,

-Аламов Алишер.

Бо “Соати дастии занона” аз номи Вазири корҳои дохилӣ:

-Ёрмуҳаммади Идимоҳ.

Бо “Соати девории ВКД” аз номи Вазири корҳои дохилӣ:

-Самиева Фариза,

-Саидов Саидҷалол,

-Розибекова Сарвиноз.

Бо тӯҳфаи арзишноки “Телевизор”:

-Зайналобиддини Аъзам.

Бо тӯҳфаи арзишноки “Плитаи барқӣ”:

-Чориева Мавзуна.

Бо тӯҳфаи арзишноки чангкашак:

-Юнусов Анвар.

Бо тӯҳфаи арзишноки радиои калон:

-Баҳриддинов Саидмаҳмад – ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон оид ба варзиш.

Бо тӯҳфаи арзишноки либоси варзишӣ:

-Норов Саъдӣ Султонович - ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон оид ба варзиш.

Бо тӯҳфаи арзишноки дастгоҳи “DVD»:

-Одинаев Исмоил – муовини декани Донишкадаи тарбияи ҷисмонии  Тоҷикистон.

Чорабинии мазкур бо ҳунарнамоии ансабли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик анҷом ёфта, хотири ҳозирин бо суруду таронаҳои ҷаззоб дар васфи “Ватан” ва ватанпарастӣ болида гардид.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4598065
ИмрӯзИмрӯз2832
МоҳМоҳ66174
ХамагиХамаги4598065

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.