Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

Санаи 5-уми феврали соли ҷори дар “Қасри Варзиш”-и  шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни 8 дастаҳои наврасону ҷавонон ва 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, корхонаҳову идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали Раиси вилоят Ҷумабой Сангинов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, прокурори вилоят генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода, роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва низомии вилоят, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД ва дигар ҷузъу томҳои Вазорат дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

 

Мусобиқа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» тарҳрезӣ шуда, айни ҳол дар дигар манотиқи кишвар низ аз рӯи системаи олимпӣ баргузор гардида истодааст. Дастаи ғолиб бо “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” ва шоҳҷоизаи мусобиқа автомашинаи сабукрав мукофотонида мешавад.

Дар маросими кушодашавӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон  суханронӣ намуда ба кулли ҷамъомадагон  аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдорӣ изҳор намуд. Ҳамчунин зимни суханрониаш зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ ва яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа эътироф гардида, баҳри рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва миллати ҷисман солим рӯҳан низ шикастнопазир ва пуриқтидор аст.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади таъмини иҷроиши супоришу дастурҳои дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаи Президенти ҷумҳурӣ ва бо назардошти аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардидани соли 2015 - «Соли оила» баҳри бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат, расидан ба ҳадафҳои бунёдкорона ва ҷомеаи мутараққӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии наврасону ҷавонон ба варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста нигаронида шудааст. Чи тавре, ки Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: «Имрӯз яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ин тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, тарзи ҳаёти солим ва шуғл варзидан ба варзиш мебошад. Барои зиндагии шоиста ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли ояндасози миллат ва мубориза бар зидди нашъамандӣ мо бояд дастаҷамъона ҳамкорӣ намоем, то самараи дилхоҳ ба даст оварем».

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо ин мақсад ҳамасола бо ташаббус ва дастгирии Президенти ҷумҳурӣ садҳо бинову иншоотҳои замонавӣ сохта шуда, мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор карда мешаванд.

Шариф Назарзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар зарфи чор соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 460 иншоотҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 175 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва ин иншоотҳо ба ҷои дӯстдоштаи шаҳрвандон табдил ёфтаанд.

Дар идомаи суханрониаш афзуд, ки доир намудани мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» бесабаб нест. Зеро Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз пешоҳангони мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва нашъамандӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст. Номбурда аз дастовардхои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳарф зада зикр намуд, ки баҳри таъмини супоришу дастурҳои Президенти кишвар дар тӯли 5 соли охир 895 ҷиноятҳои вобаста бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори 1 тоннаю 963 кг маводҳои мухаддир, аз ҷумла 212 кг маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира намудааст. Чорабиниҳои амаликардашуда ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро аз хатари марг ва ҳазорҳо оилаҳоро аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштааст.

Илова бар ин мақомоти корҳои дохилӣ рафтору кирдори 1060 нафар нашъамандони дар қайдбударо зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ намудани содиршавии қоидавайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби онҳо  чорабиниҳои профилактикии мақсаднок андешида, амалӣ намудааст.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар мавриди варзиш дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ афзуд, ки шуғл варзидан ба варзиш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти милитсия ҷузъи муҳим ба шумор рафта, роҳбарияти мақомот ва сохторҳои мазкур барои солимию нерумандии ҳайати шахсӣ баргузории як қатор чорабиниҳои мақсаднокро ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин, майдонҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар шароитҳои заруриро барои гузаронидани машқҳо муҷҷаҳаз гардонида,  баҳри дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор доштани ҳайати шахсӣ дар намудҳои гуногуни варзиш машқҳо ва тамринҳо гузаронида истодаанд.

Сипас раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, ташаббуси Вазорати корҳои дохилиро барои баргузории ин мусобиқа хеле муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки асосан самти фаъолияти ВКД густурда буда, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ нигаронида шудааст. Бо ин ҳама густурдагии фаъолият роҳбарияти ВКД ҳамчунин ташаббускори чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Муҳсинҷон Юсупов, корманди РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4598011
ИмрӯзИмрӯз2778
МоҳМоҳ66120
ХамагиХамаги4598011

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.