«Нест бод нашъамандӣ – поянда бод тарзи ҳаёти солим»

(Идомаи чорабинии варзишӣ) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади пурмӯҳтаво дар чорабинии варзишӣ қайд намуд, ки «Мусобиқаҳои кушоди даставӣ миёни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва муассисаву идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» аз имрӯз оғоз гардида, он байни дастаҳои ғайрикасбӣ ва касбии кишвар тӯли як моҳ идома меёбад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардид, имрӯз яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ин тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим ва шуғл варзидан ба варзиш мебошад.

Барои зиндагии шоиста ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли ояндасози миллат ва мубориза бар зидди нашъамандӣ мо бояд дастаҷамъона ва дар якҷоягӣ ҳамкорӣ намоем, то самараи дилхоҳ ба даст оварем».

 

Дар идомаи суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба варзишгарон ва ҳозирин бо шиори «Нест бод нашъамандӣ – поянда бод тарзи ҳаёти солим» муроҷиат намуда, даъват ба амал овард, ки ба ин соҳаи зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ, яъне варзиш рӯ оварданд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории чунин як чорабинии варзишӣ ин пеш аз ҳама пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад, ки тамоми аҳли сайёраро нигарон кардааст.

Мутаасифона дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазор нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 127 нафарашон ҳалок гардидаанд. Чунин ҳолат барои волидайн, ҳамсар ва фарзандони онҳо талафоти бузург мебошад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри рушду нумӯъ ёфтани соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа садҳо биноҳо ва толорҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Кушодашавии Маҷмааи варзишии «Динамо» бо тамоми таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.

Фароҳам овардани чунин шароит ба варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ имкон дод, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзида ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар соли 2013, 461 медал ва соли 2014 бошад, 897 медал ба даст овардаанд.

Мусобиқаҳои варзишии кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон барои ба даст овардани «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир гардида, он ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав, мототсикл ва 4-то велосипед барои дастаҳои ғолиб пешниҳод гардидааст.

Дар хотимаи суханронӣ Рамазон Раҳимзода ба иштирокчиёни мусобиқаҳои футболи хурд барои ба даст овардани ғолибият  барору комёбиҳо таманно намуда, зикр кард, ки варзиш ин дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббати инсониро миёни якдигар боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Сипас, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни баромад, нахуст миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ташкил намудани чунин як мусобиқаи варзишӣ изҳор намуда, қайд кард, ки «Проблемаи муҳими иҷтимоӣ ин мустаҳкам намудани оила ва мубориза бо нашъамандӣ мебошад, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ соли 2015-ро «Соли оила» эълон кард, ки он аҳамияти муҳими ҳаётӣ дорад, зеро оила як унсури иҷтимоӣ мебошад, ки мо бевосита аз он вобастагӣ дорем.

Як нуктаро бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 90 мактабҳои варзишӣ ба тамрини футбол машғул буда, дар ин замина 5 ҳазор варзишгар ба футбол шуғл меварзанд».

Ҳамчунин, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Мағфират Умар,  намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Марк Вуд, директори минтақавии Хазинаи ҳифзи атфол дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Мария Каливис, Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим ва дигар меҳмонони расмӣ баромад намуда, ба варзишгарон барои ба даст овардани ғолибият барору комёбиҳо таманно намуданд.

Баҳри болидарӯҳии варзишагарону меҳмонон дар иҷрои овозхони ҷавону умедбахши ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Дубайи Умар суруд дар васфи «Ватан» садо дод, ки тамоми варзишгарони наврас дар ҳавои суруди дилнишин ба рақсу бозӣ даромаданд.

Дар идомаи чорабинӣ мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои Дастгоҳи Марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дастаҳо барои ба даст овардани ғолибият ҷаҳду талош варзида, бозӣ бо ҳисоби 11:3 ба фоидаи Дастгоҳи Марказии Вазорати корҳои дохилӣ анҷом ёфт.

Айни замон мусобиқаҳои кушоди даставӣ идома дошта, он тӯли як моҳ давом хоҳад ёфт, ки аз ҷараёни мусобиқаҳо иловатан иттило хоҳем дод.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.   

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4598015
ИмрӯзИмрӯз2782
МоҳМоҳ66124
ХамагиХамаги4598015

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.