|
Аз санаи 4-ум то 25-уми декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин, 25-умин даври мусобиқаҳои анъанавии зимистона бахшида ба гиромидошти собиқ футболбози шинохтаи тоҷик Александр Кирсанов бозиҳои футболи хурд баргузор гардиданд.
Мусобиқаҳои футболи хурд байни дастаҳои собиқадорни футбол дар ду гурӯҳ, иборат аз дувоздаҳ даста ва дар мусобиқаи футболи байни дастаҳои касбиву ғайрикасбии ҷавонон дар ду гурӯҳ, ки дар онҳо 15 даста иштирок дошт, миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар 22 бозии баргузоргардидаи мусобиқаҳо байни дастаҳои собиқадорони футбол 4 даста, дастаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, дастаи «Роҳи Тоҷик-Ҳисор», дастаи «Академияи Истиқлол» ва дастаи «Ирригатор» ба даври нимниҳои баромаданд, ки дар бозиҳои нимниҳоӣ дастаҳои Дастгоҳи марказии ВКД бо дастаи «Роҳи Тоҷик-Ҳисор» бо ҳам рақобат намуда бо ҳисоби 10:4 бо пирӯзии дастаи Дастгоҳи марказии ВКД анҷомид ва дар бозии дастаҳои «Академияи Истиқлол» бо дастаи «Ирригатор» бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи «Академияи Истиқлол» хотима ёфт.
Мусобиқаҳои футбол байни дастаҳои ҷавонон бошад бо 6-бозӣ баргузор гардида, дар даври нимниҳоӣ дастаи «Динамо»-и ВКД бо дастаи Кумитаи андоз қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5:3 бо ғолибияти дастаи «Динамо»-и ВКД ва дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаи «Вавилон» бо ҳам рақобат намуданд, ки бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи «Вавилон» анҷомид.
Ҳамин тариқ, дар даври ниҳоии бозиҳои футболи хурд, миёни дастаҳои футболи собиқадорон, дастаи Дастгоҳи марказии ВКД бо дастаи «Академияи Истиқлол» ва дастаи «Ирригатор» бо дастаи «Роҳи Тоҷик-Ҳисор» бо ҳам қувваозмоӣ намуда, дастаи Дастгоҳи марказии ВКД мақоми сазоворро ноил гардид.
Дар бозиҳои даври ниҳоии миёни дастаҳои футболи ҷавонон бошад, дастаи «Динамо»-и ВКД бо дастаи «Вавилон» ва дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаи Кумитаи андоз бо ҳам рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ низ дастаи «Динамо»-и ВКД ҷойи намоёнро ишғол намуд.
Дар баргузории мусобиқаҳои футболи хурд, варзишгарони дастаҳои собиқадорони «Дастгоҳи Марказии ВКД» ва дастаи ҷавонони «Динамо»-и мақомоти корҳои дохилӣ аз худ маҳорати хуби футболбозӣ нишон дода, беҳтарин бозингар Фузайлов Раҳматулло аз дастаи собиқадорони «Дастгоҳи Марказии ВКД» ва беҳтарин нишонзан Солеҳзода Самар аз дастаи «Динамо»-и мақомоти корҳои дохилӣ шинохта шуданд.
Ҳар як лаҳзаи бозиҳои дастаҳо дар ин мусобиқаҳои то ба имрӯз баргузоргардида барои тамошобинон ва иштирокчиёни он бо лаҳзаҳои зиёди тубзанӣ ба дарвозаи якдигар ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ хеле ҷолиб ва хотирмон буд.
Дар фарҷоми 25-умин даври мусобиқаҳои анъанавии зимистона бахшида ба гиромидошти собиқ футболбози шинохта Александр Кирсанов, иштирокчиёни мусобиқаҳои баргузоргардида бо Ҷом, медал, Ифтихорнома, Раҳматнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Р.Илёсов
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.