Баргузории гӯштини «Самбо» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Тайи рӯзҳои 2-3-юми ноябри соли ҷорӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи милитсия» дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба намуди гӯштини тарзи «Самбо» байни Сарраёсат, Хадамот, Раёсат, шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи Марказии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе доир карда шуд, ки дар он 9 даста ва беш аз 100 варзишгар иштирок намуданд.

Гӯштингирон дар 8 вазн бо ҳам рақобат намуда, қувваи бозӯи худро санҷиданд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама тарғиби ҳаёти солим, рушду нумӯи варзиш ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ буда, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав миёни ҷавонони варзишгар мебошад.

Мусобиқаи шахсӣ-даставӣ бо ҷалби доварони соҳибтаҷриба дар сатҳи баланд доир гардида, дар натиҷаи ғолибият ба даст овардани варзишгарони дастаҳо, дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷои аввал, дастаи Академияи ВКД ҷои дуюм ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамин тариқ ҷойҳои намоёнро аз рӯи вазнҳо варзишгарони зерин соҳиб гардиданд. Дар вазни 57 килограмм ҷойи аввал ба Диловар Ҳалимов аз Академияи ВКД, ҷойи дуюм ба Тоҳир Талбаков аз Академияи ВКД ва ҷойҳои сеюм ба Рамшед Файзализода аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Ҷаҳонгир Ҳалимов аз Академияи ВКД насиб гардиданд.

Дар вазни 62 килограмм, соҳиби ҷойи аввал Ҷамшед Ҳалимов аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, соҳиби ҷойи дуюм Изатулло Юнусов аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ва ҷойҳои сеюмро Бахтиёр Олимов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Зоҳир Ҳалимов аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия ишғол намуданд.

Дар вазни 68 килограмм, ҷойи аввал Миралӣ Меҳбуллоев аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм Сафиалоҳ Саидов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойҳои сеюмро Хушдил Каримов ва Муҳиддин Ашӯров аз Академияи ВКД сазовор гардиданд.

Дар вазни 82 килограмм бошад, ҷойи аввал ба Ҷамшед Қурбонов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм ба Раҳмоналӣ Шарипов аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ҷойҳои сеюм ба Файзалии Ҳамрохон аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Шӯҳрат Шонов аз Раёсати кофтукови ҷиноӣ насиб гардид.

Ҳамин тариқ, дар вазни 90 килограмм, ҷойи аввал Шерзод Шайхов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм Аминҷон Ғафуров аз Академияи ВКД ва ҷойҳои сеюмро Фаррух Муродов ва Сулаймон Сулаймонов аз Академияи ВКД ишғол намуданд.

Дар вазни 100 килограмм, ҷойи аввалро Шоҳрух Амирхонов, ҷойи дуюмро Алидод Раупов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва ду ҷойи сеюмро Зайналобиддин Мирзоев аз РВКД дар шаҳри Душанбе ва Шодихон Шодихонов аз Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил соҳиб гаштанд.

Инчунин, дар вазни беш аз 100 килограмм бошад, ҷойи якумро Суҳроб Муҳаммадиев намояндаи Академияи ВКД ба даст оварда, ҷойи дуввумро Суҳроб Аҳмадов аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ишғол намуд, ҷойҳои сеюм насиби Ҷумахон Яқубов аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Шамсиддин Шарипов намояндаи Воҳиди махсуси ВКД гардид.

Ба дастаҳои ғолиб «Ҷом» ва ба варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Хусрав Солеҳов, подполковники милитсия.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4229224
ИмрӯзИмрӯз1968
МоҳМоҳ72347
ХамагиХамаги4229224

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.