Муайян гардидани ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Футболи хурд»

Имрӯз (29.10.с.2016), дар Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба даври нимниҳоӣ чор даста баромаданд. Нахуст, бозии миёни дастаҳои Тоҷикистон-2 ва Қазоқистон дар даври асосӣ бо ҳисоби 4:4 мусовӣ анҷом ёфт. Довари мусобиқа вақти иловагӣ бо тӯбзанӣ (пеналти) таъин намуд. Дар ин рақобат, футболбозони дастаи Тоҷикистон-2 ба дарвозаи ҳариф тӯби бештар зада, бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд. Варзишгарони дастаи Федератсияи Россия бо ҳисоби 5:0 дастаи Озарбойҷонро мағлуб сохта, ба даври ниҳоӣ баромаданд.

Дар даври ниҳоӣ дастаҳои Тоҷикистон-2 ва Федератсияи Россия барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ин бозии хеле ҷолиб бозингарони ҳар ду даста ҳам хуб ҳунарнамоӣ карданд, вале омодагии варзишгарони рус бештар дида мешуд. Ин буд, ки футболбозони дастаи Федератсияи Россия бо ҳисоби калон 9:2 ғолиб омада, мақоми якуми мусобиқаро соҳиб гаштанд.

Ҳамин тариқ, дастаи Федератсияи Россия ҷойи аввал, Тоҷикистон-2 ҷойи дуюм ва дастаи Озарбойҷон соҳиби мақоми сеюми мусобиқаи байналмилалӣ гардиданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич баромад намуда, меҳмононро бори дигар аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштироки фаъолона ва хотиромон гузаштани мусобиқаи байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати ба роҳ монда шудани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол то сол робитаҳои фарҳангӣ-варзишӣ, сиёсию иқтисодӣ мустаҳкам мегардад, ки ин нишон аз дӯстию рафоқати халқу миллатҳои он мебошад.

Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ҷиҳати рушди варзиш ва ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни он, аз ҷумла футбол таваҷҷӯҳи хоса дошта, тамоми чораҳои заруриро дар ин самт меандешад.

Сипас, ба шарафи дастаҳои ғолиб Суруди миллии ин кишварҳо садо дода, Парчамҳои давлатиашон барафрохта шуданд.

Аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи бозӣ ҳамчунин, бозингарони беҳтарини мусобиқа:

- бозингар ва тӯбзани беҳтарин Борис Купетский, аз дастаи Федератсияи Россия;

- муҳофизатгари беҳтарин, Марс Абдурахманов аз дастаи Қирғизистон;

- дарвозабони беҳтарин Александр Кузнетсов аз дастаи Федератсияи Россия;

- ҳамлагари беҳтарин Мурат Садыков намояндаи дастаи Озарбойҷон;

- мураббии беҳтарин Павел Левковский аз дастаи Федератсияи Россия;

- довари беҳтарин Беҳрӯз Муртазоев дониста шуданд.    

Ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуда, ҳамчунин ба намояндагони дастаҳо ва роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои зикргардида, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро номаи миннатдорӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Тӯҳфаҳоро ба ғолибон ва варзишгарони беҳтарин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва котиби Генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Раҷабалиев Баҳрулло Ҷунайдуллоевич тақдим намуданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Футболи хурд» байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аъзоёни Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва хотирмон анҷом пазируфт.

Х.Солиҳов

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4459375
ИмрӯзИмрӯз1460
МоҳМоҳ33304
ХамагиХамаги4459375

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.