Дастаи «Динамо» ғолиби мусобиқаи «Футболи хурд»

Имрӯз (30.05.с.2016), дар майдончаҳои сунъии Варзишгоҳи Марказӣ даври ниҳоии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуда, он 2-юми майи соли равон оғоз ёфта, тӯли як моҳ идома кард. Дар он 24 даста аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор зергурӯҳ бо ҳам рақобат карданд.

Дар бозии имрӯза нахуст дастаҳои «Академия»-и ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе ба майдон баромада, бо ҳисоби 1:0 дастаи «Академия» ғолиб омад. Бозии дастаҳои «Динамо» ва Раёсати кофтукови ҷиноӣ бо ҳисоби 9:5 ба фоидаи динамочиён анҷом ёфт.

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич баромад намуда, таваҷҷуҳ намудан ба рушди соҳаи варзишро далели бунёди ҷомеаи солим ва ба даст овардани музаффариятҳо дар ҷаҳони варзиш арзёбӣ намуд. 

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои машғул гардидани ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машқу тамрин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳамасола барои бунёди бинову иншоот ва толору майдонҳои варзишӣ, маблағҳои зиёде ҷудо карда мешавад.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани ахлоқу маърифати онҳо ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки имрӯз наврасону ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат, дӯст доштани тарзи ҳаёт солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эътимод ба фардои дурахшон бояд тарбия намуд.

Абдулло Навҷувонов бо боварӣ изҳор намуд, ки мунтазам, дастаҷамона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, шароит фароҳам меорад, ки новобаста аз синну сол бо ҷинояткорӣ ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ мубориза барем ва худро аз пайомади ногувори он дар канор гирем.

Мақсад аз баргузории ин гуна мусобиқаҳо низ, пешгирӣ ва барҳам задани нашъамандӣ, бадахлоқӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ, ки  яке аз пешоҳангони мубориза бо ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад, дар баробари мубориза бо амалҳои номатлуби ҷомеа, бо ташкил намудани мусобиқаву чорабиниҳои варзишӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мехоҳад таваҷҷуҳ ва хоҳиши ҷавононро ҳарчи бештару беҳтар ба корҳои манфиатбахш ба роҳ мемонад. 

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни баромади хеш чорабинии имрӯзаро мувофиқ ба меъёрҳои замони имрӯз ва аз нигоҳи тахассусӣ дар сатҳи баланди касбӣ омодашуда муаррифӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии зебои имрӯза изҳори ташаккур намуд.

Мавсуф ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пешбурди фаъолияти хизматӣ барору комёбӣ таманно кард.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойи аввал насиби дастаи «Динамо»-и ВКД ва ҷойи дуюм насиби Раёсати кофтукови ҷиноӣ гардид. Дастаи «Академия» бошад, мақоми сеюмро ишғол намуд.

Сарпарастии мусобиқаи мазкурро Клуби футболи «Истиқлол» ба уҳда дошт.  Барои дастаҳои ғолиб ҷойи аввал - 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм - 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм - 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба ғолибон Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим гардид.

Аз натиҷаи нишон додани маҳорати варзишӣ дар мусобиқа; Эраҷ Урматов – дарвозабони беҳтарин, Рустам Паллаев – муҳофизатгари беҳтарин, Наврӯз Толибов – ҳамлагари беҳтарин ва Сафархон Мирзоев бозингари беҳтарин дониста шуданд. Инчунин, дар бозии «Футболи хурд» барои дастгирии ҳамаҷониба ва саҳмгузорӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳрух Саидзода - Президенти Клуби футболи «Истиқлол», муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва Эраҷ Насихов, сардовари мусобиқа ба «Сипоснома» қадрдонӣ  гардиданд.

Дар хотима, муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ғолибони мусобиқаҳои варзиширо бори дигар табрику муборакбод намуда, ба онҳо барои иштироки фаъолона аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои варзишии кушоди даставӣ анҷом пазируфт.

Наврӯз ҶОБИРОВ,

Тоҷиддин ЛАТИПОВ

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4262898
ИмрӯзИмрӯз1082
МоҳМоҳ10135
ХамагиХамаги4262898

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.