|
Имрӯз (14.05.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» оғоз гардид.
Мавриди қайд аст, ки чунин чорабинӣ дар дигар боғҳои шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ оғоз гардиданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзӣ ҷавонон табрику муборакбод кард.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар таъкид менамоянд, ки «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.
Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем.
Мо мазҳаби таҳаммулгарои худ – ҳанафия ва пири мазҳабамон – Имоми Аъзамро дорем, ки чанд сол пеш бузургдошти 1310 – солагии ӯро дар сатҳи баланд таҷлил кардем.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.
Ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ман ба ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватанамон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд.
Шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доред, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оред, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунед ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».
Дар идомаи баромади худ Вазири корҳои дохилӣ доир ба бозии шоҳмот ва ба таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон манфиатбахш будани он изҳори ақида намуда, қайд кард, ки «Шоҳмот ва ё шатранҷ - яке аз бозиҳои қадимтарин маҳсуб ёфта, дар гузашта он миёни шоҳон ва асилзодагон равнақу ривоҷ ёфта буд. Олимон исбот кардаанд, ки бозии шоҳмот нерӯи зеҳнии инсонро сайқал дода, тафаккурро қавӣ менамояд».
Мавриди зикр аст, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, худ устоди варзиш оид ба шоҳмот мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ, ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат бо якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа намуданд.
Айни замон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ (аксия) оид ба шоҳмот таҳти шиори «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» идома дошта, аз рафти он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.