Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Самбо»

Рӯзҳои 24-25 декабри соли равон, бахшида ба гиромидошти хотираи паҳлавони шинохта, шодравон Саймумин Раҳимов, дар толори «Зӯрхона»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди «Самбо» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 210 паҳлавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёда аз 20 даста ширкат варзиданд, ки дар байни паҳлавонон 5 нафар тарбиятгирандагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» низ иштироки фаъолона доштанд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди «Самбо», ки таи ду рӯз идома дошт, бо муваффақият анҷом ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки ин мусобиқа аз тарафи доварон воқеъбинона баҳогузорӣ гардида, беҳтаринҳо соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

Ҳамин тавр, ҷои сеюм дар вазни 74 кило ба Изатуллоев Давлатманд ва дар вазни 82 кило ба Зуҳуров Исмоил муяссар гардида, ҷои дуюмро Зоири Бобоҷон дар вазни 57 кило ва  Қурбоналиев Саид дар вазни 62 кило ишғол намуданд.

Назриев Шарифҷон бо омодагии ҳамаҷониба ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ дар мусобиқаи мазкур ҷойи аввалро сазовор гардид.  

Р. Шукурова, Н. Сангинова

 
Даври ниҳоии футболи хурд

 

Аз санаи 4-ум то 25-уми декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин, 25-умин даври мусобиқаҳои анъанавии зимистона бахшида ба гиромидошти собиқ футболбози шинохтаи тоҷик Александр Кирсанов бозиҳои футболи хурд баргузор гардиданд.

Мусобиқаҳои футболи хурд байни дастаҳои собиқадорни футбол дар ду гурӯҳ, иборат аз дувоздаҳ даста ва дар мусобиқаи футболи байни дастаҳои касбиву ғайрикасбии ҷавонон дар ду гурӯҳ, ки дар онҳо 15 даста иштирок дошт, миёни ҳам рақобат намуданд.

 
Ғолибият дар муҳорибаҳои якҳарбаи шарқӣ «Панкратион»

Ҳафтаи сипаригардида дар толори «Зурхона»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди муҳорибаҳои якҳарбаи шарқӣ «Панкратион» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 10 даста аз тамоми шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар иштирок намуданд.

Варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмонов Эраҷ дар вазни 69 кило баъди рақобатҳои зиёд бар ҳарифони худ дастболо гардида, ҷойи аввалро ишғол намуд.

Мавриди қайд аст, ки Абдураҳмонов Эраҷ таҳти роҳбарии мураббии Шӯрои ҷумҳуриятвии «Динамо», Шоев Фазлиддин аз намуди  «Кикбоксинг» тамрин намуда, пайваста малакаю маҳорати худро такмил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намуди муҳорибаҳои якҳарбаи шарқӣ «Панкратион» таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, мунтазам мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриятвӣ ташкил карда мешаванд.

Гул Маҳбуба.

 
Ифтихорномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба варзишгари «Динамо»

Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорони футбол бозиҳои даври ниҳоӣ доир гардида, ҳафтаи гузашта аллакай ғолиби мусобиқа муайян карда шуд. Дастаи собиқадорони футболи «Ромис-Испечак»-и Душанбе дар бозӣ бо дастаи «Пойтахт» ғолиб омада, пешсафи мусобиқа гардид.

Ҳамин тариқ, ин даста дар байни 9 дастаҳои собиқадор нисбатан бозии хуб нишон дода, бо 38 хол дар ин мусобиқа ғолибиятро ба даст овард. Қобили зикр аст, ки дар ҳайати дастаи собиқадорони «Ромис-Испечак»-и Душанбе 6 нафар аъзоёни дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, дар музаффарият ба даст овардани ин даста саҳми худро гузоштанд. Инҳо Тоҷиддин Мираков, Сафархон Раҳимов, Баҳрулло Давлатов, Хуррами Нозирӣ, Субҳон Хоҷаев ва Шуҷоат Неъматов мебошанд.

Дар рафти бозиҳо варзишгари дастаи «Динамо» Сафархон Раҳимов маҳорати хуби футболбозӣ нишон дода, беҳтарин бозингари Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни собиқадорон-2016 дониста шуда, бо Ифтихорномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Х. Солиҳов 

 
Муштзанӣ ва шӯҳрату ифтихор

Муштзани маъруфи тоҷик, корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, лейтенанти калони милитсия Мавзуна Чориева имрӯзҳо дар баробари тамрин ва такмили маҳорати касбӣ, ҳамзамон ба таълиму машқомӯзии шогиродон – аъзоёни дастаи «Динамо» саргарми кор аст. Натиҷаи меҳнат ва маҳсули заҳматҳояш ин ба даст овардани ҷойҳои ғолибият ва баланд бардоштани обрӯю нуфӯзи варзишии кишварамон дар арсаи байналмилалист, ки бо он ифтихор дорад.

Чанде қабл, варзишгарони наврасу ҷавони дастаи «Динамо» таҳти дастпарварии Мавзуна дар Бозиҳои варзишии байналмилалии VI Осиё "Дети Азии", ки дар Ҷумҳурии Ёқутистони Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, аз намуди варзиши «бокс» (муштзанӣ) ду нафари онҳо: Идимоҳ Холова дар вазни то 57 кило ва Сумая Қосимова дар вазни 46 кило мақомҳои сеюмро ишғол намуда, бо медалу Ифтихорномаҳо ба Ватан баргаштанд.

 

 
Ҷаласаи Шўрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои "Динамо" дар шаҳри Минск

Рўзи 25 ноябри соли 2016, дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи навбатии Шўрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои "Динамо" доир гардид, ки дар он намояндагони ҷамъият, ташкилот ва клубҳои варзишии 14 кишвари аъзои ШБҲҶ «Динамо», аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини якуми Шўрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ иштирок дошт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Шўро дар соли 2016 ва таҳияи нақша-чорабиниҳо барои соли 2017, дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни ҷамъиятҳои варзишии кишварҳои аъзо ва дигар мавзӯҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, зимни ҷаласа иштирокчиён ба ҳайси раиси нави Шўрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои "Динамо" - раиси ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Белорус Геннадий Колесникро интихоб намуданд. Қаблан раиси Шўро Владимир Тимошин буд.

 
Мусобиқаи шиноварӣ байни наврасону ҷавонон

Имрӯз (16.11.с.2016) дар ҳавзи шиноварии Маҷмаии варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ аз намуди шиноварӣ миёни ҷавонон ва наврасону кӯдакон баргузор гардид.

Дар ин сабқат 60 нафар варзишгар ширкат варзида, 6 дастаи мактабҳои варзишии пойтахти кишварро намояндагӣ карданд.

Мураббии Мактаби варзишии махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №4 Дилбар Ачилова зимни сӯҳбат иттилоъ дод, ки варзишгарон бо назардошти синну сол (кӯдакон, наврасон ва ҷавонон) писарону духтарон алоҳида аз рӯи чор намуди мусобиқа маҳорати шиноварии худро дар намудҳои тарзи озод, пуштнокӣ, «брас» ва «батерфлай» дар масофаи 50 метр санҷиданд.

 
Баргузории гуштини тарзи юнону румӣ

Рӯзҳои 14-15 ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмаии варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ аз намуди «гӯштини тарзи юнону румӣ» доир карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин варзишгарони ҷавону навраси дастаи «Динамо» дар ҳайати 6 даста бо беш аз 100 варзишгар иштирок карда, дар 14 категорияи вазнҳо бо ҳам рақобат намуданд.

 
Дастаи «Динамо» ғолиби «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» гардид

Имрӯз (12.10.с.2016) дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ, даври ниҳоии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футбол» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз санаи 20-уми сентябр оғоз ёфта буд, ҷамъбаст гардид.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи  варзишӣ, ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид, 17 даста аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, қувваю маҳорати футболбозии худро санҷиданд.

 
Мусобиқаи панкратион дар сатҳи байналмилалӣ

Дирӯз (25.09.с.2016), дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Федератсияи панкратиони муосири ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз намуди муҳорибаҳои омехта (панкратион) доир карда шуд.

20 нафар варзишгари беҳтарини Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ин мусобиқа иштирок намуда, барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурданд.

 
Иштироки фаъолонаи динамочиёни наврас дар мусобиқаи панкратион

Чи хеле қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 23-24 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ташаббуси Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар байни ҷавонону наврасон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди муҳорибаҳои омехта (панкратион) баргузор гардид.

Варзишгарони ҷавону наврас аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, дар синну соли аз 10 то 17-сола ва аз он боло ҷамъ омада, ба таври инфиродӣ қувваю маҳорати худро нишон доданд.

 
Оғози мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футбол»

Шурӯъ аз имрӯз (20.09.с.2016) дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футбол» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа 17 дастаи футболбозон; аз Суди Олӣ, Прокуратураи Генералӣ, Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, Гвардияи миллӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, ширкати «Вавилон», Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорони «Динамо»-и ВКД ширкат варзида, дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат менамоянд.

 
Оғози муҳорибаҳои омехта аз ҷониби Федератсияи панкратион

Имрӯз (23.09.с.2016) бо ташаббуси Федератсияи панкратиони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар байни ҷавонону наврасон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди муҳорибаҳои омехта (панкратион) оғоз гардид.

Дар ин мусобиқа 164 варзишгари ҷавону наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, синну соли аз 10 то 17-сола ва аз он боло иштирок намуда, барои ба даст овардани ғолибият қувваю маҳорати хешро тайи ду рӯз месанҷанд.

 
Ишғоли зинаи сеюми дастаи «Динамо»-и ВКД дар мусобиқаи футбол

Бегоҳи рӯзи 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар майдончаҳои Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди фуболи хурд барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол», ки тӯли як моҳ идома дошт, баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки фонди ҷоизавии он 70 ҳазор сомониро ташкил медод, 25 дастаи вазорату идора ва ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, барои ишғоли ҷойи сеюм дастаҳои футболбозони «Динамо» ва «Бонки миллӣ» ба майдон баромаданд. Дар ин бозии рақобатпазир ва ҷолиб дастаи Вазири корҳои дохилӣ комёб гашт. Бозингарони дастаи «Динамо» бо ҳисоби 3:2 дастаи ҳарифро мағлуб сохта, соҳиби медалҳои биринҷӣ ва сертификати пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ гардиданд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3659391
ИмрӯзИмрӯз185
МоҳМоҳ5108
ХамагиХамаги3659391

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.