Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоҳиён Аслиддин Назри – муовини аввали Раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рутбаи низомиаш – майори милитсия. 26 августи соли 1982 таваллуд шудааст. Маълумоташ Олии сохтмончӣ ва Олии ҳуқуқӣ.

Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2005 дар вазифаҳои гуногун, минҷумла сардори шӯъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар вазифаи ишғол намудааш аз 20 апрели соли 2012 адои вазифа менамояд. Яке аз варзишгарони беҳтарин дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Дорандаи камарбанди сиёҳ–дони 4, устоди варзиш аз намуди кикбоксинг, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба таэквандо-втф ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди кикбоксинг мебошад.

 
Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД ҶТ

Сардори Марказ: Раҳмонзода Иброҳим Қодир - полковники милитсия, 5-уми декабри соли 1958 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии аграрӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 27 апрели соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Командири Ротаи ШКД ноҳияи Ховалинг, муовини командир оид ба ҳайати шахсии Ротаи ППМ ШКД ноҳияи Ховалинг, нозир оид ба амалияи маъмурии ШКД ноҳияи Ховалинг, бозраси калони давлатии автомобилии гурӯҳи бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ дар назди ШКД ноҳияи Ёвон, бозраси калони давлатии автомобилии гурӯҳи бақайдгирӣ-имтиҳонотии ШБДА РКД вилояти Хатлон, сардори шӯъбачаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии ШБДА РКД вилояти Хатлон, бозраси калони давлатии автомобилии ШБДА ШВКД дар ноҳияи Қумсангир, муовини командири Ротаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШБДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон, муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сардори Марказ: 
Умаров Хайём Амиршоевич - майори милитсия, таваллудаш 09 ноябри соли 1981, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва педагогӣ,  номзади илмҳои ҳуқуқ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ:  аз 23 августи соли 1999. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Солҳои 2003-2005 ваколатдори оперативии Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД; солҳои 2005-2008 адъюнкти факултети №3 Академияи идоракунии ВКД Россия; солҳои 2008 дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултаи №1 Академияи ВКД; солҳои 2008-2012 сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултаи №2 Академияи ВКД; солҳои 2012-2015  сардори факултаи №3 Академияи ВКД, сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аълочии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009).

Аълочии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011).

Умаров Х.А. соли 2008 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Муқовимати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологӣ» рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 осори илмӣ, аз он ҷумла 2 монография («Муқовимати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Сиёсати зиддикоррупсионӣ: ҷанбаи криминологӣ») ва 3 тафсир дар гуруҳи корӣ.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Марказ: Шуҳрат Улмас - полковники милитсия. 13 августи соли 1977 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ Олии ҳуқуқӣ, факултаи фаврӣ-тафтишотии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россияро дар ш.Санкт-Петербург хатм намудааст.

Фаъолияти хизматиро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири шӯъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Дар вазифаҳои сардори шӯъба оид ба ташкили корҳои хизмати кинологӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар назди Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ва сардори Маркази кинологии ВКД фаъолият намудааст. Айни ҳол сардори Маркази хадамоти кинологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 
Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сардори Маркази матбуот: Умар
ҷони Эмомалӣ – полковники милитсия, 24 июли соли 1978 таваллуд шуда, милаташ тоҷик мебошад. Соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, аз ҳамон сол то инҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда истодааст.

Умарҷони Эмомалӣ солҳои  1999 - 2001 ба ҳайси муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ВКД, солҳои 2001-2002 муфаттиши Шӯъбаи тафтишотӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мазкур, аз соли 2002 то соли 2004 муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии РВКДН, аз соли 2004 то соли 2010 сардори шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҳисор, солҳои 2010-2014 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии ВКД, солҳои 2014-2015 сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва аз моҳи июли соли 2015 муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

9-уми августи соли 2016 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Умарҷони Эмомалӣ айни замон адъюнктанти Шӯъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ шавқу рағбат дошта, пайваста малакаю маҳорати худро дар ин самт такмил медиҳад ва ҷиҳати амиқтар омӯхтани паҳлӯҳои самти ҳуқуқшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Шӯъбачаи вобаста ба сомонаи ВКД дар шабакаи интернети Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори шӯъбачаи сомона: Гул Маҳбуба Талби – подполковники милитсия, миллаташ тоҷик. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 сентябри соли 2001.

Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ёрдамчии сардори Ситоди оперативии Қисми навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, журналист-хабарнигори Маркази матбуоти Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, ҳуқуқшинос-мушовири калони Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД.

Бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ аз 19-уми январи соли 2013 ба вазифаи сардори шӯъбачаи вобаста ба сомонаи ВКД дар шабакаи интернети Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардидааст.

 
Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардабири ҳафтанома: Шерализода Ҳасан Шералӣ,  полковники милитсия, миллаташ тоҷик, 21-уми январи соли 1966 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихчӣ-муаррих хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1999: Дар вазифаи нозири Маркази матбуоти ВКД, нозири Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Хатлон, муаллими Маркази таълимии ВКД, директори Осорхонаи ВКД ва муовини сардори Маркази таълимии ВКД   фаъолият намудааст.

Барои хизматҳои арзандааш бо нишони сарисинагӣ, медал ва ифтихорномаҳои ВКД сарфароз гардонида шудааст.

Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали  соли 2013 ба вазифаи сардабири КВД ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и  назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб фаъолият намуда истодааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739253
ИмрӯзИмрӯз1258
МоҳМоҳ18955
ХамагиХамаги3739253

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.