Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Саидзода Маҳмадсаид Борон - генерал-майори милитсия. Соли таваллудаш 1 январи соли 1964, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01.03.с.1991.

Нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобили гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳнотӣ, сардори Шӯъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори муассисаи нақлиётии РКД в.Хатлон, сардори Шӯъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Сарраёсат: Иброҳимзода Нозим - генерал-майори хизмати дохилӣ, таваллудаш 04 феврали соли 1965, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи махсуси техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 октябри соли 1985. Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Муҳандиси хадамоти давлатии оташнишонии РКД вилояти Суғд, муҳандиси калони РХДО, ёрдамчии калони қисми навбатдории РХДО, сардори шӯъбачаи назорати давлатии оташнишонии РХДО, муовини сардори РХДО, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғди СРХДО Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати таъминоти моддӣ - техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 15 январи 1956, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ-иқтисодӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 июли соли 1980. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД; нозири калони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД; ваколатдори оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятхои иқтисодии ШКД; ваколатдори калони оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятхои иқтисодии ШКД ;муовини сардори ШКД; сардори ШКД; иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои и иқтисодии РКД; сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД; сардори шӯъбаи МЗҶМ Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД; ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими гурӯҳи чорабиниҳои фаврӣ- техникии дар вилояти Суғд будаи Шӯъбаи чорабиниҳои фаврӣ-техникии ВКД; сардори шӯъбаи "П" Раёсати чорабиниҳои оперативӣ- техникии ВКД, муовини сардори Раёсати чорабиниҳои оперативӣ-техникии ВКД ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

 
Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Ваҳобзода Нурулло Шароф – полковники милитсия. Соли таваллудаш 12 августи соли 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1 июли соли 1992. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Милитсионери ШКД; милитсионери РКД; корманд мутахассиси гурӯҳи дуюми махсуси РКД; ваколатдори оперативи Шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири РКД; ваколатдори оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди ғайриқонунии маводи мухаддир дар гурӯҳи н.Кӯлоби РКД; нозири мизи шиносномадиҳӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби РКД; ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШКД; Нозири мизи шиносномадиҳӣ дар гурӯҳи н.Кӯлоби РКД; Корманд-мутахасиси гурӯҳи 2–юми махсуси дар гурӯҳи н.Кӯлоби РКД вилояти Хатлон. Сардори шӯъбачаи дуюми махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Хадамоти давлатии « Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамот: Раҳмонзода Алихон Футур – генерал-майори хизмати дохилӣ, соли таваллудаш 10 феврали соли 1958, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: Олӣ - ҳуқуқӣ. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 апрели соли 1987. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Ваколатдори оперативи шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбаи РКД ВКД, ваколатдори оперативи шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКД, сардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД, муовини Вазир, ӯ низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, Командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сардори Академия: Шарифзода Файзалӣ Раҳмон
- генерал-майори милитсия, таваллудаш 14 апрели соли 1974, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 24 августи соли 1993. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Шараф» дараҷаи 2. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД ноҳияи Ҳамадонӣ, ваколатдори калони оперативии ШКД ноҳияи Ҳамадонӣ, муаллими кафедраи оперативӣ-ҷустуҷӯии факултаи №2 Академияи ВКД, адъюнкти Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, сардори кафедраи оперативӣ-ҷустуҷӯии факултаи №2 Академияи ВКД, муовини аввали сардори Академияи ВКД, сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Маҳмадшозода Шералӣ Аъзам - полковники милитсия, соли таваллудаш 5 марти соли 1963, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: Олӣ-ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи августи соли 1989. Мукофотҳои Хукуматӣ; бо «Ифтихорнома» мукофотонида шудааст. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Бухгалтери шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ВКД; тафтишотчии шӯъбачаи тафтишотии Раёсати молиявии ВКД; тафтишотчии калони шӯъбачаи тафтишотии Раёсати молияи ВКД; сардори шӯъбачаи тафтишотии Раёсати молия ва иқтисодии ВКД; муовини сардори Раёсати молия ва иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молия ва иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Исмоилзода Намоз Ғоиб - полковники хизмати дохилӣ, 10 апрели соли 1961 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии тиббӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1989. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Духтур-урологи Хадамоти тиббии ВКД, муовини сардор - духтури духтурхонаи хадамоти тиббии ВКД, муовини сардор - духтури беморхона - духтурхонаи Раёсати тиббии ВКД, раиси Комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбии Раёсати тиббии ВКД, сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Мирзозода Абдухалил Абдулхол–генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 20 январи 1958, миллаташ: тоҷик, маълумоташ: Олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 14 марти соли 1983. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири роҳи ҷузъи алоҳидаи хизмати роҳбонии РКД, ёрдамчии навбатдори қисми нозиротӣ-таҳлилии БДА РКД, нозири роҳи Баталёни алоҳидаи БДА РКД, нозири таҷрибави маъмурии умумии гурӯҳи таҳқиқотчӣ, кофтуковӣ ва таҷрибавӣ маъмурии умумии Баталёни алоҳидаи хизмати роҳбонии БДА РКД, нозири қисми навбатдории Баталёни алоҳидаи хизмати роҳбонии БДА РКД, муфаттиши шӯъбаи тафтиши садамаҳои нақлиётии шӯъбаи тафтишотии РКД, муфаттиши калони шӯъбачаи тафтишотӣ оид ба садамҳои нақлиёти Шӯъбаи тафтишотии РКД, сардори шӯъбачаи тафтишотӣ оид ба садамҳои нақлиётии шӯъбаи тафтишотии РКД, сардори шӯъбача оид ба тафтиши ҷиноятҳои садамаи нақлиётии Шӯъбаи тафтишотии РКД, муфаттиши калон оид ба корхои маҳсусан муҳими гурӯҳи тафтишоти ҷиноятҳои марбут ба садамҳои нақлиётии Раёсати тафтишотии ВКД, муовини сардори Раёсат, ӯ низ сардори Шӯъбаи таҳқиқи ҳуқуқвайрониҳои маъмурии умумии Раёсати таҳқиқи ҳуқуқвайрониҳои маъмурии умумии Раёсати таҳқиқ, муовини сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамот: Зарифзода Маҳмадзоир Зариф – полковники милитсия. Соли таваллудаш 15.05.1963. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ Олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 11 октябри соли 1993. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси милитсионери ШКД, нозири калони минтақавии милитсияи ШКД, сардори ШКД, адои вазифа намудааст. Барои хизматҳои содиқона дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва медали «Ҷасорат» мукофотонида шудааст.

 
Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Бюро: Машрабзода Ҷамшед Хол - полковники милитсия, 22 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 октябри соли 2002.  Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Нозир оиди кор бо ноболиғони ШКҶ РВКД ш.Душанбе, ваколатдори оперативии шӯъбачаи ШКҶ РВКД ш.Душанбе, муовини сардори ШКҶ ШВКД ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, сардори шӯъбаи ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии минтақавии БММ «Интерпол»-и ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД, сардори шӯъбаи ВКД, муовини сардори Раёсати ВКД ва муовини сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Машрабзода Ҷамшед Хол аълочии милитсия буда, бо медали «Барои хизмати шоён» мукофотонида шудааст.

 
Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори раёсат: Раҳмонзода Сайнахш Ҳаким - полковники милитсия, 5 январи соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва ҳуқуқшиносӣ.

 

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 28 августи соли 2001. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла, ба ҳайси сардори Шӯъбаи сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Айни замон сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

 

 
Котиботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Котибот: Гурез Дастагул Қурбоналӣ - полковники милитсия, соли таваллудаш 14 майи 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ-ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 15 майи соли 1997. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: «Ифтихорнорма». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири калони гурӯҳи тайёрӣ-ташкилии кор ва назорати муваққатан маҳкумшудагони Комендатураи махсус оид ба назорат аз болои муваққатан маҳкумшудагон дар назди ШКД, тарҷумони котиботи ВКД, тарҷумони калони шӯъбачаи тарҷумонии Котиботи ВКД, ваколатдори оперативии гурӯҳи назорати минтақавии Шӯъбаи 1–уми Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, ваколатдори оперативии Шӯъбаи оперативӣ - ташкилии РКҶ ВКД, нозири калони Шӯъбаи нозиротӣ–ташкилии РКД дар нақлиёти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сардори бахши таъминоти ахборотҳои фаврӣ оиди кофтукови ҷинояткорони дар нақлиётбудаи Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори муассиса: Раҷабзода Шодибек Абдулҳай - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 27 ноябри 1957, милаташ тоҷик, маълумоташ олии-ҳуқуқӣ ва олии-техникӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 11 марти соли 1982. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Ордени «Шараф». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Муҳандиси гурӯҳи ташкили ҳаракат дар роҳи ШБДА РКД, командири взводи хадамоти роҳбонии милитсияи РКД, бозраси калони давлатии автомобилии ШКД, сардори шӯъбачаи БДА, сардори Шӯъбачаи БДА-и РКД, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД, муовини сардор - ӯ низ сардори Шӯъбаи ташкили ҳаракати роҳ ва назорати роҳи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД, муовини сардори ШКД, сардори ШКД, муовини сардори РКД, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД, сардори РКД, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742787
ИмрӯзИмрӯз770
МоҳМоҳ22489
ХамагиХамаги3742787

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.