Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Ҳукуматулло Зикрулло - полковники милитсия, таваллудаш 16 июни соли 1959, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии омӯзгорӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 15 январи соли 1997. Бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз гардидааст. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои зерин кор кардааст:

Нозири Шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД дар вилояти Хатлон, ёрдамчии сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар ноҳияи Бохтар, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиён.

Аз 16-уми феврали соли 2016 ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намуда истодааст. 

 

 
Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Рустамзода Мустафо Кенҷа – генерал-майори милитсия, таваллудаш 27 сентябри соли 1958, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 29 ноябри соли 1984. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Ордени «Спитамен» ва медали «Ҷасорат».

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбачаи мубориза бо ҷиноятҳои зидди моликияти иқтисодии ШКД, сардори шӯъбачаи мубориза бо ҷиноятҳои зидди моликияти иқтисодии ШКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, сардори ШКД, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, муовини сардори РКД шаҳри Душанбе, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Раёсати  ҳифзи тартиботи ҷамъиятии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 феврали соли 2016 ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Рустамзода Мустафо Кенҷа дорандаи унвони устоди варзиш оид ба намуди каратэ-2 мебошад.

 
Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Муҳаммадзода Муҳамад Толиб - генерал–майори милитсия, соли таваллудаш 3 июни 1959, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 4 ноябри соли 1983. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД, муфаттиши калони шӯъбачаи тафтишотии ШКД, и.в. муовини сардори шӯъбачаи тафтишотии ШКД, сардори шӯъбачаи тафтишотии ШКД, муовини сардори ШКД, сардори шӯъбаи тафтишотии РКД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сардори Раёсат: Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод - генерал-майори милитсия, таваллудаш 27 майи соли 1962, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 декабри соли 1983. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Ордени «Шараф» дараҷаи II. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Милитсионери ШКД, нозири минтақавии милитсияи ШКД, муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД,  сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД,  муовини сардори ШКД, сардори ШКД, сардори ШВКДН дар фурудгоҳи ш. Душанбе, сардори ШВКД, муовини сардор, ӯ низ сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори Давлат ва Меҳмонони Олиқадр сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Сардори Раёсат: Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ - полковники милитсия, таваллудаш 05 декабри соли 1974, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 сентябри соли 1994. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Шараф» дараҷаи 2. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Ваколатдори оперативии шӯъбачаи таъиноти махсуси ВКД, ваколатдори оперативии шӯъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШКД, ваколатдори оперативии ШКҶ ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД, муовини сардори шӯъба, ӯ низ сардори шӯъбача оид ба корҳои махсусан муҳими ШКҶ РКД вилояти Хатлон, сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, муовини сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори Қисми минтақавӣ, ӯ низ муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

Сардори Раёсат: Назарзода Шариф Раҳмон – генерал - майори милитсия, соли таваллудаш 29 апрели 1966, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 1 сентябри соли 1987. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Ваколатдори оперативии гурӯҳи кор бо ноболиғони ШКҶ РКД, ваколатдори калони оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи мубориза бар зидди нашъамандии РКД, ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШКД, муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Сардори Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сардори Раёсат: Искандарзода Абдулваҳоб Мансур - полковники милитсия, таваллудаш 25 ноябри соли 1957, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва олии омӯзгорӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 22 майи соли 1984. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: бо фармони ИҶШС ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо медали «Ҷанговари интернатсионалист» мукофотонида шудааст. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Нозири шӯъбаи кадрҳои РКД, нозири калони шӯъбаи кадрҳои РКД, ёрдамчии сардори шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, муовини сардори РКД, ёрдамчии Вазири корҳои дохилӣ, муовини сардори РКД, сардори ШКД, сардори Қисми минтақавӣ, ӯ низ муовини сардори  РВКД дар вилояти Хатлон оид ба  гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

 
Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт

Сардори Раёсат: Шафизода Рустам Исмоил - полковники милитсия, таваллудаш 23 сентябри соли 1970, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.   

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 январи соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Ваколатдори оперативии шўъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД ноҳияи Бохтар, ваколатдори оперативии Шўъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлони РМЗҶМ ВКД, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД ноҳияҳои Шаҳритуз, А.Ҷомӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 2 декабри соли 2013 то ҳоло сардори РВКД дар минтақаи Рашт.

 

 
Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД, ӯ низ командири ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Сарситод, ӯ низ командири ДТММ ВКД: Муҳаммадзода Хуршед Изатулло - генерал-майори милитсия, таваллудаш 02 марти соли 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар сафи мақомоти қудратӣ: аз 13 майи соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен», медали «Ҷасорат».

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Дастурдеҳи калони қисми ҳарбии 26251 Вазорати мудофиа, командири взводи Бригадаи 4-уми таълимии савораи тирандози Вазорати мудофиа, ёрдамчии сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати мудофиа, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, командири қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД, ӯ низ командири ДТММ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

 
Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармондеҳ: Бобозода Хисрав Хоркаш - полковник, таваллудаш 19 августи соли 1974, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ. Хизмат дар сафи мақомоти қудратӣ: аз 01 сентябри соли 1993.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Командири гурӯҳи таъиноти махсуси қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, муовини командири ротаи Баталёни десантии Вазорати мудофиа, командири дастаи таъиноти махсуси Бригадаи 7-уми алоҳидаи десантии Вазорати мудофиа, командири Баталёни десантии Бригадаи алоҳидаи Вазорати мудофиа, муовини командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, сардори ситод, ӯ низ муовини командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, муовини Фармондеҳ, ӯ низ сардори ситоди Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, муовини аввали Фармондеҳ, ӯ низ сардори сарситоди Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 29-уми майи соли 2015 ба вазифаи Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. 

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Воҳиди махсус: Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 16 ноябри 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали «Ҷасорат». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шӯъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шӯъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталёни алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрастии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РКД-и ш. Душанбе, Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори раёсат: Сабзов Шералӣ - генерал-лейтенанти милитсия, соли таваллудаш: 1 майи 1955, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ - ҳуқуқшиносӣ. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали « Ҷасорат», Ордени «Спитамен» дараҷаи 2-юм. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири навбатдори нуқтаи марказонидашудаи Шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза», нозири минтақавии милитсия, нозири минтақавии милитсияи шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШКД, командири взводи Дастаи махсуси милитсия, командири взводи махсуси зудамали РКД, сардори ШКД, сардори РКД, сардори Бюрои марказии Миллии «Интерполи»-и ВКД, Сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Абдуллозода Зумрад - полковники милитсия, таваллудаш 02 октябри соли 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 24 июли соли 1985. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Нозири калони Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД, нозири шӯъбачаи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, нозири гурӯҳи шӯъбаи раводид, бақайдгирӣ ва кори шиносномавии РҲТҶ ВКД, нозири калони шӯъбачаи шӯъбаи раводид, бақайдгирӣ ва кори шиносномавии РҲТҶ ВКД, сардори шӯъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва байналхалқии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сардори Раёсат: 
Орифзода Нурулло Марифхон - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш: 1 январи 1964, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 майи 1989 сол. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Ҷасорат».

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

милитсионери  Раёсати хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири кор бо ҳайати шахсӣ, нозири калон оиди кор  бо хайати шахсӣ, ваколатдори оперативии ШКҶ,  нозири калон оиди кор бо ноболиғони  ШКҶ, муовини сардори ШКҶ,  сардори ШКҶ, муовини сардори шӯъбачаи милитсия, муовини сардори ШКД, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ, иҷроикунандаи вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, сардори Раёсати ВКД, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826315
ИмрӯзИмрӯз881
МоҳМоҳ25820
ХамагиХамаги3826315

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.