Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро - генерал-лейтенанти милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

 
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо - муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо - генерал-майори милитсия. Соли таваллудаш 17 ноябри 1970. Маълумот - олии ҳуқуқӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен» дараҷаи 1.

То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори ШКҶ, муовини сардори ШКД, сардори ШКД, муовини сардори РКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РКД вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

 
Умарзода Икром Ислом - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умарзода Икром Ислом - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 25 декабри 1957, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ-ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1980. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Нозири гурӯҳи ташкили корҳои тарбиявии Шӯъбаи 5 ВКД, нозири калони гурухи ташкили корҳои сиёсатӣ-тарбиявии Шӯъбаи 5 ВКД, нозири калони ташкили корҳои тарбиявии Шӯъбаи тарбиявӣ-меҳнатии идораи РКИ ВКД, нозири калони гуруҳи бакайдгирии меҳнат ва корҳои координатсионӣ бо ШКД ва колективҳои меҳнатии Шӯъбаи истифодабарии ҷазоҳои бо маҳкум кардан аз озоди алокаманди надоштаи РКИ ВКД, нозири калони Шӯъбаи Раёсати хизмати профилактикии ВКД, нозири калони Шӯъбаи ташкили кори комендатураи махсус ва нозироти корҳои ислоҳии РКИ ВКД, сардори нозироти корҳои ислоҳии РКИ ВКД, сардори нозироти корҳои ислоҳии Шӯъбаи 5 - уми ВКД, муовини сардор, ӯ низ сардори нозироти корҳои ислоҳии Шӯъбаи 5 - уми ВКД, муовини сардори Шӯъбаи корҳои тарбиявӣ ва ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоии ҳайати шахсии РК ва КҲШ ВКД, сардори Ситоди РКД, ёрдамчии муовини аввали Вазир, ваколатдори калони-оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шӯъбачаи корҳои ташкилӣ-таҳлилии Шӯъбаи корҳои ташкилӣ-таҳлилӣ ва корбарӣ-гумоштавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД. Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Солеҳзода Искандар - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солеҳзода Искандар – генерал-майори милитсия, 4 июли соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 16 апрели соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: «Ифтихорнорма». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккили ШКД, ваколатдори калони оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккили ШКД, ваколатдори калони оперативи ШМЗҶИ ШКД, ваколатдори калони оперативии ШМЗҶИ, сардори шӯъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД,  сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳо дар системаи бонкҳои РМЗҶИ ВКД, сардори Шӯъбаи РМЗҶИ ВКД, сардори шӯъбаи мубориза зидди коррупсияи дар сохторҳои қудратии РМЗҶИ ВКД, муовини сардори РМЗҶИ ВКД, сармушовири Дастгоҳи Вазири ВКД, сардори Бюрои маркази Миллии «Интерпол» -и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Навҷувонов Абдулло Шанбиевич - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навҷувонов Абдулло Шанбиевич - генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 10 июли 1965, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олии - ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз 24 июни соли 1991. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: ордени «Спитамен» дараҷаи 2, медали «Хизмати шоиста».

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Муовини сардори шӯъбаи молияи РКД-и ВМКБ, сардори ШКД, сардори ШКҶ РКД-и ВМКБ, дар Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кардааст. Сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ. Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Ализода Анварҷон Ҷума - Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ализода 
Анварҷон Ҷума - полковники милитсия, соли таваллудаш 05 январи 1973, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 августи соли 1998. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: медали «20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Иктишофчии шӯъба, ваколатдори калони оперативӣ, сардори шӯъбача, навбатдори калони оперативӣ, сардори шӯъба, сардори шӯъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғариқонунии маводи мухаддири ШВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири (РМЗГҒММ) ВКД, муовини сардори шӯъбаи махсуси РМЗГҒММ ВКД, сардори гурӯҳи оперативӣ-сафарбаркунии РМЗГҒММ ВКД, муовини сардори РМЗГҒММ ВКД,  муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт ва сардори Раёсати амнияти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Рамазонзода Суҳроб Кароматулло - полковники милитсия,  таваллудаш 01 апрели соли 1979, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олии–ҳуқуқшиносӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 20 октябри соли 2002. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Муфаттиш - криминалисти шӯъбаи назорати методии Раёсати тафтишотии ВКД, муфаттиши Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии ВКД, сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Сардори ШКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бобоназарзода Алӣ Бобоназар
 - полковники милитсия, 25 марти соли 1962 таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1998 бо мукофоти давлатӣ - медали «Ҷасорат» ва се маротиба бо Ифтихорномаи фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Аълочии милитсияи ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: соли 1984 ба мактаби олии милитсияи ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошкант дохил шуда, онро соли 1988 бомуваффақият, дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо дипломи аъло хатм намуда, фаъолияти хизматиашро аз вазифаи ваколатдори оперативии Шӯъбаи кофтукови ҷиноятии РКД вилояти Хатлон оғоз намудааст. Сипас дар вазифаи ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шӯъбаи кофтукови ҷиноятии РКД вилояти Кӯлоб, сардори ШКҶ ШКД н.Фархор, муовини сардори ҳамин ШКД оид ба корҳои оперативӣ, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорат, сардори ШКД ш.Панҷакент, муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва дигар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намудааст.

Ҳамчун корманди пуртаҷрибаи амалия ба курсантони Академия ва коллеҷи Вазорат дарсҳои илмӣ – амалӣ мегузаронад.

Бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ аз 26.08.с.2014 ба вазифаи пурмасъули Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

 
Раёсати нозиротӣ – ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон - полковники милитсия, соли таваллудаш 4 апрели 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 ноябри соли 1996. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:

Муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД, муфаттиши калони шӯъбачаи тафтишотӣ, сардори шӯъбачаи тафтишоти ҷиноятҳои марбут ба кофтукови ҷиноии шӯъбаи тафтишотии РКД, муовини сардори шӯъбаи тафтишотии РКД, муовини сардори Раёсат ӯ низ сардори шӯъбаи ташкили фаъолияти оперативӣ - гумоштавии Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, Сардори ШКД, муовини сардори РКД, Роҳбари намояндагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

 
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамот: Юнус Бобозода Назар - полковники милитсия, 22 ноябри соли 1965 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 18 сентябри соли 1998.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: Сардори шӯъбаи таъминотии РВКД ш.Душанбе, сардори шӯъбачаи раводид ва бақайдгирии РВКД ш.Душанбе, сардори шӯъбачаи раводид, бақайдгирӣ ва кори шиносномавии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбачаи корҳои раводид дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардори шӯъбаи ташкили кори раводид ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи ташкили кори раводид ва бақайдгирии РҲТҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамот, ӯ низ сардори шӯъбаи корҳои раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 26 июли соли 2016 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исозода Набиҷон Исо - полковники милитсия, таваллудаш 5 июни соли 1977, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 25 августи соли 1997. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД, муфаттиши калони шӯъбаи тафтишотии РКД, муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии ШКД хатти фӯрудгоҳи ш.Душанбеи Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД хатти фӯрудгоҳи ш.Душанбеи РКДН ВКД, сардори ШКД хатти фӯрудгоҳи ш.Душанбеи РКДН ВКД, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 
Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори раёсат: Маҳмадализода Алишер Маҳмадали – подполковники милитсия. 1 августи соли 1980 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 2001 Академияи ВКД Федератсияи Россия ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ  аз соли 2001. Фаъолияти худро аз ваколатдори фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ шурӯъ намуда, солҳои 2004-2005 дар шӯъбаи махсуси мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар нақлиёт адои хизмат намудааст. Соли 2005 муовини сардори шӯъбаи 5-уми Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Соли 2007 ваколатдори калони фаврии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2009 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 ба ҳайси мудири бахши амният ва мудофиаи ҳамин шӯъба фаъолият намудааст. Соли 2010 дар вазифаи муовини аввали сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 ноябри соли 2012 дар вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.

Маҳмадализода Алишер Маҳмадали «Аълочии милитсия» ва номзади устоди варзиш оид ба муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

 
Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Азизулозода Сафиало Азизуло - полковники милитсия, таваллудаш 9 июни соли 1962, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 03 июли соли 1990. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Медали «Хизмати шоиста». Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:

Ваколатдори оперативии мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии  ШВКД, сардори шӯъбачаи  мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шӯъбаи мубориза бар зидди коррупсия ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадасти СРМЗҶМ ВКД, сардори ШВКД, намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар худуди давлатҳои ИДМ, сардори  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, сардори  Хадамоти муҳоҷирати  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Сармарказ: Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон - полковники милитсия, таваллудаш 3 апрели соли 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 17 феврали соли 1984.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: Милитсионери ШВКД ноҳияи Ёвон, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативии Раёсати ВКД дар нақлиёт, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, сардори ШВКД хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод.

Аз 26 июли соли 2016 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3785060
ИмрӯзИмрӯз302
МоҳМоҳ30075
ХамагиХамаги3785060

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.