Тренинги омӯзишии ҳамкорӣ бо ҷомеа дар ноҳияи Ҷиргатол

Имрӯз (27.08.с.2015),дар ноҳияи Ҷиргатол бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии САҲА тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия ва мубодилаи таҷриба дар самти тасдиқи Консепсияи «Ҳамкорӣ бо ҷомеа»» доир гардид.

Дар кори тренинги омӯзишӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия  Бобоназарзода А.,  афсари калони робита оид ба ислоҳоти милитсияи САҲА Маҳмадиев Ҳ., аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия аз ноҳияи Ҷиргатол ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.

 
Тренинги омӯзишӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

Имрӯз (21.07.с.2015) дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси барномаҳои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, бо ҷалби коршиносони байналмиллалӣ тренинги чорӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Таъмини самараноки тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оғоз гардид.

Дар тренинги мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, қӯшунҳои дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок мекунанд.

 
Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи политсия»

Мусаллам аст, ки яке аз ғояҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ин иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокима ва таҳияи қонунгузории кишвар мебошад.

Тайи як моҳи охир дар бархе аз расонаҳои хабарӣ ва оҷонсиҳои иттиллоотии хориҷиву ватанӣ, аз ҷумла «Радиои Озодӣ», «Озодагон» ва «Авесто» як қатор мақолаву гузоришҳо дар бораи ислоҳоти соҳаи милитсия ва баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», ки ҷихати иштироки фаъоли ҷомеаи шахрвандӣ дар муҳокима ва таҳияи он, дар сомонаи расмии ВКД ҶТ (www.vkd.tj) нашр шуда буд, ба табъ расиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз расонаӣ кардани лоиҳаи мазкур ин пеш аз ҳама ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасӣ ва таҳияи ин санади муҳим ва ба ин васила ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳое, ки аз ҷониби онҳо манзур мегардад, иборат буд.

 
Лоиҳаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

                                                                                                                                                    Лоиҳа

 НИЗОМНОМАИ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. Муқаррароти умумӣ 

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати ташаккул ва татбиқунонии сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва баинобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканӣ, таъсис дода шудааст.

 
Ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба ҷанбаҳои гендерӣ

Имрӯз (23.06.с.2015), дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти милитсия доир гардид.

Дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ полковники милитсия Ғафуров Маҳмадулло, роҳбари шӯъба оид ба баробарии гендерӣ ва муқовимат алайҳи савдои одамони САҲА Виорелия Русу, директори филиали Маркази ҳуқуқи инсон дар ш.Хуҷанд Татяна Хатюхина, афсарони Барномаи INL Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷеймс Берг ва Меҳринисо Пирматова, сардори шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобирова Ҷавоҳир, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази рушди ҷамоати Ворух» - Урунов Ғолиб, «Наҷоти кӯдакон» - Қосимова Қурбонгул, «Маърифат» - Хидиралиева Маърифат, «Мадина» - Додхудоева Набот ва дигарон иштирок доштанд.

 
Ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оиди рафти ислоҳоти милитсия

Рӯзи 19.06.с.2015, дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода А. ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандии назди ВКД иштирок доштанд.

 
Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии Вазорати корҳои дохилӣ такмил дода шуда, барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ба суроғаҳои электронии зерин ирсол намоянд:

  Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. , Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.  

Лоиҳа 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи политсия 

Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат ва таъмини кафолатҳои давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти политсияро муайян ва ба танзим медарорад. 

 
Ҷаласаи зергурӯҳ оид ба масъалаҳои гендерӣ

Имрӯз (26.05.с.2015), дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаи аввалини зергурӯҳ оид ба масъалаҳои сиёсати гендерӣ дар барномаи ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

 
Баррасии лоиҳаи Кодекси одоби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия

Имрӯз (19.05.с.2015), дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилӣ, таҳти раёсати Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур мушовирони калони Вазири корҳои дохилӣ Бухориев М.Ғ. ва Ғуломов Қ.Ҷ., афсари калони робита оид ба ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳ., Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ  Сафаров А. ва аъзоёни Шӯро ширкат варзиданд.

 
Иштироки фаъоли аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар рафти ислоҳоти милитсия

Санаи 11 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаи дуюми Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода А., афсари калони робита оид ба ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳ., Раиси Шӯрои ҷамъиятии зикргардида Сафаров А., муовини ӯ Боймуратова М. ва аъзоёни Шӯро иштирок доштанд.

 
Тасдиқ шуд

                Бо Фармони Президенти

               Ҷумҳурии  Тоҷикистон

               аз 19 марти соли 2013,

               № 1438 тасдиқ  шудааст 

Стратегияи

ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020

Муқаддима

 Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад, инъикос менамояд.

 Стратегия ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ҷавобгӯ мебошад, равона гардидааст.

Он ифодакунандаи муносибати комилан наву таъмини рушди милитсияи Тоҷикистон мебошад, ки таҷрибаи ҷаҳониро оид ба таҳия ва амалигардонии ҳамин гуна ҳуҷҷатҳои стратегӣ, сабақ ва хулосаҳои давраҳои гузаштаи милитсия, инчунин воқеияти бавуҷудомада ва дурнамои пешрафти онро дар бар мегирад.

 
Чорабинии омӯзишӣ бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии РВКД дар шаҳри Душанбе

Имрӯз (30.08.с.2016) дар меҳмонхонаи “Атлас”- и шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «SaferWorld» (Дунёи бехатар) барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва кормандони милитсия чорабинии омӯзишӣ доир карда шуд.

 
Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020

Бо қарори Ҳукумати

ҶумҳурииТоҷикистон

аз «03» майи соли 2014,

№ 296 тасдиқ шудааст.

 

                            Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020

 1. Муқаррароти умумӣ

 Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, №704 тасдиқ гардидааст ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Стратегия), ки бо Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №1438 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати корҳои дохилӣ) таҳия карда шудааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.