Ифтитоҳи дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар РВКД минтақаи Рашт

Имрӯз (23.02.с.2016), дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт маросими ифтитоҳи дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди раёсати мазкур баргузор гардид.

 
Эътинои нозирони милитсия ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар шаҳраки Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва табодули таҷриба дар ин раванд таҳти унвони «Таҷрибаи самаранок дар самти эътинои нозирони милитсия ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳодисаҳои хушунати оилавӣ» семинар-машварат оғоз гардид.

 
Суғд: Маросими ифтитоҳи дафтари Шӯрои чамъияти оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия

Имрӯз (13.02.с.2016), дар бинои асосии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими ифтитоҳи  ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

 
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ

Рӯзи 26.12.с.2015, дар маҷлисгоҳи ВКД ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки дар кори он мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Қудратулло Ғуломов, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмиллалии ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода, афсари миллӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Ҳайдар Маҳмадиев ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД иштирок доштанд.

 
Тақдими китобҳо дар самти ислоҳоти милитсия аз ҷониби САҲА

Имрӯз (10.12.с.2015), бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон 200 дона китобҳои «Маҷмӯи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ислоҳоти милитсия», 100 дона дастурмали  «Мониторинги нигоҳдорӣ ҳангоми ҳабс дар политсия» ва 1400 дона шиору овезаҳо дар мавзӯҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми боздошт ва ҳуқуқи кӯдакону ноболиғон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ расида, барои истифодабарӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ тақдим гардиданд.

 
Қумсангир: Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонадон

Имрӯз (30.11.с.2015), дар ШВКД дар ноҳияи Қумсангир   ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила кушода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории нозир муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Қумсангир Ҳасанов Тағоймурод, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода А.Б., намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорони  ШВКД дар ноҳияи Қумсангир ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

 
Панҷакент: Кушодашавии ҳуҷра оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

24-уми ноябри соли равон дар ШВКД дар шаҳри Панҷакент чорабинии кушодашавии ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Ҳукумати шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода А.Б., муовини сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакент подполковники милитсия Авезов С., намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандон, кормандон ва собиқадорони милитсия ширкат варзиданд.

 
Баргузории мизи мудаввар оид ба ҷорӣ намудани системаи электронии бақайдгирӣ

Имрӯз (03.11.с.2015), дар маҷлисгоҳи ВКД бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷорӣ намудани системаи электронии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони илм, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, коршиносони маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

 
Семинар-машварати навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Норак

Имрӯз (29.10.с.2015), дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон семинар-машварат дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа ва иштироки Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия» баргузор гардид, ки дар кори он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия А. Бобоназарзода, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Т. Шарипов, намояндагони САҲА дар Тоҷикистон, намояндагони РВКД вилояти Хатлон, Қисми минтақавии РВКД оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон, ҚМ РВКД гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ иштирок доштанд.

 
Ҷамъбасти семинар-машварат дар масъалаи зӯроварӣ дар оила

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, дар осоишгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои САҲА дар Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Таҷрибаи самаранок оид ба эътинои нозирони милитсия ба зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Семинар-машварати мазкур тайи се рӯз (рӯзҳои 14-16 октябри соли ҷорӣ) идома ёфта, дар он масъалаҳои эътино ба зӯроварӣ дар оила баррасӣ гардиданд.

 
Семинар-машварат оид ба зӯроварӣ дар оила

Имрӯз (14.10.с.2015), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии САҲА дар Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб семинар-машварат дар мавзӯи «Таҷрибаи самаранок оид ба эътинои нозирони милитсия ба зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

 
Семинар-машварат дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Имрӯз (25.09.с.2015), дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои САҲА дар Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.

 
Супоридани шаҳодатномаҳо ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ

Имрӯз (02.10.с.2015), дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои САҲА дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа» семинар-машварати навбатӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия  Бобоназарзода А., мушовирони калони Вазири корҳои дохилӣ  Бухоризода М. ва Шарипов Т., намояндагони САҲА дар Тоҷикистон ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

 
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа дар ноҳияи Ишкошим

Имрӯз (11.09.с.2015), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои САҲА дар Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти «Ҳамкорӣ бо ҷомеа» баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.