Тренинги омӯзишӣ барои нозирони минтақавии милитсия

Дирӯз (13.07.с.2016), дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо ташаббуси аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД вилояти Суғд Татяна Хатюхина ва дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушод бо ҷалби коршиносони миллӣ тренинги омӯзишӣ барои нозирони минтақавии милитсияи вилояти Суғд баргузор гардид.

 
Суғд: Баррасии масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила

Имрӯз (12.07.с.2016), дар доираи барномаи «Бунёди механизмҳои таъсирбахши ҳамкориҳо миёни мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти кӯмак ва ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» дар сатҳи маҳал ҷаласаи навбатии аъзоёни зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз гардид, ки он тай иду рӯз идома хоҳад ёфт.

 
Кушодашавии ҳуҷраи корӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон

Имрӯз (01.07.с.2016), дар шаҳри Қурғонтеппа маросими кушодашавии ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

 
Тақдими Китоби иттилоотӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила

Имрӯз (29.06.с.2016) дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими супоридани китоби дарсии таълимӣ ва иттилоотии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки бо дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба чоп расидааст, баргузор гардид.

 
Баргузории тренинг дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия

Имрӯз (31.05.с.2016) дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия, аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Save of World» бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар мавзеи Сароби ноҳияи Варзоб тренинги омӯзишӣ барои муррабиён оғоз ёфт.

Дар кори тренинг мутахассисони соҳа аз Ҷумҳуриҳои Булғористон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват шуда, кормандони милитсияи самти кор бо ҷомеа ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия иштирок доранд.

 
Муҳокимаи раванди ислоҳоти милитсия дар Рашт

Рӯзи 21.05.с.2016, дар доираи барномаи тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Рашт вохӯрии навбатии гуруҳи кории мусоидат ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, намояндаи ташкилоти байналмилалии «Save of World» Хирад Каргасов, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доштанд. 

 
Раванди ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа дар доираи барномаҳои қабулгардида

Дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, ки диққати асосӣ ба ҳамкориҳои зичи мақомоти милитсия бо аҳолӣ равона карда шудааст, дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатӣ доир гардид.  

Дар чорабинии мазкур, сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Save of World», аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доштанд.

 
Қурғонтеппа: Ҳамкориҳо бо милитсия таҳким меёбанд

Рӯзи 06.05.с.2016, дар шаҳри Қурғонтеппа дар доираи барномаи тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа вохӯрии судманд доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, директори барномаи INL Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷеймс Берг, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Save of World», муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Суҳроб Саломов, ёрдамчиёни сардорони ШВКД оид ба ҳамкорӣ бо созмон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доштанд. 

 
Расонидани ҳимоя ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила

Имрӯз (04.05.с.2016), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар доираи барномаи «Бунёди механизмҳои таъсирбахши ҳамкориҳо дар сатҳи маҳал миёни мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти кӯмак ба ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аъзоёни зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия ҷаласаи навбатии худро баргузор намуданд.

 
Тақвияти ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа

Имрӯз (22.04.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба мусоидати шаҳрвандон дар ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

 
Ҷаласа оид ба ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷайҳун

Имрӯз (29.03.с.2016), аъзоёни зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии худро доир намуданд.

 
Вохӯрии намояндагони ВКД ва Сафорати ИМА дар доираи ислоҳоти милитсия

Имрӯз (03.03.с.2016), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо мушовири Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оид ба адолати ҳуқуқӣ ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҷаноби Ҷеймс Берг вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, муовини сардори Раёсати алоқаи ВКД капитани милитсия Умаров Ҷумъахон Фатҳуддинович ва дигар кормандони масъули ҷонибҳо иштирок доштанд.

 
Эълони озмуни ҷойи кори холӣ!

 ДОЛЖНОСТНАЯ ИНСТРУКЦИЯ

 
Ҳуҷраи корӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб

Имрӯз (27.02.с.2016), дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб маросими кушодашавии ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия баргузор гардид.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, мушовири шӯъба оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Ганг Николаус, мушовири Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон оид ба адолати ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа ҷаноби Ҷеймс Берг, сардори Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди Қисми минтақавӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок доштанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.