Рашт: Вохӯрӣ оид ба хушунати хонаводагӣ

Имрӯз (28.07.с.2016), дар ноҳияи Рашт Гурӯҳи кории байниидоравӣ, дар ҳайати намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Заминаи амалии механизмҳои муносибати бисёрҷабҳа байни мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифз намудани ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаи Рашт» вохӯрӣ барпо намуданд.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин мубодилаи иттилоот дар бораи таҷрибаи кунунии ҳамкории байниидоравӣ дар таъмини ҳимояи ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаи Рашт, муҳокимаи мушкилот ҳангоми расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, барномарезии фаъолияти байнисоҳавии муштарак байни сохторҳои мухталиф, ки ба мубориза бо хушунати хонаводагӣ ҷалб гардидаанд, аз ҷумла нозирони милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иборат мебошад.

Чорабиниро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар ва мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат алайҳи савдои одамони САҲА Виорелия Русу бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, оиди вазъи кор дар самти хушунати хонаводагӣ ибрози назар намуданд.

Зимни суханронӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар қайд намуд, ки ислоҳоти милитсия бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, зери роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро амалӣ шуда истодааст. Дар ин ҷода аз ҷониби Президенти кишвар Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шуда, ҷиҳати амалигардонии Стратегияи мазкур Барномаи ислоҳоти милитсия ба тавсиб расидааст.

Бо назардошти моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад. Ин масъалаи доғи рӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Зеро оила ячейкаи асосии ҷомеа мебошад. Агар оила солим ва тинҷу осуда бошад, ҷомеа низ тинҷу ором аст. Мақсади асосии мақомоти милитсия ошкор ва муайян намудани сабабу омилҳои содиршавии зӯроварӣ дар оила мебошад. Мушкилоти оилавиро танҳо дар ҳамбастагӣ ба тамоми мақомотҳои дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳал кардан мумкин аст.

Мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат алайҳи савдои одамони САҲА Виорелия Русу дар мавзӯи «Таҷрибаи беҳтарини байналмилалии таҳияи механизмҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти гурӯҳи кории бисёрсоҳавӣ барои расонидани кӯмак ва ҳимояи ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ» баромад намуда, ҳамчунин аз ҷониби ӯ дар доираи ин мавзӯъ оиди таҳияи механизмҳои шабеҳсозии ҳолатҳое, ки кӯмаки ҳамоҳангсохташудаи сохторҳои гуногуни сатҳи маҳаллиро талаб мекунад, машқҳои амалӣ ташкил ва гузаронида шуд.         

Дар идомаи чорабинӣ дар утоқи корӣ оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт вобаста ба механизмҳои ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази захиравии занони маҳаллии шаҳраки Ғарм машварати корӣ доир гардид.

Х. Солиҳов, Н. Сангинова

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.