Суғд: Баррасии масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила

Имрӯз (12.07.с.2016), дар доираи барномаи «Бунёди механизмҳои таъсирбахши ҳамкориҳо миёни мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти кӯмак ва ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» дар сатҳи маҳал ҷаласаи навбатии аъзоёни зергурӯҳи корӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти мақомоти милитсия дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз гардид, ки он тай иду рӯз идома хоҳад ёфт.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ гардида, дар кори он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат алайҳи савдои одамони САҲА Виорелия Русу, роҳбари Марказ оид ба ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Татяна Хатюхина, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Шӯъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, инчунин намояндагони Маркази захираҳои занҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, нозирони милитсияи кор бо пешгирии зӯроварӣ дар оилаи РВКД дар вилояти Суғд ва дигарон иштирок доштанд.

Бо сухани муққадимавӣ ҷаласаро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар ва намояндаи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Виорелия Русу оғоз бахшиданд.

Сипас, корманди Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Исомаддинова М. баромад намуда, дар бораи вазъи кор вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар мавриди амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», натиҷаҳои кор дар шаш моҳи соли 2016 мухтасар маълумот дод.

Дар идомаи ҷаласа, намояндагони Маркази захираҳои занҳо дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Айнӣ оиди таҷрибаи ҳамкориҳои маркази мазкур бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар самти расонидани кӯмак ва ҳимояи зарардидагони зӯроварӣ дар оила, дастовардҳо ва мушкилиҳои пешомада ибрози назар намуданд.

Татяна Хатюхина - роҳбари Маркази оид ба ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таваҷҷӯҳи ҳозиринро бо мавзӯи «Дарки муҳимияти роҳҳои бартаратафсозии мушкилоти зӯроварӣ дар оила»  ҷалб намуд.

Ҳамчунин, дар мавзӯи «Таҷрибаи амалии беҳтарини байналмилалӣ ташкили механизмҳои ҳамкориҳо ва фаъолияти бисёрҷабҳаи гурӯҳи корӣ дар расонидани кӯмак ва ҳимояи зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила» мушовир оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат алайҳи савдои одамони САҲА Виорелия Русу суханронӣ намуд.

Мавриди зикр аст, мақсад аз ташкил ва баргузории чорабинии мазкур ин мубодилаи таҷриба дар самти ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти расонидани кӯмак ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва тартиб додани нақшаи чорабиниҳои якҷоя дар мубориза бо табъизи гендерӣ мебошад.

Хисрав Солиҳов, Наргис Сангинова

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.