Кушодашавии ҳуҷраи корӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон

Имрӯз (01.07.с.2016), дар шаҳри Қурғонтеппа маросими кушодашавии ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Бобоназарзода А.Б., сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Баҳром Шарифзода, сардори намояндагии Дафтари САҲА дар вилояти Хатлон ҷаноби Ене Иван Андреевич, иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вячеслав Абрамед, ҳайати шахсии раёсати мазкур ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди раёсат иштирок доштанд.

Нахуст, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар баромад намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо бо дастуру супориш ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ислоҳоти милитсия идома ёфта истодааст.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ бо мақсади тақвият бахшидани боварии мардум ба милитсия, аз ҳадафҳои афзалиятноки ин барнома ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар қаламрави кишвар  аллакай Шӯроҳои ҷамъиятӣ созмон дода шуда, ҳуҷраҳои кории онҳо бунёд ва бо техникаи замонавӣ таҷҳизонида шудаанд.

Имрӯз боз як ҳуҷраи кории Шурои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон ба истифода дода мешавад, ки барои фаъолияти босамари аъзоёни ин Шӯро боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шарифзода Баҳром зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар замони муосир мебояд милитсияи тоҷик бо аҳолӣ ҳамкориҳояшро густариш дода, сазовори боварии мардум гардад. Таъсис додани чунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ аз манфиат холӣ набуда, барои тинҷиву оромӣ ва амнияти шаҳрвандон равона шудаанд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин меҳмонон, сардори намояндагии Дафтари САҲА дар вилояти Хатлон ҷаноби Ене Иван Андреевич ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вячеслав Абрамед суханронӣ намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои таваҷҷӯҳи хоса доштан ба ҳамкориҳои мақомоти милитсия бо аҳолӣ баҳои баланд дода, дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо миннатдории худро баён доштанд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоназаров баромад намуда, барои муҳайё намудани шароитҳои мусоиди корӣ ба ташаббускорони ин иқдом изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, дар омода намудани мақоми фаъоли ҷомеа дар самти иштирок дар раванди ислоҳоти милитсия мусоидат менамоянд.

Сипас аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар утоқи кории барҳаво ҷаласаи навбатии худро баргузор карда, вобаста ба амалӣ намудани Нақшаи кории тасдиқгардидаи худ мубодилаи афкор намуданд.

Х. Солиҳов, Н. Сангинова

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.