Муҳокимаи раванди ислоҳоти милитсия дар Рашт

Рӯзи 21.05.с.2016, дар доираи барномаи тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Рашт вохӯрии навбатии гуруҳи кории мусоидат ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил, намояндаи ташкилоти байналмилалии «Save of World» Хирад Каргасов, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доштанд. 

Чорабиниро сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Рустам Шафизода кушода, дар назди меҳмонону иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба корҳои анҷомдодаи кормандони милитсияи минтақа ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои мақомот бо ҷомеа суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки дар ин самт Шӯрои ҷамъиятии навтаъсисдодашудаи оид ба мусоидати шаҳрвандон дар ислоҳоти милитсия фаъолияти худро шурӯъ намуда, саҳми худро дар наздик намудани робитаҳои милитсия бо аҳолӣ мерасонанд. Зимни банақшагирии чорабиниҳои оммавӣ, баррасии мушкилоти мардум фикру мулоҳиза ва пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Барои ба даст овардани боварию эътимоди мардуми минтақа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад.      

Дар идома, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар изҳори назар намуда, қайд намуд, ки тибқи дастуру ҳидояиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амалисозии барномаи тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа бо маром идома дорад. Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилаллӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар раванди ислоҳоти милитсия аллакай корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Таъсиси утоқҳои корӣ барои нозирони кор бо зӯроварӣ дар оила, ҳуҷраҳои корӣ ба аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ, фаъолии аҳли ҷамоатчигӣ ва ғайра шаҳодати гуфтаҳои болоанд, чунин дастовардҳо дар ноҳияи Рашт низ қобили тазаккур ҳастанд.

Дар идомаи ҷамъомад менеҷери лоиҳаи «Save of World» Хирад Каргасов суханронӣ намуда, дар бораи барномаҳои роҳандозинамудаи ташкилоташон дар самти тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо аҳолӣ ибрози назар намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ташкилоти онҳо омода аст, барои мусоидат ба рафти ислоҳоти милитсияи тоҷик, баланд бардоштани эътимоди мардум ба кормандони ин ниҳод ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. 

Баъди баромадҳои асосӣ миёни иштирокчиёни ҷаласа муҳокимарониҳо сурат гирифтанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ, вобаста ба ҷалби аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок ва мусоидат ба мақомоти милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо, мавқеи Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам фикру пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Х. Солиҳов, Н. Сангинова

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.