Вохӯрӣ бо аҳолии шаҳраки Зарафшони ноҳияи Сино

Рӯзи 20-уми декабри соли 2016, Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи бехатар” (Сейферворлд) ва Сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони шаҳракҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Гулпарӣ Латипова, Юсуфҷон Мирзоев, Давлат Ёров ва Раҳим Раҳимов оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани муноқишаи миёни ҷавонон маълумот доданд. Ҳамчунин, ёрдамчии сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш. Душанбе оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд.

 
Баррасии масъалаҳои рӯзмарра

Имрӯз (18.11.с.2016), дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бо иштироки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди ВКД, аъзои гурӯҳи навташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ташкилотҳои «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) ва «АЗИТ» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он инчунин намояндагони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.

 
Вохӯрӣ оид ба муаррифӣ намудани нақшаҳои ҳалли мушкилот

Имрӯз (11.11.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД, аъзоёни Гурӯҳи навташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Фирдавсии (маҳаллаи Машъал) шаҳри Душанбе, ҳамчунин Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ташкилотҳои Сейферворлд (Дунёи бехатар) ва “АЗИТ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин як вохӯрӣ муаррифӣ намудани нақшаи пешгирии мушкилот оид ба бехатарӣ буда, тарзи таҳияи чунин нақшаҳо қаблан аз ҷониби ташкилоти “Сейферворлд” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” ба иштирокчиён (кормандони милитсия, Шӯрои ҷамъиятӣ ва Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа) омӯзонида шуда буданд.

 
Чорабинии омӯзишӣ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ

Рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2016 бо дастгирии ташкилоти Saferworld (Дунёи бехатар) дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти милитсия барои фаъолони ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар минтақаи Ромит моҳи августи соли равон дар натиҷаи муаррифии пурсишҳо дар байни сокинон, раисони маҳалла ва кормандони милитсия қарор қабул карда шуда буд, ки дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис дода шуда, ба Гуруҳи хамкории милитсия бо ҷомеа, аз ҷумлаи фаъолони маҳалла, ки аз тамоми қишри ҷомеа иборатанд, баҳри ҳалли мушкилоти бехатарӣ дар ҷомеа чорабиниҳои омӯзишӣ доир карда мешаванд.

 
Чорабинии омӯзишӣ дар маҳаллаи «Машъал»

14 - 15 сентябри соли 2016 намояндагони Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо фаъолони маҳаллаи «Машъал»-и ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии омӯзишӣ гузарониданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии ташкилоти «Savetheworld» (Дунёи бехатар) дар мактаб-интернат доир гардид.

Қобили қайд аст, ки 12-уми августи соли 2016 дар натиҷаи муаррифии пурсишҳо дар байни сокинон, раисони маҳалла ва кормандони милитсияи РВКД шаҳри Душанбе қарор қабул карда шуда буд, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис дода шавад.

 
Вохӯрӣ бо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд

Дирӯз (15.09.с.2016), дар РВКД дар вилояти Суғд машварати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ваҳҳобзода Баҳодур Барот, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломов бо аъзоёни Шӯро ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» вохӯрӣ доир гардид.

 
Вохӯрии Ҳамоҳангсози миллӣ бо намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон

Имрӯз (17.08.с.2016), дар Вазорати корҳои дохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар бо сардори Департаменти мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Фейзо Нуманай вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои банақшагирии фаъолият дар самти ҳамкории милитсия бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар доираи ислоҳоти милитсия дар соли 2017, татбиқи системаи бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ки яке аз мавзӯҳои асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

 
Баррасии раванди ислоҳоти милитсия дар шаҳри Турсунзода

12.08.с.2016, дар маҷлисгоҳи ШВКД дар шаҳри Турсунзода дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо ҳайати шахсӣ, масъулони кор бо ҷомеаи шӯъбаи мазкур ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар оғоз бахшида, оиди қабули Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди амалисозии он ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт мухтасар маълумот дод.  

 
Вохӯрии намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ бо сокинони шаҳри Душанбе

Имрӯз (11.08.с.2016) аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи РВКД дар шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида оиди натоиҷи пурсишҳо роҷеъ ба баҳодиҳии ҷомеаҳо аз нуқтаи назари бехатарӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Сино-2 ва Фирдавсӣ-2 -и пойтахт вохӯрӣ доир намуданд.

Қобили қайд аст, ки чанде қабл бо мақсади баҳодиҳии вазъу ҳолат дар самти ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа миёни истиқоматкунандагони ноҳияҳои Сино-2 ва Фирдавсӣ-2 пурсишнома гузаронида шуд. Аз натиҷаи пурсишнома ноҳияи Фирдавсӣ-2 барои ҳамкориҳои минбаъда интихоб гардида, дар ин замина Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ояндаи наздик таъсис дода мешаванд.

 
Ҳисор: Тақвияти ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа

Дирӯз (05.08.с.2016) дар толори маҷлисгоҳи ШВКД дар шаҳри Ҳисор дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо иштироки ҳайати шахсӣ ва масъулони кор бо ҷомеаи шӯъбаи мазкур чорабинӣ доир карда шуд.

 
Чорабинии омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе

30.07.с.2016, дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе чорабинии омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва методологияи баҳодиҳии ҷомеа» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеа иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии ташкилоти байналмилалии «SAFERWORLD» бо ҷалби коршиносони миллӣ доир гардид.

 
Рашт: Вохӯрӣ оид ба хушунати хонаводагӣ

Имрӯз (28.07.с.2016), дар ноҳияи Рашт Гурӯҳи кории байниидоравӣ, дар ҳайати намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Заминаи амалии механизмҳои муносибати бисёрҷабҳа байни мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифз намудани ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаи Рашт» вохӯрӣ барпо намуданд.

 
Тақдими компютерҳо ба кормандони самти кор бо ҷомеа

Имрӯз (29.07.с.2016) дар толори маҷлисгоҳи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ёрдамчиёни сардорони Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия ҳамчун кӯмак ба фаъолияти кориашон компютерҳо супорида шуд.

 
Кӯмаки техникӣ дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия

Имрӯз (22.07.с.2016) дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар шаҳри Душанбе маросими тақдими компютерҳо ба ёрдамчиёни сардорони Раёсат ва Шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри мазкур ва ноҳияҳои он оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Кӯмаки техникии зикргардида дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия ва дастгирии Департамент оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва таъминоти тартиботи ҳуқуқии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, баҳри тақвият додани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа равона шудааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.