Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом, ман Хазратулло мехохам дар вазорати корхои дохили кор ва фаьолият намоям, маълумотам оли (донишгохи миллии Точикистон, математик,рутбаам лейтинанти хурд)оё ман имконият дорам? агар ха, Ман тайёр ва аз худ бовари дорам ки кор карда метавонам!
Салом! Аз шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки ба саволи ман посух гардонед. Ман 5 мох пеш худамро аз кайди хона баровардам, холо мехохам дубора худамро ба кайд гирам, аммо дар раёсати бакайдгири ба ман гуфтанд ки бояад чарима супори. Ман хаминро фахмиданиям ки маблаги чарима дар муддати 5 мох чикадар аст. Аз шумо сипосгузорам!
Здравствуйте! Вопрос относится к сотрудникам ГАИ. Я превысел скорость с ограничительным знаком 60. (83 км) Хотел бы узнать, каков штраф за подобное нарушение? Спасибо.
Салом. Мехостам фахмам,ки шаходатномаи оиди газобални автомобилии ронанда (удостоверение водителя газобалонного автомобиля) аз кучо дастрас карда мешавад? Хангоми надоштани чунин шаходатнома, чаримааш чанд сомон мешавад? Аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам, ки ба саволи ман чавоб нависед.
Ман 2015 сол Донишгохи Милли Точикистон ро факультети хукукшиносро хатум намудан барои кор кардан дар ВКД ЧТ чи гуна хуччат лозим хаст ба тарики озмун бошад ё танхо бо Вазир сухбат намудан."
Салом мехостам баен кунам он хама клубхои Габона ва шаробхонахоро махкам мекардед намешуд,аз масчидхо,ладида ?
Каблан барои посухатон сипосгузори намуда саволи зерин дорам: 1.Мехостам, ки фахмам оё кормандони БДА ва ё ППС хангоми автомашинаро дар чойи манъ кардашуда гузошта рафтан хукуки канда гирифтани раками давлатии автомашинаро доранд ё не? 2.Дар кадом холатхо раками давлатии автомашинаро гирифтан доранд?
Агар щахсе ба чони худ касди куштан кунаду намурад уро ба Чавобгари кашида мешавад ё на???
Салом алейкум ба шумо як савол дорам... Аксарияти чавонони хозира бисёри вакт аз хонаи худшон мегурезанд аз сабаби бо падару модарошон гапошон мегурезад. Баъд онхоро ба ба чавобгари кашида мешавад... Агар ки чинояти вазнин накарда бошад.. Баъд як саволи дигар дорам... Маро Бародари падарам Хеле сахт азоб метияд.Ба чои падарам ба ман хучаини мекунад... ба ин хел гуна одамо чихе чазо дода мешавад... Илтимос ба саволхом ман чавоб гардонед... Бо Эхтиром: Шахрванди Точикистон...
Салом, агар имкон бошад Низомномаи низоми шиноснома дар Чумхурии Точикистон ирсол мекардед ва ё дар бораи тарзи муваккатан ба каёд гузоштанро мефахмондед.
салом... ба шумо як суол дорам... Ман як духтареро дуст медорам неки падару модари ман рози нестан... Ва ман ба гапи падару модарам зид баромада аз хона баромада рафтам... Дар сарам хар хел фикрхои гуногун мебошад.. Баъзе вакт фикр мекунам ки агар одам кушам да турма мешинам... баъзе вакт фикр мекунам ки ба давлатии Исломии Сурия равам мегуям аммо хиёнат ба ватани азизам карда наметавонам... ман он духтарро хеле азх хад зиёд дусьт медорам..Намедонам ки ба гуфтаи падару модарам гуш карда худам касди куштан кунам ё ин ки бар зидди суханхои гапои падару модарам бароям... илтимос ба ман кумак расонед ду рох дорам.
Салом аз шумо хохиш мекунамки ба соволи ман бо пураги чавоб дихед ман мехохамки дар шахри москав хонам ман орзу дорам,ки угаловник шудан мехохам угаловни чандум кластер аст. Ва ба ин ба кадом факултед даромадан лозим аз ин аз кадом фанхо егизамин гирифта мешавад ба кадом фанхо таёри бинам аз шумо узри биёр мехам агар саволи бечо додаги бошам.
Ассаламу алайкум ҷаноби вазир суоли банда чунин аст. Ман шаҳрванди ТҶ ҳастам ва барои кор ба Туркия сафар намудам аммо ба доми ифротгароен афтодам ва ба Сурия бурданд моро баъд аз чанд муддат ба хонаводаам хабар додам ки ман дар Сурия ҳастам бо шунидани ин суханам волидонам аз ман руй гардонданд ва КДАМ хонаводаамро пурсон мешаванд ... пас аз 6 моҳ Шукронаи Худо иштибоҳамро дарк кардаму аз Сурия хориҷ шудам бо як мушкили сидқан пушаймон ҳастам, падару модарам аз баҳрам гузаштаанд ҳоло дар яке аз давлатҳои хориҷ ҳастам вале барои исботи ин суханонам омода ҳастам ки ба сафорати ҷумҳуриям биравам ва исбот кунам ки ман дар Сурияву Ироқ нестам ва метарсам агар ба Тоҷикистон биравам зиндонӣ мешавам ва инчунин руи бозгашт ба ватанро надорам ба хотири хешу ақрабонам ба хусус падару модари меҳрубонам аз ман руй гардондаанд..... Оё роҳи ҳали мушкилии ман ҳамин аст ҷаноби вазир?
Шиносномаи ман соли 2001 аз љониби ШВКД дар нохияи Исфара дода шудааст. Дар он «санаи анчоми эътибор бемухлат» гуфта шудааст. Оё зарурияти шиносномаи нав гирифтанам чой дорад?
Ассалому алайкум!Мехостам ба саволам посух гирам.Агар кормандони БДА дар холати сархущ ва ё истемоли маводи нашъадор ронандаро дастгир кунанд ва протокол кунанд чи мешавад?? Ронанда ба мухлати чанд сол аз хукуки ронандаги махрум мешавад ва ё чи кадар чарима месупорад???
салом агар шахс шиносномаашро гум карда бошад, ба хисоби миёна ба у чанд сомони чарима баста мешавад.
Салом бештари ронандагон аз асбобеки аз масофаи дур суръати наклиётро муайян мекунанд, шикоят доранд ин холат хатто дар пиронсолон низ дида мешавад, кормандони ВКД дар ин маврид чи назар доранд оё шикоятхо кобили кабуланд ё боварии комил доред ки ин асбобхо дурусту бехато муайян мекунанд.
Салом ман 22 сол дорум яке ба сайтхой интернети нохост сайтхой бешармона даромадам яке ончо баромадки штраф мекунан но ман 22 сол дорам и нохостшуд
Салом. Барои гирифтани бирка (когази муоинаи техника) чанд сомони бояд пардохт намуд ?
Мухлати паспорт то каяй ?? одам бояд 25 ва 45 солагида алиш кунан ???
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3736611
ИмрӯзИмрӯз90
МоҳМоҳ16313
ХамагиХамаги3736611

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.