Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Ассалому алейкум мухтарам вазир Рахим Рамазон Хамрох. Ин номаро собик прапорщики милиса Одинаев Музаффар, таваллуди 1962, чои кори охирон Полки ППСМ ВКД ЧТ. Ман соли 1993 то 2000 дар нохияи Ховалинг дар шуъбаи ШКД ба хайси ердамчии навбатдор зери рохбарии Шумо кор мекардам. Аз соли 2002 то 2005 дар полки ППСМ ВКД ЧТ кор кардам. Бадан бе ягон сабаб маро Полковник Исмоилов Абдулазиз аз кор сабукдуш кард. Хохиш мекунам хамин кори манро тафтиш карда ба ман чавобе нисбати нафакаи ман дихед. Бо эхтиром Одинаев Музаффар.
Салом барои гирифтани шаҳодатномаӣ газ ба кадом мақомот муроҷиат кардан зарур аст?
Кулли кормандони ВКД Чумхурии Точикистонро бо "Иди Навруз" тарбирку муборак бод намуда,барояшон хонаободиву риски фароз, тинчиву амони ва хотиричамиро орзу мандам. Шукри худован менамоям, ки дар Точикистони азизамон ба Шарофати Пешвои Миллатамон тинчиву амаони аст,инчунин барои хизматхои пуршарафи шабонарузиатон комёбихои беназир таманно дорам,мефахмам Шумо дар ин рузхои идона дучанд фаъолият бурда осоиштагии мардуми азизамонро таъмин менамояд ва дар давраи оилаатон нестед, новобаста аз ин руафтода набошед. Мардуми бохират хамаи ин хизматхои шоёнатонро дарк менамояд. ИД МУБОРАК !!!.
Асалому алейкум, саволи ман чунин аст: Кормандони БДА вакте, ки дар рох меистанд ва воситахои наклиётро манъ мекунанд, онхо ягонхел фармон доранд? масалан Эшов Тошмат имруз бо фармони Сардори шуъба дар рохи кучаи И.Сомони хукуки воситахои наклиётро манъ карданро дорад. 2-савол, Вакте, ки корманди БДА воситаи наклиётро манъ мекунанд, ронанда авал хуччатхои корманди БДА-ро пурсиданро хукук дорад? Саволи 3-юм бошад, вакте,ки воситаи наклиёт ягон коидаро вайрон намекунад ва кормандони БДА уро манъ мекунанд, инхел хукук доранд? Пешаки рахмати худро ба Шумо мерасонам, ин сомона бехтарин сомона мебошад аз нигохи ман, чунки шахрвандон аз хукукхои худ бохабар мешаванд.
Барои посухо ба саволхо миннатдории худро баён менамоям. Мехостам фахмам, ки дар холати гузаштани мухлати шаходатномаи муваккатии роннандаги аз тарафи кормандони БДА чи гуна чора андешида шуданаш мумкин? Рахмат.
Салом ман мехостам қонун дар бораи ҳамли силоҳи шикориро дар Эмайли ман равон мекардед. ташаккури зиёд
Салом ба кормандони сомонаи ВКД ташхиси техникиам ( техосмотр ) 01.08.2016 мухлаташ гузиштааст, маро корманди БДА дар санаи 14.03.2016 манъ карда ҳуҷатҳоямро аз назар гузаронд ва протокол навист 315 қ1 , ва рақами давлатии мошинамро канда гирифт , ман дар санаи 15.03.2016 аз ташхиси техники гузиштам хама хуҷатхоям 100% шуд , ба ман ҷавоб дихед ман чи қадар ҷарима супориданам лозим аст ва дар куҷо ҷарима месупорам ва бо кадом роҳ рақамҳои давлатии мошинамро гирам?
Салом,як савол дорам, дар холате, ки ронанда автомашинаи шахсиашро дар чойхи барои нигохдории (стоянка) он манъ карда шудааст,муваккатан монда рафтанаш оё кормандони БДА ва ё дигар кормандони милитсия хукуки канда гирфтани раками давлатии автомашинаро доранд? Дуюм савол дар кадом холатхо кормандони БДА ва ё дигар кормандони милитсия раками давлатии автомашинаро бе иштироки ронанда (сохибмулк) гирифтанро доранд? Барои посухатон каблан сипосгузорам!
Саломалекум. Хуччатхое ки барои истифодаи газ дар мошин аст чанд пул меистад мувофики конуни ЧТ(акт удостворение). Дар Техпоспорти мошаинам печат аз БДА аст оёо ин печат мухлат (срок) дорад ё на?? Илтимос чавоб гуед.
Салом. Бародари ман соли 2013 бо як зан бо розигии харду тараф доду гирифти пули кардааст.холо бошад вай зан аз болои бародарам шикоят кардаистодааст вай кормандони милиси бародарамро дела кардаанд бо статяи 247 кисми3 банди А. Ман як чизро намефахмам барои чи ман вакто ки аз онхо хостам ки карзи маро аз одамон руёнида дихед гуфта ба онхо забонхати мардумро пешниход кардам онхо ба ман ин бахси граждани ба суд мурочиат кунитон гуфтаанду локин забонхати бародаром ро гирифти дела карданд оё хамин статя кати бародарам ба амнистияи гузаштава мефарояд ё не локин ба ман тамоми адвокату дигар шахсо мегуянд ки дар инчо фиреб дида намешавад набояд он милиса дела мекад барои бародарад гуфта
вне стационарного поста остановка автомобиля, с целю проверки документов, не допускается хамин закон дар ТЧ вучуд дорад? Илтимос ба саволхо чавоб дихед
Корманди БДА барои фаромуш кардани шаходатномаи ронандаги протокол кард ва мошинаро махкам кард. ман чи кадар бояд чарима супорам барои он, ки шаҳодатномаро фаромуш кардам
Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани андозед. Хангоми вайрон намудани коидахои харакат дар рох, мутобики Кодекси маъмури чаримабанди муайян карда шуда, маблаги чарима хамчун андозаи минимали ва максимали, барои хар як ва е чамъи койдавайронкуни, нишон дода шудааст. Ба мисоли моддаи 331 аз се то панч нишондиханда (120 то 200 сомони). Хангоми таъин намудани чарима, БДА чи тавр муайна менамояд, ки минмали ва е максимали чаримабанди истифода бурда шавад (3, ва е 4, ва е 5 андоза).Ягон дастурамал дар мавзуъи таъин намудани чаримабанди хаст? Агар набошад, маълум мешавад, ки БДА ба касе ки хохад ва чихели ки хохад андозаи чаримаро, дар чурчубаи минимали ва максимали, муайян менамояд. Агра ягон дастурамал бошад, чи тавр онро мо дастрас намоем, то ки хангоми таъин намудани чарима, асоснок будани андозаи он ба мо маълум гардад.
Салом саволи 1. Ман акти газ дорам барои Гирифтани Шаҳодатномаи газ ба куҷо муроҷиат намоям ва маблағи он чӣ қадар аст? Саволи 2. Вақте ба донишгоҳ донишҷу бо мошинҳои шахсияш раваду қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон накунад ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дошта бошад ва ба истоҳ мошинашро монад мумкин аст ё не? Қарори Ҳукумати ҶТ ва Фармони вазорати маорифро менавиштед ва оиди ин масъала пурратар тавҳзеҳ медод.
Салом як савол дорам. Маро санаи 20.02.2016 сол дар нохияи Фирдавси корманди БДА боздошт ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузаронид вале гуфт ки қарори ҳукумати ҶТ баромадааст аз 20 декабр оиди чарогҳои иловаги дар мошин ( дар бампери пеши мошини ман чарогҳои рушанидиҳандаи ба талабот ҷавобгу буд) протокол тарбит дод. Оё ҳамин гуна қарор баромадааст? Оё корманди БДА дуруст протоколро тартиб додааст? Қаблан аз Шумо спизгузорам!
Салом. Фед-сия Руссия Приказ МВД РФ №185 дорад барои аз мошин фаромадан бо хохиши худи ронанда ва мулоим гап задани корманди БДА бо ронанда ва гайра хаст. ВКД ЧТ хамин намуд приказ дорад? дар сомонаи шумо кофтам наёфтам илтимос ин намуд приказро ба ман дастрас намоед ё да сомонаатон илова кунед
Салом алекум! мо истикоматкунандагони кучаи Федина-35 ва 39 нохияи Синои г Дущанбе мехостем дар гирду атрофи бинохои истикоматиамон акалан хафтае ду маротиба баъди соатхоо 6 бегохи рейт гузаронед чун ки чавонони пайдо шудаанд ки бо нащъмандию дигар корхои гайри инсони машгуланд яке аз онхо Хамза ном худро муарифи карда баъзан вакт бетартиби мекунад илтимос хохшамонро рад накунед мардум шикоят бисёр доранд валле метарсанд хабр диханд
Ассалому алейкум кормандони сомонаи ВКД, ман соли 01.12.2012 оиладор шудам ва аз кайди САШХ гузаштам хамсарам дар аризаи САХШ кайд карда аст ки ба насаби(фамиляи) ман гузарад, дар шаходатномаи САХШ ба насаби ман навишта шуда аст лекин то хол шиносномашро иваз накарда аст. Савол: 1) Агар ман хозир хамсарамро ба насаби (фамиляи) худам гузаронида шиноснома гирам оё чарима месупорам агар ха чан пул агар не чи тавр мешавад. 2) Пас аз гирифтани шиносномаи нав ба насаби ман гузашта гувохномаи ронандагии (права) и у чи тавр машавад иваз мешавад ё худи гувохнома амали мекунад агар иваз бошад чан пул чи тавр аст фахмонед илтимос.
салом! аз шумо хохиш мекунам ба саволи ман шарх дихед. Шаходатнома ронанда оиди тачхизоти газиро аз кучо дастрас карда метавонам, ман дар шахри Чкалов, вилояти Сугд зиндаги мекунам. Аз сабаби набудани чунин шаходатнома чигуна чарима пешбини карда шудааст. каблан сипосгузорам.
ассалому алайкум ма мехом мдв да кор кунам падару модарам пенсанер.. дар оила 1 пимар 2 духтари дига мебошад... ваёни билети 1 писара дорам мехостам саволмда чавоб медоден..
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.