Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом кормандони ВКЧТ саволи ман чунин аст! Ман барои гирифтани шиносномаи хоричии биометри хуччатхои худро бо расидхояш ба Шуъбаи шиносномадихии шахри Хучанд 25.05.2015 супоридам. Пас аз як мох шиносномаи худро гирифтам. Аммо хозир хонам бар номи ман ба тарзи лотини харфи зиёдатие кати шудааст яъне: (Khudoynazarov Dilshodq Makhkamovich) чи хеле мебинед дар ин чо харфи (q) зиёдати мебошад. Ман мурочиат кардам ба онхо то ки хатогии худро фахмида шиносномаи маро иваз кунанд, аммо ба ман гуфтанд аз хонда гирифтан даркор буд. Барои иваз кардан бояд аз нав пулашро пардохт карда расидхояшро пешниход намои…. Дар ин холат ман чи кор кунам.
Салом, мехостам моддаи мазкурро шарх дихед. Агар аз рўзи содир шудани њуќуќвайронкунињои маъмурии зерин шаш моњ гузашта бошад, шахс ба љавобгарии маъмурї кашида намешавад: - вобаста ба ќоидањои бехатарии њаракат дар роњ (њуќуќвайронкунињои маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ё боиси расонидани зарари сабук ба саломатии љабрдида гардидаанд)
Салом. Рузи 30 маи соли ҷорӣ, маро нозири роҳ дар яке аз кӯчаҳои ш.Душанбе манъ намуда, даъво кард, ки гӯё ман хатти уфуқиро зер карда бошам. Дарҳол дар коғазе, ки рақами тартибӣ дошт 40 сомони ҷарима навишта, талаб кард ки ман ҷаримаро дар ҳамон ҷо супорам. Банда рад карда, гуфтам, ки рафта тавассути Амонатбонк тибқи муқаррарот месупорам. Аз ин кори ман нозири роҳ бештар хашмгин шуда, протокол оиди қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода, гуфт "40 сомони ки пардохт накардӣ, акнун рафта 120-200 сомони ҷарима месупорӣ" ва хуҷҷати ронандагиамро мусодира намуд. Саволи банда чунин аст: - Ронанда дар кадом ҳолат ва асос метавонад хаққи ҷаримаро ба нозири роҳ таслим намояд? - Дар қонунгузории ҶТ барои қоидавайронкунии зикршуда (моддаи 324 КҲМ ҶТ) барои бори аввал огоҳӣ пешбинӣ шудааст ва дафъаи дуюм дар давоми сол - ҷарима. Агарчи ман ба даъвои нозир розӣ нестам, чунин қоидав. аз ҷониби ман бори аввал буд. Магар нозири роҳ ҳақ дошт, ки протокол тартиб дода, хуҷҷати маро мусодира намояд?
Салом! Нисбати шахсоне, ки дар шабакахои ичтимои бо аккаунтхои калбаки ба боварии одамон даромада, барои ягон намуди хизматрасони ва ё мол маблаг меруёнанду нопадид мешаванд, чи гуна чорабини намудан мумкин?
Салому алайкум! Ман истикоматкунандаи нохияи Сино 1 шахри Душанбе мувакатан дар нохияи Фархор зиндаги мекунам. Дар шаходатномаам дар нохияи Сино дар кайди доими хастам. суол: Оё ман метавонам аз кайди доими набароварда ба мудати 1 сол ба кайд дар нохияи Фархор бимонам.
Салом алейкум ба кормандони ВКД, ки хамеша моро бо маслихату чавобхои худ дастгири менамоед! Саволи ман чунин аст, кадом намуди ярок дар Точикистон барои худмухофизии шахрвандон ичозат дода шудааст? Масъалан аз ин намуди ярокхо кадомеашон ичозат дода шудааст? Таончаи Гази (Газовый пистолет), Тапончаи травматики (Травматический Пистолет), Тапончаи пневматики (пневматический пистолет). Чавоби шуморо интизор хастем ва каблан сипосгузорем!
Салом алейкум аҳли кормандони ВКД! Саволи ман чунин аст: -Оё кормандони БДА ё ки ШКД ҳақ доран бе ягон асос барои овози "спортивный выхлоп"- ро сабаб дониста нақлиётро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ(штрав стоянка) дароварда махкам кунанд? Ҳолати ҳодисае ки санаи 25-уми мая рух дод, ман бо ҷӯраам дар истгоҳи Маркази шаҳри Хуҷанд бо нақлиёти шахсиамон истода будем, ки 2 мошини БДА омада ҳуҷҷатҳоро тафтиш намуд, ҳуҷатҳоро диданд ягон айб наёфтанд. Лек аз мо талаб намудки ба ШКД и ш. Хуҷанд нақлиётро бурда ба тавақуфгоҳаш монем. Мо сабаби ин амали кардаашонро аз кормандони БДА пурсидем? Онҳо чунин ҷавоб ирсол намуданд: "-Ин фармони сардори ШКД Эмин Ҷалилов аст, нақлиёти шумо "спортивный" шумо "гонщик" ва овозашҳам баланд ва барои сардорамон намефорад!" Мо аз онҳо талаб намудем ки ба мо ягон факт ё навор ё он ки ягон материал, асос, доказательство пешниҳод намоянд вале онҳо ягончи пешниҳод нанамуда моро ба маблаги 500 сомони "ҷарима" карданд. Азин лихоз фахмо шудки хамадар назди конун нобаро
Вакти ки воситаи наклиёти худатро дустат меронад дар холати масти ва ту дар бараш нишастагии корманди БДА медорад маро 2 сол решат мекунад ва дустам бошад уро 1 сол пеш решат када буданд дар хамин холат чи мешавад ? мошини маро кормандони БДА бояд чавоб диханд ё не ?
Салом. Дар кисми рости рохи мошингард истигохи наклиети пулаки ташкил кардан мумкин аст? Модоме ки рох рохи давлати аст ва хар сол андози рох ситонида мешавад.
Хуччати расмие, ки иваз намудани шаходатномаи ронандагиро (аз 10 сол зиёд) тасдик менамояд. Мухлати иваз кардани шаходатномаи ронандаги то кай давом мекунад ва маблаги расмии он чанд сомони мебошад.
Корманди БДА ҳуқуқ дорад, ки ронандаро бе ягон асос ва ё аз тарафи ронанда қоида вайрон нашудааст онро манъ кунад? Ҳангоме, ки ронанда қоидаро вайрон накардааст?
Салом алекум. Айни хол ивази шаходатномаи ронандаги аз 10 сол зиеда ба амал бароварда шуда истодааст. Бояд кадом хуччатхоро пешниход намоем ва чи кадар маблаг супорем. Зеро дар макомоти БДА барои супоридани КХР (ПДД)ва имтихони рох равон мекунанд, дар баъзе холат маблаги аз 150 то 250 талаб менамоянд. Хеле нофахмоги ба миен омада истодааст. Дар асл як бародарамон чунин маблаг харочот кардааст. МЕДСПРАВКА (55 сом), Барои шаходатнома (270 сом), супоридани имтихони рох (165 сом), супоридани (ПДД (51 сом) 2-маротиба (101 сом)), аксбардор (20 сом), гирифтани шаходатномаи нав (10 сом).571 сомони агар якум маротиба ПДД-ро супорад. Дар холати даст кашидан аз имтихонхо аз 150 то 250 сомони бар ивази маблагхои имтихоноти гирифта барои иваз кардан ичозат дода истодаанд. Ташаккури зиед
Салом ба БДА кормандон, савол чунин аст: Барои чи дар чорроҳи 82 ум микрарайон (калцевойи 82) ягон камераи наворгирии наклет ё ин ки чароғаки пиёдагардон вуҷуд надорад, зиеди мактабачагон наметонанд аз ин роҳ гузаранд, илтимос ягон чароғак дар ин чорроҳ шинонед.
Салом кормандони хифзи саволи ман чунин аст! дар дохили шахр харакати сурати наклиётро 40км/с якчоя бо хукумати шахр кабул кардаанд.Дар ин сурат гузаронидани тасмаи бехатари зарур аст ё не.
Салом ба кормандони сомонаи МВД. Чаро шумо ба хамаи саволхо чавоб намегуед? Якчанд маротиба ба шумо савол медихам лекин чавоб намегирам. Маро ба кариби барои аз 10 сол зиед гузаштани хуччати ронандагиам корманди бда дар фурудгох боздошт намуда протоколи мамури тартиб дод ва кайд намуд,ки чаримаи у барои гирифтани шаходатномаи нави ронандаги справа. Ое ин дуру аст есть не? Агар дуруг бошад Чаро кормандони шумо бо ин рох бо мардумфиреби машгул хастанд? Ба телефони 502 152498 занг занед
Ассалом илтимос ба саволиман жавоб дихед.ман 14.06.1998 тавалуд шудам. Ман рузи 10март соат 20:10 ба куда бромадам.маро учаскабой дида шиносномаамро гирифта рафт. Баъди 1хафта учаскабой гуфт аз мактаб справа ва хислатнома биёред .справка ва хислатномаро овада додем. 23 руз шуд,ки хужатхоямро наметиат.ман давталаб ба матказий милии тест хужжат супоридан даркор лекин шиносномам нест. Чй кор кардан даркор .
Салом,саволи ман чунин аст: Корманди ВКД Чумхурии Точикистон хангоми ба нафака баромадан дар куча хукуки пушидани либоси низомиро дорад ё не? Рахмат.
Салом суоли ман чунин аст. Дар холати миллатгароии як шахс, нисбати шахси дигар дар чойхои чамъияти ва бо суханхои кабех дашном кардан, мувофики конунгузори ЧТ чи чорахо андешида мешавад? Илтимос пурратар чавоб дихед.
Салом ба кормандони ВКД ҶТ ман як савол дорам: оиди ҳозир шудани донишҷуёнӣ Донишгоҳҳоӣ кишвар ба Донишгоҳ бо автомашинаи шахсӣ маълумотӣ пурра медод кадом фармон,қонун,низомнома ё оиннома инро танзим мекунад.???
Салом ба кормандони сомонаи ВКД ТОЧИКИСТОН лутфан ба саволи ман посух гуед. Ман дар шахри Хучанд дар холати саросемави чарогаки сурхи рохро нодида сабзи пиёдагардро дида дар сафи аввал, ки будам ба харакад идома додам ман мехосстам аз кучаи панчшанбе ба кучаи шарк баромадани будам аз кучаи номалум,яъне кучачаи мазор ду мошин харакад кард рохи асоси ани хамонхо будаст ман фикр кардам аз пахлуи ман харакад кард гуфта харакад кардам маро БДА Хучанд протокол тартиб дод. Лутфан чаримашро баман аник кунед.
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.