Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом дар вакти фаромуш кардани хуччатхои ронандаги берун аз наклиёт аз тарафи нозирони БДА вакт дода мешавад ба ронанда, то ин, ки дигар шахс хуччатро биерад, ман шунида будам, ки то 30 дакика вакт дода мешавад. Ташаккур ба фаъолиятатон. Пазмони чавоби шумо мебошам!
Ман мехохам ба сохтори шумо кор кунам, ба ман чи маслихат медихед?
Дуруди бепоён ба кормандони хифзи хукук. Саволи ман чунин аст, лутфан мегуфтед ки нархи ичозатнома барои пайваст намудани тачхозоти гази ба автомашина дар ШБДА чанд сомони мукаррар шудааст.
Салом ба кормандони ВКД. Барои ворид кардани сигналхой мошинхое, ки садои гушхарош доранд, яъне сиренахо имрузхо дар фуруш аст, касе хохад харида ба мошинаш насб мекунад, намешавад воридоту фурушаш манъ карда шавад?
Ассалому алайкум мухтарам кормандони Вазорати корхои дохилаи Чумхурии Точикистон ман як шахрванди оддии Чумхурии Точикистон хастам ба хамаи шумо сари таъзим фуруд меорам барои тенчию оромии ватан ва хамаи шумоёро аз номи худам бо фарорасии чашни дар пеш истода Рузи вахдати милли табрик мекунам ва ба хамаи шумо умри дароз, тани сихат ва дар фаъолияти кории шумо бурдборихо орзумандам, далерони миллат!
Ассалому Алейкум!1)Барои чи аз тарафи Конун, шахсони пиёдагард дар холати вайрон намудани харакат дар рох ба чавобгари кашида намешаванд? Ва рохе, ки ба онхо манъ шудааст барои гузаштан, мегузаранд ва дар холати дар садама дучор гардидан ба хама сурат ронанда гунахкор карда мешавад? 2)Дар махалаи 82 аниктар дар доира(кальцевой) ронандагон хусусан маршрут таксихо аз хати 1 то хати 3-юм истгох карда мизочони худро чамЪовари мекунанд, хамин холат муДдати дароз давом карда истодааст, кормандони БДА пеш аз доира истода рейд мекунанду ба ин хато ахамият хам намедиханд.
Савол 1. Оё корманди литсензия хукуки наклиётро манъ намудан дорад дар рох бе БДА? Саволи 2. Мо андоз барои рох месупорем лекин рохо бисёраш кандагию чукурихо дорад наклёт тез корношоям мешавад бо айби рох зарари расидаро ки медихад. Ташакур барои ба саволхо чавоб гардонданатон, минатдорам аз чунин сайт, барори кор хохонам.
Салом ба шумо кули кормандон мухофизони ватан. Саволи ман ин аст, ки чаро шахсоне, ки удасварения (билети хизмати) доранд агар коидаи харакатро вайрон кунанд (мисол бо суръати баланд оянд онхоро БДА протокол намекунад? Факат шахсони вокеиро протокол мекунад онхоро БДА манъ мекунад онхо хучаташро нишон медиханд, мераванд.
салом алайкум саволи ман чунин аст! оё кормандони шумо метавонанд арзу шикоятҳои шаҳрвандонро берун аз марзи мамлакат қабул кунанд? мисол мо дар далати руссия астем ва миёнараве (посредник) дорем ки бароварди мо ҳақ мегираду ва бар мо зулму ситамро раво мебинад оё ин ягом роҳи ҳал дорад?
Ассалом! Хамин гап дурустми, ки дар каламрави кишварамон(сохторхои ВКД) бланкахои шиносномаи хоричи вучуд надоранд? Се мох шуд, ки шиносномаи хоричиро гирифта наметавонем, мусоидат намоед!
Ассалому алейкум, мехостам ба саволҳои ман ҷавоб диҳед: 1)дар холати набудани госстрах ба автомашина чаримаи у чи кадар? 2) автомашинаро ба паласаи 2-юм маън кардан чаримаи у чи кардар!!! каблан сипосгузорам!!!
Салом алайкум кормандони ВКД. Ман сокини шахри Конибодом мебошам.Дар шахри мо хамаги 4 чарогак хаст, ки ду тои он тамоман кор намекунанд, ду тои дигараш бо нуксон кор мекунанд. Яъне аз ранги сабз зард ношуда сурх мешавад. Аксарияти мошинхое, ки дар ранги сабз мегузаранд то ними чорраха нарафта ранги чарогак сурх мешавад. Кормандони БДА дар он тарафи рох истода манъ карда ронандаро айбдор мекунанд, ки дар ранги сурх гузаштаст. Алалхусус чоррахаи маркази шахр. Куча васеъ аст, як чорраха кариб 30 метр. Ронанда охир летчик нест ку. То 30 метр мегарди чарогак сурх мешавад. Ки бояд ин хатогиро ислох намояд ва ронанда хукук дорад дар ин хел ходиса ба ягон чои дахлдор мурочиат намояд. Саволи 2.Кормандони БДА хангоми манъ кардани наклиет аз чои худ намечунбанд, яхне ба пеши ронанда намеоянд. Ронанда чи бояд кунад агар коркуни БДА ба пеши у наояд.Агар нарафти боз дашномат медиханд, ки конундон шудаи ва дугу пуписа мекунанд.Хучатхоро мегиранд ва ба дигар тараф рафта ба ягон сухбат машгул мешаванд.Рахмат.
Кормандони мухтарами сомона илтимос ба савол чавоб дихед. Агар кормандони БДА-ро дар вакти кориашон сабт кардан мумкин набошад, пас чи тавр бояд ронандахо порагирии онхоро исбот кунанд.Оё конун хаст, ки сабт кардани корманди БДА мумкин нест.
Салом.Суол чунин аст.Оё ба накардани тасмаи бехатари баъди супоридани чарима ба бонк, сардори БДА-и нохия хак дорад ронандаро ба супоридани имтихон равон кунад.
Асалому алейкум аввало ташакур барои чавоб нависонданатон ба саволхои шахрвандони Чумхурии Точикистон,ва баъдан саволи ман чунин аст 1 Хангоми кормандони БДА барои тафтиши хучатхои ронандагони воситаи наклиёт ба рох мебарояд онхо хамрохи худ чи хучатхо бояд дошта бошанд
Ассалому Алейкум! Саволи ман ин аст, мо раками давлатии автомашинаро ки рангаш сафед буд ба ракамхои зард иваз кардем, ва холо мехохем, ки аз нав ба раками пештара ( сафед) дубора иваз кунем. Савол, дар ин холат ба мо раками пештараро медиханд ё мо бояд аз нав ба кайд гирифта раками нав гирем? Рахмат
Салом ба кормандони ВКД, мехостам дар бораи кормандони гайриштати ва вазифахои онхо маълумот дихед.
Кормандони мухтарами сомона, дар шаходатномаи кори (удостоверения)-и корманди БДА чи навишта мешавад? Яъне он навишта шудааст, ки корманди шуъбаи БДА?
Барои автомашинаҳои сабукрав чанд маротиба налог мегиранд?
Агар аломатҳои маҳдудияти суръат ва маҳали аҳолинишин набошад оё корманди БДА барои зиёд намудани суръат дар чунин ҷойҳо протоколро дар хусуси зиёд намудани суръат дуруст тартиб додааст?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4269328
ИмрӯзИмрӯз1823
МоҳМоҳ16565
ХамагиХамаги4269328

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.