Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Ман савол надорам, ахсан ба кормандони ВКД, худованд нигахбони хамаи шумо бошад бародарони азиз, сад шукри тинчиву ороми, истиклоли Ватан, илохо хамеша сарбаланду хонаобод бошед. Касе кадри захмати шуморо намедонад, кур шавад.
салом ба кормандони хифзи хукук, илтимос ба саволи ман чавоб гардонед. 1. Шахрванд хукук дорад-ми наклиёти бародар, падар ё амакро беваколатномаи наклиёт ба мухлати 1 руз ё 2 руз идора намояд? 2. Aгар наклиёт дар номи хамсарам бошад, ман метавонам беваколатнома идора намоям?
Салому алекум. Саволи ман доир ба пиёдагардон дар холате ки ронандаи автомашина пиёдагардро пахш мекунад, лекин пиёдагард дар чое, ки ба у лозим нест гухаштан рохро мегузарад, ки гунахкор дониста мешавад? (мисол: суръати харакати мошин 60км/соат, пиёдагард давон буромад, мошин хангоми тормоз додан на кам аз 14 метр боз меистад). Ташаккур.....
Салом масъулини мухтарам. Хохиш мекардам харчи зудтар ба суоли ман чавоб медодед. Агар суръати мошин 20 км соат баланд бошад аз он чи ки мумкин аст (40 км соат) чарима чанд сумро ташкил медихад? Ва барои чунин коидавайронкуни оё супоридани имтихон низ пешбини шудааст ё на? Илтимос мекардам акаллан ба email-и ман чавобашро зудтар нависед.Ташаккури бепоён.
Бачахои 18-19-соларо медонам, ки мошинхои мусофиркаши Газел-ро савор мешаванд. Мардумро дар хатсайрхои шахр мекашонанд, тамоман одамгари надоранд. Хатто коидаи ронандагиро омухтаги нестанд. Охир дар синни 18-солаги ки ба онхо ичозати категорияи D-ро медихад. Дарк хам намекунанд, ки онхо мусофир мекашонанд. Аз чарогаки сурх мегузаранд. Ба чои 15 кас 25 касро савор мекунанд. Кормандони БДА бошанд ба хамаи ин конуншиканихо чашм мепушанд. Мехостем ба ин хел конуншиканихо хотима дода шавад. Сипосгузорем.
Ассалому алайкум кормандони сомона. Ман шахрванди шахри Конибодом мебошам.Мехостам ба шумо аввалан сипос гуям оиди ба кор даровардани чарогакхои рох. Бо шарофати шумо чарогакхои шахр мунтазам кор карда истодаанд. Хамчун шахрванди ватан ман ухдадории худро оиди вайронкунии коида дар рох эхсос карда ба шумоён ин номаро ирсол менамоям. Зеро аз дигарон умед нест. Дар шахр мошинхои оинахояшон сиех карда шуда бисёр шудаанд ва мебоист ин ба ду таксим шудани халкро фахмонида истодааст. Касе ки мошинаш оинаи сиёх дорад, табакаи бой, дигарон камбагал ба шумор мераванд.Чанд бор ахамият додам ин таксимотро худи коргарони БДА ба вучуд меоранд. Илтимос ин балоро аз сари мардуми одди мебурдед. Рахмат
Бахши хело хуб.
Салом алейкум! Хамин сол мактабхои хондан барои шаходатномаи ронандаги 6-моха мешавад ё не? Агар шавад аз кай шуруъ мешавад ва нархи давлатии мактабхо чанд сомони мешавад? Рахмат!!!
1.Талони кайди койдавайронкунии ман пур шудааст. Барои гирифтани талони нав ба кучо ва чи тавр бояд мурочиат кард ва маблаги талони нав чанд кадар мебошад? Ташаккур.
1.Оё стажёрхо ё нозирони ППС, дар роххои наклиётгард, хукуки манъ кардани воситахои наклиёт ва талаб кардани хуччатхои ронандагиро доранд? 2.Дар холати аз тарафи нозири БДА, гайриконуни гирифтани аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ба кучо бояд мурочиат кард?
Салом ба Вазири корҳои дохили, дар куча ё ин, ки хиёбонхои шахри Душанбе шахрванд то соати чанд метавонад баромада гардад? Дируз дар соати 12 бо хамрохии хамсарам аз кучаи Федина ба хонаам рафта истода будам ногахон корманди милитсия маро манъ карда, пурсу пос кард, ки аз кучо ба кучо мерави? Ман хамаашро ба у гуфтам, корманди милитсия ба ман гуфт, ки шиносномаатро пешниход кун. Ман нав фахмидам, ки бояд бо шиноснома гардам. Хулоса бахонаи шиноснома ман якумбор дар умрам отделро дидам. Муносибад бехад дар сатхи поён буд. Оилаам аз тарса то хол касал аст, хулоса аз отдел 4-и сахар мо ба хона равон шудем. Барои чи ин тавр, илтимос фахмонед?
Мухтарам масъулин, ман шахрванди шахри Хучанд, сохиби мошинаи сабукрав, як савол дорам. Чи хеле, ки хамагон медонем хар сол мошинаро аз муоинаи техники гузаронидан хатмист. Ман хамчун шахрванд хар сол хатман мошинамро аз муоинаи техники дар шахри Хучанд мегузаронам. Дируз мошинамро аз муоинаи техники гузаронидам, аламаовар дар он шуд, ки беягон асос намояндагони як ширкат (ЧДММ ,,,) барои осмотри мошина 145 сомони гирифтан, лекин ба хаёли ман ин амал гайри конуни мебошад, зеро, ки тибки конститутсия ва конунхои амалкунанда дар хама холат бояд бозори озод бошад, лекин бе розигии ин ширкат масъулини БДА дар чойхо коришоки техосмотрро намедиханд. Аз ин лихоз аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба саволи ман дакик чавоб дода шавад, ки то кадом дарача ин амалхо тибки конун мебошад.
Салом алейкум! Якчанд маротиба аст,ки маро нозирони БДА манъ карда худро шинос накарда ва сабаби манъ карданро нагуфта хуччатхои маро гирифта бе сабаби муайян ва беягон кори фахмондадихи "протокол ", беягон вайронкунии коидаи харакати рох мекунанд! Мегуянд барои тафтиши хуччатхо манъ кардем, лекин гирифта протокол мекунанд! Якчанд суол дорам, илтимос чавоб гуед! 1.Аз мошин фаромадани шахрванд зарурист? 2.Хуччатхоро ба дасти нозир додан хатмист ё ин, ки нишон додан кофист? 3.Вакте, ки нозири БДА хуччатхои худро нишон намедихад мо дар рафти ягон конунро вайрон кардани у чи хел ному насаби уро мефахмем? Дар житон нест ку!!!
Дар нимсолаи соли якум чи кадар чавон ба маводи мухаддир даст доштанд ва шумораи умумии онхо чи кадар аст?
Салом ман як нафари одди. Савол. Дар ш.Кулоб дар назди бозор ракамхои дилхох мошинхоро бар мечинанд ва намедони кучо мешаванд, сахар ракамхои маро гирифтан, бегох рафтам дараки номером нест, аз руи конун дуруст аст? Хол он, ки ягон нишона задаги нест?
Асалому Алейкум! Бисёр бахши мухим ва фоидаовар ба шахрвандон! Саволи ман чунин аст: 1. Додани хуччатхои ронандаги ба дасти нозири БДА дар кадом хуччат дарч ёфтааст? Якчанд маротиба мешавад, ки вакте ки ман хуччатхои худро медихам нозирон бе чуну чаро онхоро бар нагардонида баръакс Протокол мекунанд! Оё пешниход кардан ба таври нишон додан кофи нест? Сипосгузорам!
Салом ба кулли кормандони ВКД саволи ман чунин аст: Оё дар фархои мошин часпондани плёнкахои сабзча ва сиёхча ичозат хаст ё не? Илтимос чавоб дихед.
Салом! Магар дар бинои бисёрошёнаи истикомати офис ташкил кардан мумкин аст? (Сохиби хона - хонаашро ичора медихад). Ба кадом макомот дар ин бобат даъво намудан мумкин аст?
Саломи худро ба ҳамаи кормандони ВКД мерсонам. Саволи ман чунин аст: пештар дар сомона саволу ҷавобро хондам оиди ҷаримабандии кормандони БДА каме маълумот ҳам гирифтам. Шумоён (ба саволҳо посух медодагӣ) ба саволе ҷавоб дода навистед, ки ронандагон метавонанд китоби ҷаримаи БДА-ро аз маконҳои китобфурушӣ харанд, ман тамоми маконҳои китобфуруширо гаштам лекин наёфтам. Дар яке аз мағозаҳо марде пештар корманди БДА буд гуфт: ин гапҳо сафсата аст, ҳеч вақт ин китобро намефурушанд. Бародар мо ронандагон ин китобро аз кучо дастрас намоем???
Асалому алейкум мухтарам ВКД,хифзкунандагони конун ва нигохубин кунандагони чомеаи шахрванди! Аз шумо эхтиромона хохиш мекунам бигуед ман аз назди Балтик мошин ворид кардам аз гумрук гузаштам инчунин шаходатномаи БДА-ро низ гирифтам, баъди ин хама бе иштироки ман дигар нафар хамин хучатхоро ба номи худаш гузаронида метавонад? Саволам ба хотире аст, ки дар хамин холатам, хохишмандам чавобамро шунавам бо эхтиром шахрванди ш Душанбе Садуллоев.
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4269166
ИмрӯзИмрӯз1661
МоҳМоҳ16403
ХамагиХамаги4269166

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.