Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом алайкум. Ман меҳаҳам дар ягон ҷо тирпаррониро ёд гирам. Бисёр меҳоҳам, ки дар соҳаи зидди ҷиноӣ кор кунам. ОЁ ДАР ЯГОН ҶО ҶОЙ ОМӮЗИШИ ТИРПАРРОНӢ МАВҶУД АСТ Ё НЕ?
Мухтарам кормандони сомонаи ВКД аз Шумо хохиш доштам дар бораи саволхои бахсноки ба амал омада дар танзими харакати рох аз руи лоихаи "шахри бехатар" миёни ронандагон ва маъмурияти ВКД хабар медодед. Саволи якум, дар кадом холат дар чорроха дар руи хати ист манъ кардани автомашина коидавайронкуни хисоб намешавад? Мисол, хангоми 4-10 сония нишон додани чарогаки рох автомашина ба чорроха баромад ва аз сабаби харакати сусти мошинхо дар чорроха дармонд. Автомашинахои тарафи дигар харакатро сар карда рох надоданд, ки чоррохаро озод намояд. Оё чунин холат коидавайронкуни хисобида мешавад ё не? Хохишмандам дигар масъалахои бахсноки ба амал омадаро мефахмондед. Пешниход: 1. Дар сахифаи аввали сомонаи мазкур тугмача ва оинаи хурдеро барои ворид кардани тамга, кайди раками давлатии автомашинахо чой дода бо лоихаи "шахри бехатар" пайваст намоед, ки пас аз пахш намудани тугмача ба сохиби автомашина тамоми коидавайронкунихо дастрас шаванд. 2. Пардохт тавассути терминалхо ба рох монда шавад.
Мухтарам Вазир.Аз Шумо хохиш менамоем барои ичроиши конуни нав дар бораи иваз кардани шаходатномаи ронандаги ки 10 сол пеш гирифта шудааст ба мо ронандагон то 30 январ вакт дихед.Ин коре ки коргарони БДА карда истодаанд ин яке аз роххои гайриконуни пул гирифтан аз ронандагон мебошад.Карор мохи март кабул шудааст аммо ягон бор дар телевизион ва радио ва газету мачалахо мо дар бораи он нашунидаем.Худатон як фикр кунед чаноби вазир ин корро барои чи карданд.Аз номи хамаи ронандагон илтимос.Баъд як бор коментарияхои Азия Плюсро хонед.Ана дар ин чо. http://news.tj/ru/news/voditelskie-prava-srok-kotorykh-prevysil-10-let-s-pervogo-yanvarya-stanut-nedeistvitelnymi
Ман дар бораи нафароне, ки душахрванди доранду хохиши дар МКД фаъолият кардан доранд ва баъзехо душахрванди доранду дар МКД хизмат карда истодаанд. Магар муфовики конун ичозат барои хизмат кардани чунин нафарон хаст ё не? Илтимос ба ин савол чавоб мегардонидед.
Салом ба кормандони ВКД ман ба Шумо як саволи чидди дорам Ман автомашинаи тамгаи Газел меронам ва ягон хел фаъолияти Мушофиркашони ё боркашони намекунам аз ман нозирони Бозрасии наклиёт (литцензия) аз ман талабдоранд, ки ман бояд Ичозатнома гирам. Дар конуни мазкур ин коида зикр карда нашудааст. ман ба кучо арз кунам, ки аз болои кормандони Литсензия чора дида шавад мехостам ёри дихед
Салом ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ,як савол дорам,ки оё ҳуҷҷати роннандагӣ (права) ба мӯҳлати 10 сол шудагӣ ва касоне,ки баъди соли 2003 гирифтагӣ бояд ҳатман иваз кунанд ё не ва маблағи иваз (боҷи давлати ) чанд пул аст.
Чаро имруз дар бисьёр чоихои шахр, чарогакхои рох кор намекунанд? Ман дар махаллаи 91 зиндаги мекунам, лекин зиёда аз 3 мох мешавад (шояд зиёдтар ё камтар), ки чарогаки рох кор намекунанд. 3 мох пеш ман тавассути телефони боварии Шумо 2212121 ба шумо занг зада будам, лекин шахси чавобдиханда ба ман дигар ракамро дод (хозир дар ёд надорам) то , ки ман ба дигар нафар занг занам. Имрузхо натанхо дар ин махалла (91) балки дар бисьёр чоихо шахр чарогакхо кор намекунанд, ки боиси ташвиш аст. Оё макомоти ВКД наметавонад саривакт ин камбудиро хал намояд. Умедворам, ки Шумо дар масъала мусоидат хохед кард.
Шикоятнома Салом Алейкум! Ман хонанда аз нохияи Ашт мебошам. Аз шумо хохиш мекунам ки шикоятномаи маро кабил карда чора бинед. Рузе барои супоридани имтихони ронандаги ба шахри Хучанд рафтам. Коргари авто-дром Зоидов Хуршед пеш аз супоридани имтихон аз баъзе гуруххо 150 сомони аз хар талаба мегирад бо воситаи муаллимони гуруххо. Ман шохиди онам ки Зоидов Хуршед аксари талабахое ки бедониш хастанд аз имтихон мегузаронад барои пули онхо, дар натича мумкин онхо ба садамахои нохуш гирифтор шаванд. Наход авто-дроми магнити ба хамин чинояткор Зоидов Хуршед бовар кунад. Ман бо чашми худ шохид шудам ки баъзе муаллимони мактаби ронандаги аз талабахо пул гирифта нафси бади Зоидов Хуршедро каноат мекунанд. Аз тамоми гушаю канори вилоят одамон ба авто-дром омада соатхо интизор мешаванд, лекин талабагоне ки ба Зоидов Хуршед 150 сомони медиханд бенавбат ва беягон душвори мегузаранд. Он талабахое ки ба имтихон иштирок намекунанд Зоидов Хуршед $150 мегирад. Аз шумо хохиш дорам ки нисбами ин харомху
салом кормандони ВКД саволи ман чунин аст оё ранги автомашинаро дигар намудан мумкин аст?
Салом ба кулли кормандон ВКД барои хубтар шудани сатхи хизматрасонихо мехостам фахмам ки хангоми бакайдгирии коидавайронкунихо аз камерахои васлшуда маълумотномаи коидавайронкуниро аз кучо дастрас намудан мумкин аст.
Салом. Аввало сипосгузорам ба коргардони ин сомона ва ба касоне, ки посух менависанд. ман рузи 14-12-2013(такрибан соатои 9-00 сахари) ба хукуквайронкунии маъмури рох додам(без поворот-ника сделал обгон 1 шт. транспортное средство), ин ходиса дар даромадгохи Ёваи нохияи Б.Гафурови вилояти Сугд рух дод. Кор манди БДА маро боздошт. Хангоми боздоштан У бо телефони мобили сухбат мекард, ва вактеъ ки ман мошинро дар канори рох боздоштам корманди БДА ба мошин наздик шуд, аммо У холохам бо телефони мобилии худ сухбат мекард. Ман аз мониш фаромадам, аммо У такрибан боз 30 сония сухбати худро давом дод. Баъд ба ман хатогиамро гуфту ба квитанция навиштан сар кард. Ман ба корманди БДА гуфтам"ако Шумоям хатоги кардед ку, вакти доштан ба телефон гап мезанед, худро мухаррифи намекунед". Корманди БДА гуфт"ту ба ман корат набошад!". Квитанцияро ба маблаги 40 сомони ба моддаи 324 кисми 1 навишт. Пас ба квитанция нависед ному насабатонро гуфтам. Ин корманди БДА Ашуров А.К. 02147 будаст. чи бояд кард?
Ассалому алайкум! Саволи ман чунин аст. Як сол (2012 сол) пеш, бо сабаби бе хуччат насб кардани тачхизоти гази дар мошинам, хуччати ронандагии ман аз тарафи кормандони БДА гирифта шуда буд. То имруз ман хуччатамро нагирифтаам. Оё ман метавонам чарима насупорида, хуччатамро гирам?
Салом ба кормандони БДА ВКД ЧТ. Мехостам аввалан минатдории худро барои насби чарогаки рохнамо дар махалаи Нури нав (кучаи Хувайдуллоев) байни маркази фуруши гушт "Ёвар" ва тарабхонаи "Бохтариён" расонам. Баъдан бахшиш мепурсам агар рохе, ки аз махалаи Нури нав ба рохи асоси (кучаи Хувайдуллоев)баромадан ягон ахамияти хоса надошта бошад дастур дихед афзалияти хисоби чарогакро ба рохи асоси гузаронанд, чунки айни хол афзалият ба рохе, ки аз махала мебарояд дода шудааст. Каблан сипосгузорам.
Ман дар ин чо чавоби шуморо хондам, ки ба саволи шахсе чавоб додаед. Хатто ду бор. «Ба навор гирифтан дар вакти фаъолияти кормандони БДА мумкин нест». Агар мумкин бошад хамон асосро (конунро) меовардед.
салом! мехохам ба шумо 1-савол дихам,мардум мегуянд ки аз санаи 1.01.2014сол гирифтани шаходатномаи ронандаги аз синни 24солаги мешавад.мехохам ба савол чавоб гардонед.ташаккур
Салом алейкум!Мехостам фахмам, ки чаро аз чониби кормандони БДА хангоми азназаргузаронии воситаи наклиёт (оcмотр) шахсони холис таъмин карда намешаванд? Дар кадом холатхо ба кормандони БДА азназаргузаронии воситаи наклиёт ичозат ичозат дода мешавад? Дар сурати аз чониби корманди БДА таъмин накардани шахсони холис барои азназаргузаронии воситаи наклиёт, ронанда хукук дорад, ки барои гузаронидани воситаи наклиёт ба корманди БДА монеъги эчод намуда таъмин кардани шахси хосиро талаб намояд? Оё кормандони БДА дар вакти шабона дар чойхои торик истода воситахои наклиётро манъ карданашон мумкин аст? агар мумкин бошад ё мумкин набошад, ин меъёр дар кадом санадхои меъёри хукуки нинош дода шудааст?
Салом алекум кормандони ВКДЧТ ба саволи ман хохишмандам харчи зудтар чавоб дихед. Савол: Агар дар аломати 40 дар болои аломати пиедагузар (пешиход) боша аломат то кучо махдуд мекунад харакатро то пешиход е то чои гаихо мехостаги тарзи конунашро ба чавоб дихед хохишмандам
Салом кормандони хифзи хукук. Чунин суол дорам. Оё корманди БДА хак дорад автомобилро бо суръати 46 км/с дошта протокол тартиб дихад. Дар шахри мо суръати харакати автомошинахо то 40 км.с муайянкарда шудааст. Тибки конун дар моддаи 325 кисми 1 чаримабанди танхо аз 10 км/с агар баланд бошад хисоб карда мешавад. Аз дах то си ва кисми 2 хамин хел боло меравад. Дар конун гуфта нашудааст, ки ба 6 км/с агар суръатро баланд карад бошад ронанда бояд чазо дода шавад. Хуллас мехостам ки, ин масъаларо рушан месохтед. Сипосгузорам.
Аввалан сад чахон ташакур барои таъсиси чунин бахш! Суол: Дар кадом холатхо ронанда ё худ шахрванд метавонад аз сабти видеоии кормандони БДА ё милитсия истифода барад? Яъне манзурам истифодаи телефонхои мобили ё видео регистраторхои автомашинахо. Ташаккур!
Салом ба кули кормандони ВКД .Агар ронанда тасмаи бехатариро баста бошад лекини шахси дар пахлуи ронанда буда тасмаи бехатариро набаста бошад корманди БДА хукук дорад ронандаро чарима бандад.
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4269319
ИмрӯзИмрӯз1814
МоҳМоҳ16556
ХамагиХамаги4269319

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.