Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
асаломуалайкум!Саволи ман чунин аст.дар вакти набудани сардори шуъбай милитсия дигар кормандони милитсия метавонан кори уро пешбаранд?
асалому алейкум ман як савол дорам хатмкардаи ДМТ факултаи фалсафа ихтисоси психология боз кафедраи харбихам хондаги дар ВКД кор ва фаъолият карда метавонад ва дар кадом самтилтимос чавобашро мунтазирам
Саломи худро ба корманди ВКД мерасонам. Саволи ман чунин аст: бахс шуд ки оинаи мошине ки дар завод Сиёх мебароранд ичозатнома барои оинаи сиёхи мошин шарт нест!! оё ин дуруст аст? (Оинахои окиби мошин)
Салом. Ман хохиши гирифтани паспорти биометри (хоричи) дорам, Чи гуна хуччатхо лозим аст? Ман дар ш Душанбе хастам, бояд ба кучо мурочиат кунам
Агар шахрванди ТОчикистон дар Руссия нисчбати дигар шахрвандони Точикистон чиноят содир кунаду,кормандони ВКД-и Россия чора набинанд,Шахрв ЧТ хукук дорад ба ВКД-и ЧТ мурочиат кунад?Хохиш мекунам ба зудди чавоб дихед
Assalom ba hamaı kormandonı VKD-ı TJ baroı sarbalandona ıjro kardanı vazıfa az Hammaaton xele Mınatdorem hamesha hamıtavr davom dodanatonro xohonem.
ба ташкилкунандагон сипосгузорем
Ассаламу алейкум ва рахматуллохи ва баракатуху! Аввалан барои хамаи кормандони ВКД-и Чумхурии Точикистон ва аз чумла барои вазири Мухтарам, аз даргохи Худованд тандурустиву, саломати, тавфики бандаги, инсоф, баракат дар хонадони хар як нафаратон ва бо адолату хак ичро намудани вазифаи мукаддассатонро орзумандем. Баъдан суоли ман чунин аст: 1.Мохи декабри соли 2013, ман шаходатномаи ронандагиро бо супоридани имтихонотхои назарияви ва амали бо муваффакият гирифтам. Аммо баъд аз як ва ё 2 мох пас, оиди ивазнамудани шаходатномахои ронандаги ба намунахои нави шаходатномаи, яъне биометри карор кабул карда шуд. Бештари довталабон ва шахрвандон шаходатномахои биометри гирифтанд ва то кунун гирифта истодаанд. Пас, оё он шаходатномае ки ман мохи декабри соли 2013 гирифтам, мухлати амали он эътиборашро гум накардааст ва ё на? Зеро ман шунида будам, ки касоне ки шаходатномаашонро нав гирифтанд, мухлати он то 10 сол аст ва баъд аз анчоми мухлаташ метавон ба шаходатномаи биометрики иваз намуд.
Добрый день! Возможен ли сдавать экзамен на получении водительских прав экстерном?
Cалом! Ман якчанд саволхо оиди иваз намудани шиносномаи дохилй дорам. Чун ман фахмидам, нав ба чои намуди пешина (намуди соли 1996) кортхои пластикй дода мешавад. Ман хостам аник кардан: 1. Оё ягон фаркия бошад байни ин намудхо? Яъне метавонам бо ин корт бо тарики хавопаймои дигар шахр бипарам, масалан аз Душанбе ба Хучанд? 2. Чй тавр масалаи бакайдгирии чои истикомат (прописка) хал мешавад? Чунки дар намуди пешина (когазй) мухри мувофик чоп мешуд, чй тавр бо корт мешавад? 3. Чанд пул ман бояд супорам барои гирифтани корт? 4. Кучо ман бояд дархост кунам ва чанд вакт иваз кардани он мегирад? 5. 25-солагии синну солам дар феврали соли равон буд, аз он вакт 4 мох гузашт. Бояд ман ягон чарима супорам аз сабаби дер кардани ивази шиноснома?
Ассалому алейкум. Савол оиди фахмидани чаримахои БДА (КАМЕРАХО) аз кучо маълумот гирем? Сайташон хаст е инки номери телефон бошад. Рахмат.
Ассалому алейкум. Ман ронандаи одди. Бо кащонидани мусофирон сару кор надорам. Саволи ман чунин аст: Агар хатти алохидаи чудо шуда барои мошинхои хатсайри ки бо аломати А дар руи асфальт ишора шудданад, хати №1 шуморем, ва хати навбатии аз тарафи чапи ин хати чудошударо №2 шуморем, бо максади гардиш ба тарафи рост ман аз кадом хати рох (№1 е №2)бояд гардишро амали кунам. Пеш аз гардиш ва пас аз гардиш аз кадом хат ба кадом хат. Мисол: аз хиебони А.Сино ба И.Сомони (Караболо), аз хиебони И.Сомони ба Х.Шерози (бетонка)
Ассалому алекум Хомиёни ватан худои мехрубон ба шумо куввату тавонои ва ба вазири мухтарам барори кору сарбаланди насиб намояд.
Arzu siposi bepoyon. Shunidam hujjati ronandaro ba sathi oli sokhtaed. Ammo meguyand az kambudiho kholi nest. Agar yordam darkor boshad mo tayor hastem. Tashakuri bepoyon, Adham az Amrico
Assalomu alaykum!!! Hamesha sarbaland boshed!!!
Ассалому алейкум! Савол ба корманди БДА танхо Шишаи окиби мошинро сиёх кардан мумкин хаст ё не бе ичозатнома .
Лутфан бигуед, ки барои кудаки 1-моха гирифтани паспорти хоричии биометри бо максади ба давлати хорича рафтан хамрохи волидаш зарур аст? Агар зарур набошад, чи гуна амал бояд кард? Баъдан, мехостам фахмам, ки кудакон барои гирифтани паспорти биометри чи микдор маблаг пардохт мекунанд?
Ассалому алейкум бемалол бошад ба саволи ман чавоб нависед: 1. Дар баробари ивазкардани шаходатномаи ронандаги дар кадом холатхо имтихон супоридан хатмист?! 2. Чаро аз шахрвандон мепурсанд, ки оё ягон мошина ба номи шумо ба кайд гирифта шудааст ё не?!
Салом! Шунидам, ки шиносномаи дохили намуди нав мешудаст, оё ин гап дуруст аст?
Cохта шуд , 03 01 2014, 09:54 Тибқи тағийиру иловаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 №103 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ» ворид карда шудаааст, шаҳодатномаи ронандагие, ки расми соҳиби он дар мўҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд. Барои чи ин конун аз мохи март инчониб ба воситаи радио, телевизион ё газетахо эълон карда нашуда буд. Танхо рузи ба охир расидани мухлат дар газета эълон карда шуд. Чаро?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

4607963
ИмрӯзИмрӯз2436
МоҳМоҳ76072
ХамагиХамаги4607963

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.