Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Ман Шеров Фирдавс Истикоманкунандаи чамоати сари кишти нишонии Ленин №197. Савол: ман мохои августи соли 2011 як кисми корхонаи истехсолкунии пахтатозакуни харидори намудам, ки он аз нотариуси давлатии н. Сино хариду фуруш ба кайд гирифта шудааст. Дере нагузашта Бобоева Дилбар, ки хамсари дуюми Хакимов Махмадамин, ки тагоям мебошад ба Суд мурочиат намуд, ки дар соли 2004 хисагузори ба харидории корхона кардааст аммо хуччати хариду фуруши нотариали надорад ба гайр аз як хуччати дастнависи яъне шартномаи карзи байни Бобоева Дилбар ва тагоям мебошад. Вале вакте ман кисми корхонаро харидори намуда будам бо тарики нотариали Бобоева Дилбар хисагузор набуд. Аз соли 2015 тагоям бо рохи калоби аз дасти ман хуччатро гирифта бар гардонидан намехохад. Чандин маротиба хуччатро талаб намудам вале мегуяд, ки хуччад дар карирои суд мебошад. Ба кучо мурочиат кунам то, ки хуччати асли, ки ба ман таълук дорад бар гардонам?
Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани адндозед: хангоми прадохт намудани маблаги чарима, барои дастрас намудани шаходаномаи ронандаги, расид оиди пардохтb чаримаи таиншуда аз тарафи корманди БДА барои хуччатгузори талаб карда шуда ба чаримасупоранла баргардонида намешавад. Аммо аз руи логика расид бояд дар дасти чаримасупоранда хамчун исботкунандаи пардохти чарима бояд монад. Чи бояд кард ки дар оянда дар БДА ин хуччат талаб карда нашавад, ва е нусхаи он талаб карда шаваду тамом.
Салом ба коргарони МВД. Ман як савол доштам ? Хамин паспорта гирифтм да паспортм ннни дигакаса задагиян ман чико кнм акнун ??
Салому алайкум мухтарам кормандони ВКД, хело шодами ки аз сиёсати пешгирифтаи президент ва Хукумати Чумхури оиди ба пешрафти хукумати электрони вазорати Шумо фаъол аст ва барои мардум осонии корро фарохам овардааст. Мехостам дар дар мавриди якчанд суол чавоб гирам. 1.Шаходатномаи газубалоние (удостоверение), ки аз тарафи ЧДДМ дахлдор пешниход мешавад шар ва зарур аст, ки харсол амин курсро такроран гузашта боз пул дода сохиби боз амон шаходатнома шавем? Ин чабр ба марум нест? 2. Ман дорои автомашинае хастам, ки бо гази моеъ васл карда шудааст, медонам ки дар шаходатномаи техникии автомашин бояд кайди БДА бо мухр гузошта шавад ки техникаи мазкур бо тачхизоит гази моеъ васл карда шудааст. Лекин дар мавриди шаходатномаи техники пластики бошад ман чикор кунам? Хуб мешуд дар мавриди чавоб гардонидан санадхои меъёрию хукуки оиди амин саволхо пешниход мешуд! ТАШАККУР
Салом алекум. Айни хол ивази шаходатномаи ронандаги аз 10 сол зиеда ба амалбароварда шуда истодааст. Бояд кадом хуччатхоро пешниход намоем ва чи кадар маблаг супорем. Зеро дар макомоти БДА -и (автодроми ш.Хучанд) барои ивази шах.ронандаги Хеле нофахмоги ба миен омада истодааст. Дар асл падарам чунин маблаг харочот кардааст. МЕДСПРАВКА (55 сом), аризакунии (5сом ) Барои шаходатнома (236 сом). Ташаккури зиед
Салом. Хохиш дорам ба масъалаи мазкур равшани андозед: Дар чорраха, то стоплиния хангоми гирон будани ранги сурхи чарогаки рахнамо, дар хар се хатти рох ба як самт, воситахои наклиет интизрори гирон шудани ранги сабз буданд. Дар хатти 1 аз тарафи рости канори рох воистаи наклиет бояд ба самти рост гардад. Дар хатти 3 аз тарафи рости канори рох, ба тарафи чап гардад. Хатти 2 бошад бе таъгири самт бояд харакаташро идома дихад. Хангоми гирон шудани чарогаки сабз, воситахои наклиети аваали то стоплиня истода, дар хатти 1 ва 3 бо сабабхои номаълум харакатро огоз накарданд. Барои чи воситахои наклиети то стоплиня истода дар хатти 1 ва 3 харакатро огоз накардаистодаанд ба дигар ронандагон номаълум нест. Ягон ишораи садамави ва е дигар намуди аломат нест. Воистахои наклиети хатти 2 бе таъгири самти харакат, озодона харакатро огоз карданд. Савол: Ое воситахои наклиете, ки аз кафои воситахои наклиети дар хатти 1 ва 3 то стоплиния истода (лекин харакат накарда истода), метавонанд меъерхои бехатариро ба инобат гирифта, аз хатти 2 истифода бурда ба татафи рост ва чап харакаташонро огоз кунанд. Мутобики кадом кисми коидаи харакат ин амал ичозат ва е махдуд карда шудааст.
Салом. Барои иваз намудани шаходатномаи ронандагии мухлати эътибораш аз 10 сол гузашта оё имтихонхои назарияви ва амали супоридан лозим аст?
Салом! Дар ҳолати баланд будани садои мусиқии ронанда дар дохили мошин, мувофиқи кадом қонун протокол тартиб дода мешавад?
Салом! Мувофиқи қонунгузорӣ сиёҳ кардани ойинаи пеши мошин (лабавой) манъ шудааст. Аммо дар кӯчаҳои шаҳр бисёр мошинҳои ойнаи пешашон сиёҳ шуда дида мешавад, ки бо кӯмаки шиносҳояшон иҷозати махсус (спец талон) гирифта озодона мегарданд. Дигар ронандагонам мехоҳад ойнаи пеши мошинашон сиёҳ бошад. Мақсади ман чунин аст. Ба куҷо ронандагон метавонанд муроҷиат кунанд, ки дар асоси қонун бо пардохти маблағи муайян сиёҳ кардани ойнаи пеши мошин иҷозат дода шавад?
Салом алейкум! Дар ҳолати ба қайд гузоштани мошин ва гирифтани рақами давлатӣ корманди БДА талаб менамояд, ки аввал маблағи андози мошинро супор баъд рақами мошин ва шиносномаи техникиро метием. Оё талаби корманди БДА қонунӣ ҳаст? Агар қонуни бошад дар кадом ҳуҷҷат ин масъала дарҷ гардидааст?
Салом ва саволи ман чунин аст! Оё кормандони БДА ҳуқуқ доранд дар гардиши роҳ истода ба манъ кардани мошинҳо машғул шаванд? Бисёртар ин ҳолат дар гардиши маҳалаи 82 дида мешавад. Оё кормандони БДА ҳуқуқи дар гардиш исто мошинҳоро манъ карданро доранд ё ягон имтиёз ҳаст барояшон.
Салом,оё кормандони ВКД ба ягон хизбхои сиёиси хукуки аъзо шуданро доранд ё не? 2.Нафакахурони ВКД чи. Надошта бошанд хаминро дар кадом конун ё низомнома навишта шудааст. Рахмат.
Салом! Суоли Ман чунин АСТ падарам кориандр харби буд соли 2003 дар вакти адои вазифа гузаштанд ба Мо воени билет доданд МО метавонем дар ВКД ё дар дигар макомотхо кору фаьолият намоем?
Барои иваз кардани шиносномаи мухлаташ аз синни 25 солаги гузашта чанд сомони пардохти иловаги ё худ чарима хисоб карда мешавад?
саволи ман чунин аст!!!!ман хатмкардаи донишгох.маьлумотам олии пура,барои ба кор хучатхоямро супурдан доимо як мушкили пеш меояд(кутох) падарам хозир дар кайди хаёт нест доги суди доштааст дар солхои хукумати шурави (ссср)бо МОДАИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ ЧИНОЯТИ соли 1980 №92К2 (УКТ ССР)ба мухлати 4сол аз озоди махрум амо соли 1981 шартан озод шуда аст амо мутаасифона ман дар кучое хучат супорам ба ман монеьа мешавад ягон илоч дорад ба ман кумак расонед
Саломалекум. Дар кадом ҳолатҳои қоидавайронкунӣ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мекунанд (решат мекунанд)? Илтимос ҷавоб гардонед.
Пеш аз хама ҳама кормандони ВКД-ро бо фарорасии моҳи шарифи РРамазон табрик мегуям. Савол . санаи 5 июни соли 2016 корманди БДАи нБГафуров, прапоршик Умаров раками давлатии автомашинаи манро канд, ва ҷарима ба андозаи 40 сомони талаб намуд, автомашинаи ман дар канори роҳ, ки пахноиаш зиёда аз 20 метр мебошад ба таваккуф гузошта шуда буд, на дар рох кашидашуда на нишонаи овезаи "манъкунандаи таваккуф"-и автомашина дар он ҷо ҷой надорад, факат аломат дар назди Шуъбачаи милитсия ҳаст, ки факат дар масофаи 50 метр нишон дода шудааст, лекин автомошинаи ман баъд аз чорроха ки амали нишона гум мешавад ва зиёда аз 70 метр масофа гузошта шудааст, бигуед, ки корманди БДА чунин ҳукук дорад.(чои ходиса чамоати Хистеварз, ру ба руи мактаби тахсилоти умумии №5). Рахмат барои посух, омодаам маълумоти иловаги диҳам
Саломалекум. Илтимос ба саволи ман равшани андозед, дар холати тамом шудани ичозатномае, ки барои сиёх кардани мошинам гирифтам тамом шуд мошинамро дар гараж махкам кардам истифода намебарам. Кормандони ВКД хукук доранд гаражи ман даромада мошинамро бурда махкам кунан ва маро чарима кунанд????
Салом алейкум Ба кормандонии ВКД. Ба ман маслихат медодед, ки дар дохили ш.Душанбе дуконхои дискфуруши метавонан бо баланд намудани овози калонка, ки ороми шахсони истикомат кунандагонро бехазур кунан. Айнан дар н.Фирдавси назди Саховат нозири минтака дидаву дониста чашм мепушад. Илтимос хамин масаларо аз нав дида бароед. Ки дар Хонам кудаки майда дорам аз сабаби овози мусики ором хоб намекунад.
Салом кормандони сомонаи ВКД. Хохиш менамоям ба суолхо ман посух дихед:1.Тартиби ивазкунии шаходатномаи ронандагии мухлаташ аз 10 сол гузашта чи хел ва маблаги умуми барои пардохт чанд сомони аст. 2. Оё нафакахурони ВКД барои пушида гаштани либоси низоми хукук доранд?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3818404
ИмрӯзИмрӯз481
МоҳМоҳ17909
ХамагиХамаги3818404

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.