Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом,мехостам пурсам ки хангоми гузаштани санчиши техники мошинаи сабукрав талаб кардан ки акт-и газро хам аз онхо бигирам ва акти гази дар дасти ман буда ки холо мухлати эътибораш нагузаштааст бекора карда мешудааст ва то нагирам аз санчиши техники намегузаронанд. Аз ин мебарояд ки ман думаротиба барои як хуччат маблаг сарф мекунам.Оё хамин аз руи конун мебошад ? Бо эхтиром истикоматкунандаи ш.Хучанд
Ман Хочаев Амирчон шарванди точикистон аз Ш.Кулоб Политехнический Университет Руссияро имсол тамом мекунам.Афтомеханический факултеть спец атомобильного транспорт инжинер и механик ,Ман мехохамки дар точикистон да ГАИ кор кунам,Чи дакументо даркор мешавад?
Ассалому алейкум аз Шумо эхтиромона хохиш карда мешавад, ки агар мумкин бошад Фармони ВКД ЧТ тахти №1012 аз 31.12.2013 солро ба сомонаи ВКД ЧТ ворид менамудед.
Салом ба вазири корхои дохили ЧТ Рахимзода. Ман хатумкунандаи университет мвд р.ф.дар ш. Санкт-петербург дар шахри кургонтеппа як соз кор кардам аз барои паст будани шароити ойламон ба ф. Руссия ба мухочирати мехнати омадам ман метавонам бори дуюм худамро дар макомоти чт вастановит кунам.номер тел. 89626834353
1 Шахрванде, ки дар Чумхурии Узбекистон таваллуд шудааст ва мехохад шахрванди Чумхурии Точикистонро кабул кунад чи кор бояд кард? 2 ин шахрванди Узбекистон худашро точик мехисобад аммо дар шиносномааш ба миллати узбек кайд шудааст ва мехохад миллаташро иваз намояд чи корхоро анчом дихад?
Салом саволи навбатиам! Дар холати гузарондани рейдхо, корманди БДА хукуки кофту коб кардани дохили воситаи наклиётро дорад бе ичозати ронанда дар холе, ки коида вайрон куни нашудааст, ин хукукро дорад? Агар дошта бошад дар асоси кадом конун?
Салом ба ВКД ЧТ. Саволам чунин аст! Дар холати истифода бурдани воситаи наклиёт бе доштани оташхомушкунак ва аптечка дар асоси кадом конун ва дар кадом хачм ронанда чаримабанди карда мешавад?
Салом ба кормандони бо нангу номуси ВКД ЧТ. Ба саволам мушаххас чавоб дихед! Дар кадом холат корманди БДА хукуки манъ намудани воситаи наклиётро дорад?
Салом аллейк! Чи хеле ки ба хама сохибони наклиёт маълум аст, ки хачми пардох пул барои гирифтани ичозатнома барои истифода бурдани воситаи наклиёт хело гарон мебошад? Ба ки метавонем мурочиат кунем, ки хачми пардохтро барои гирифтани ичозатнома кам мекардан?
Салом! Аз шумо эхтиромона хохиш дорам маълумот медодед оиди истифодаи пилёнка барои сиёх кардани ойнаи мошин. Кадом ранхои пилёнкаро истифода бурдан барои сиёх кардани мошин ичозат аст? Агар аз рангхои сурх, кабут истифода барем пас талаботи кадом конунро ё модаро ичро накардем?
Салом! Саволи навбатиам чунин аст хохишмандам чавоб дихед! Дар холате, ки ойнаи пеши мошинам аз меъёр зиёд сиёх карда шудааст яъне зиёда аз 200 мм ки ГОСТ ичозат додааст чикадар чарима мешавад?
Салом! Ман Мухаммад ронандаи воситаи наклиёт, рузе манро хангоми идора намудани мошини шахсиям дар кучахои шахри Душанбе, корманди БДА манъ намуд ва мехост протоколи маъмури тартиб дихад. Дар саволам барои чи протол мекунед? Корманди БДА гуфт, ки ойнаи пеши мошинатон аз меъёр зиёд сиёх карда шудааст. Дар саволи ман яъне дар кадом конун хамин масъала дарч шудааст корманди БДА чавоб надода гуфт, ки дар конун манъ шудааст тамом. САВОЛИ МАН ЧУНИН АСТ. АЗ ШУМО ХОХИШ ДОРАМ ДАР БОРАИ МЕЪЁРИ СИЁХ НАМУДАНИ ОЙНАИ ПЕШИ МОШИН ДАР КАДОМ КОНУН ДАРЧ ГАРДИДААСТ ВА АЗ КАДОМ МЕЪЁР 3ИЁД ИСТИФОДААШ МАНЪ ШУДААСТ МАЪЛУМОТИ ПУРРА МЕДОДЕД!
Салому алейкум! Ширкати мо (филиали ширкати хоричи) дар ш. Рогун ба кайд гирифта шудааст ва фаъолияти асосии ширкат дар НБО «Рогун» мебошад. Хамчунин Ширкати мо дар ш. Душанбе хонаи истикоматиро ичора гирифтааст. Ширкати мазкур тамоми мучавизхои лозимаро барои фаъолияти худ гирифта ва мутобики конуни амалкунандаи Чумухрии Точикистон фаъолият мекунад. Кормандони (хоричии) ширкат дар ш. Рогун ба кайд гирифта шудаанд. (Регистрация ва прописка, виза ва овир) Савол1. Агар корманди хоричии, ки дар ш. Рогун ба кайд гирифташудааст ва ба ш. Душанбе биёяд о ёлозим аст, ки худро дар ш. Душанбе ба кайд гирад? Тавзихот: сабаби омадани корманди хоричи ба ш. Душанбе парвоз ба кишвараш ё истирохат дар рузхои таътил мебошад ва муддати замони истикоматаш дар ш. Душанбе 2-3 руз мебошад.
Асалому алейкум. Ман Парвинаи файзулло ман мехохам ки дар вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дароям, ба кучо мурочиат кунам ва кадом хуччатхо лозимист, илтимос номаамро бе чавоб намонед.дар панохи худо бошед.
Барои чунин сайт та Шакур.
Ассалому алейкум кормандони Вазорати корҳои дохили шумора ба муносибати иди касбиатон табрик гуфта барои ҳамаи шумо хушбахти хонаободи таманно дорам. Бигзор ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед ҳомиёни ватан, ки вазифаатонро аз таҳти дил иҷро мекунед ва барои ободии ватан тамоми ҳастиатонро мебахшед. Иди касби муборак!
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед мардони шуҷои Ватан, ки хизамататонро барои мардуми шарифи Тоҷикистон дареғ намедоред ва ҳамеша дар фикри ободиву осоиштаги мардум ҳастед. Ташаккури зиёд ки масъулияти бар душ доштаатонро аз сидқ иҷро мекунед. Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед кормандони соддиқи Ватан
Hamesha sarbalandu obod va homiyonı vatanı azızamoned, tashakkur baroı jonnısorıhoı kahramononaaton.......az shumo mınnatdorem.
Салом ман Мутахасиси МИХД хамин сол ДПС ДДТТ бо ихтисоси хукукшиноси хатм намудам ман метавонам ки ба шкди шахр е вилоят ба хайси корманди гайри штат ба кор даромада метавонам ми агар мешуда бошад чавоб дихед илтимос ва ба ин кадом хучатхо лозим ба мае хабар дихед.
Асаломе алейкум агар бемало бошад бо саволи ман чавоби мушахас нависед: Ман маъюби гурухи дуюми давраи кудаки мебошам барои иваз намудани шаходаномаи ронандагиам ба ман ягон имтиёз хаст ё не. Аз чавобатон каблан сипосгузорам.
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.