Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом кормандони ВКД! Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба саволи ман чавоб дихед. аблава кардан дар точикстон мункинай ё не илтмос чавоб дихед
Кормандони БДА хукуки бо мошини шахси думболагири карданро доранд?
ман сокини ш.Кургон-теппа куч.Абдуллоев. Хангоми аз кучаи Вахдат ба кучаи Абдуллоев даромадан нишонаи самти харакат ба яктараф аст вале аз куч. Абдуллоев ба куч.Вахдат баромадан нишонаи ба куча даромадан манъ аст, нест. вакте аз хона ба кучаи Вахдат бароем БДА манъ мекунад. Хол он ки агар ба тарафи рости куч. Вахдат равем ба иштирокчиёни дигари рох халал намерасонем. Хуб мешуд хангоми ба куч Вахдат баромадан нишонаи харакат танхо ба тарафи ростро мегузоштанд.
Салом. Мехостам фахмам агар кормандони БДА бо "радар" ман кунан ва радари дастии онхо шикастаги бошад,ва бо воситаи скотч ва изолента печонидаги бошад онхо хукук доранд чунин радарро истифода баранд?
Салом!кормандони хивзи хукук.Аввало ба Шумо миннатдории худро арз мекунам,ки Шумо бе хатарии мо шахрвандонро мухаё мекунед.Як илтимос доштам.Хар сахар хангоми ба кор омадан дар болои копруки (сирк ба тарафи текстил)рафтан хама мошинхо ба мукобили рох баромада хангоми рондани мошин халалдор мекунанд.Аз Шумо хохиш дорам ки пеш аз копруки дар боло зикр шуда сахархо ягон коркуни БДА истад.Зеро,ки кариб ки хар сахар байни ронандагон дар инчо хархаша шуда тартибот вайрон мешавад.пешаки аз Шумо минатдорам
Салом ба аҳли кормандони сомонаи mvd.tj Дирӯз барои гузаштани ташхиси техникии нақлиёти шахсиям ба ташхисгоҳи воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе рафтам. Андози охирин барои нақлиёти ман моҳи октябри соли 2014 супорида шудааст корманб БДА дар ҳамин ташхисгоҳ ба ман мегуяд, ки барои гузаштани ташхис ман бояд аз сари нав андози нақлиётро супорам чун ки ин тартибро Раёсати БДА ба онҳо дастур додааст. Оё ин кори онҳо қонуни аст? Ман бояд чӣ кор кунам дар ин ҳолат?
Салом як савол дорам ман 17-сола мебошам ман хучати ронандаги гирифта метавонам ?
Салом кормандони ВКД! Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба саволи ман чавоб дихед. Шавхари ман соли 2004 тибки модаи 212 кисми 1 Кодекси чинои ЧТ ба чавобгари кашида шуда буд ва Суд ба у чарима баста буд, чаримаро супорид. Оё ин доги суди хисоб мешавад ё не, агар шавад дар чи кадар мухлат тоза мешавад.
Як савол дорам. Нозирони рох метавонад дар наздикии камерахо истанд. Мисол; Як ронанда ба гуфти нозирони рох чарогакро сурх гузашт гуфта, вайро протокол карданд. Ронанда ба онхо гуфт, ки агар ман чарокро сурх гузашта бошам, дар камерахо омадам, рафта чаримаро дар ончо месупорам.Ман хам чаримаи шуморо хам чаримаи камерахоро супорам гуфта, бо онхо чанг дошт. Ки дуруст аст?
Ассалому алейкум. Худо нигахдоратон бошад. Саволи ман чунин аст; Аз дарвозаи Душанбе баромада ба самти Вахдат, Норак, Дангара харакат кардан, бояд суръати мошинро то чанд км/соат баланд кардан лозим аст?
Дуруди бепоён ба кормандони хифзи хукук. Саволи ман чунин аст! Нархи аз санчиш гузаронидани мошини сабукрав ки бо тачхозоти гази муччахаз карда шудааст (Диагностика) дар санаи 01.04.2015 чанд сомони муаян карда шудааст?
Асалам! ман аз шахри Москва Менависам ба шуммо, савол чунин аст... Ман Праваи Пештара дорам хостам Иваз кунам бо праваи нави Точики шумо кормандонатонро ба Россия Шахри Москва фристондаги ? хаст адрес номи куча Толфон ки рафта иваз кунем Праваи пештараро бо праваи биометрии нави Точики илтимос чавоб дихед ба ман Мухочир бача ман ....имконяти рафтан надорам Ватан агар иваз накунам праваро инчо гам медихан илочаш бошад гуед ба ман номерхои ГББИ ТЧ ДАР МОСКВА
Салом. Хохиш дорам равшани андозед. Воситаи наклиети ман то харидори намуданам бо гази моеъ тачхизонида шуда буд ва воситаи наклиет дорои шаходатномаи кухна (варака)бо мухри БДА ичозати тачхизонидани гази моеъ буд. Хангоми хариду фуруш шаходатномаи воситаи наклет (техпаспотр) ба навъи нав (ID) дар БДА доданд. Акнун савол ба миен меояд, ки (савол 1) дар кучои ин шаходатнома БДА бояд мухри ичозатдихандаи худро барои тачхизоти гази бояд гузошт. Агар дар кафои варакаи санади озмоиши тачхизоти гази мухри ичозатдихандаи БДА гузошташавад, то ин санад хар сол бояд аз нав гирифа шавад. Бар меояд, ки (савол 2) барои як бор тачхизонидани воситаи наклиет бо гази моеъ, ман хар сол бояд ичозатро аз нав гирам? Савол 3 Мабалаги хизматрасои барои додани чунин ичозат чанд сомониро ташкил медихад? Агар хар сол зарурияти гирифтани чунини ичозат бошад, савол 4 хар сол бояд маблаги чунин хизматрасониро аз нав пардохт кунам?
Оё шахсоне, ки ба академия дохил шудан мехоҳанд дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд?
Шахсоне, ки ба Академия дохил шудан мехоҳанд, аз кадом фанҳо имтиҳон месупоранд?
Барои иваз намудани шаходатномаи ронандагии (соли 2013) ба намуди нави хозира чи кадар маблаг сарф мешавад,
Ассаламу алейкум! Аввало ман рахмати калон гуфтани хастам барои чавоб гардонидаи саволхо ва аввало ба шумо ва ба хамаи кормандони ВКД саломатиро хохонам! суоли ман чунин аст: Мохи июни соли 2012, ман шаходатномаи ронандагиро бо супоридани имтихонотхои назарияви ва амали бо муваффакият гирифтам. Аммо як чанд вакт пас, оиди иваз намудани шаходатномахои ронандаги ба намунахои нави шаходатнома, яъне биометри карор кабул карда шудаст. Хамин шаходатномае ки ман мохи июни соли 2012 гирифтам, мухлати амали он эътиборашро гум кардааст ё не? Чун ки ман айни хол дар шахри москав хастам ва кормандони ГАИ-и руссия мегуянд ки ин шаходатнома танхо дар точикистон этиборнок хаст! Аз шумо хохиш мекунам ки ба ман маслихат медодед? оё ман метавонам ки шаходатномаи ронандагиамро дар хаминчо иваз кунам?
Салом! Ман ронанда Фирдавс санаи 27.02.2015 соати 10:08 ба воситаи мошини худ мехостам аз кучаи Айни ба кучаи А.Дониш (гардиши фурудгох) харакат кунам, аммо дар катори якуми рох дар таги камераи мушохидави ронандаи хатсайри маршрути 43 раками давлатии автомобили мусофиркаш (9446 ТТ 01 РТ ) мошинашро муддати дароз нигох дошта, мусофир бор мекард, ки ин ба тамбашашии рох оварда расонд.Харчанд, ки ман ба у сигнал медодам то ки у рохро озод кунад, у аз мошин фаромада боз ба ман зури кард.Мехостам фахмам нисбати ин гуна ронанда ба кучо мурочиат кардан лозим?
Ассалому алейкум мухтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро.Ман Рахматулло Азамов Муртазохонович соли таваллуд 11 09 1981 аз шахри Исфара дар айни хол мухочир дар Россия.Ман аз шумо хохиш мекунам барои ман камтар бошадхам кумаки худро дарег надоред.Ман Духтареро бо ду кудакаш барои оиладори ба хамсари гирифтам аммо шавхари пешинааш дар чанги Сирия вафот кардааст(мурдааст) барои мо коргарони амният ва корхои дохили барои закс кардан ичозат намедиханд чи бояд кард??Ман ин номаро барои шумо навиштам шояд барои ман кумак мекунед??Умедворам ноумед намегардонед!!Бо эхтиром як шахрванди Чумхурии Точикистон Азамов Рахматулло Муртазохонович..
Ас-салом алейкум.Саволи ман чунин аст.Занхоеро ки шавхарашон дар чангхои Сирияи вафот карданд дар конуни Чумхирии Точикистон барои хамсари гирифтан мумкин аст? ё ки не
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826597
ИмрӯзИмрӯз1163
МоҳМоҳ26102
ХамагиХамаги3826597

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.