Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Ба академияи вкд чихел дохил шудан мумкин аст
Салом ман як шахрванди Точикистон ки имрузхо дар Федератсяи Россия дар донишгохи техники шахри Брянск дар системаи магистр тахсил карда истодаам:ойо Вазорати Корхои Дохилии Точикистон метавонад ки як мачлис барпо кунад барои донишчуйони точик дар Руссия. Барои он ки фикру андешаи чавонони ин чо руз то руз бад шуда истодааст агар ягон савол бошад ман чавоб мегардонам ин номерхои ман
ман доншчуи курси якуми Донишкадаи Забонхои Точикистон ба номи Сотим Улугзода. Дар хобгох каменданташ зан аст.Дар ин хобгох хар як донишчу ба таври клнуни омада чой мегиранд амма хонахое ки нав аст ё ин ки обаш меояд ба онхое медиханд ки гайри конуни омадаги ба комендант сум медиханд чой мекунад фарк надорад ки у оила аст ё ягон каси дигар.Вакте якуми сентябр хобгох меои тамоми чизхояш шикастаги вайрон аст хар як донишчу худаш соз мекунад аммо каменданта мегуи мега хай хамихелай барои калидорош бошад хар мох сум чам мекнан ки лампочка меччаспонем аммо хеч Дар асл ин хобгох танхо хизир якумашба об сар медихан.Бо хамин хол комендант омада ба хар як хона гашта мегуяд ки тозаги кунед ки ман суратон мекунам дар холе ки донишчу деволхои ханаашро худаш ранг мекуна палосашро худаш мехарад.Палосхои хобгох бошад дар якум этаж махкам намедиханд.Онхоеро медиханд ки аз онхо дар мох 100 ё зийод сомони камендант фоида мебинад.Бачахо музика балан мекнан аммо каменд хеч чиз намегуяд Чораехаст?
салом! Ба акидаи корманди БДА дар нохияи Б. Гафуров коидаи рохро вайрон кардам. Бино ба гуфти нозири рох чарима 60 сомониро ташкил медихад. Аммо баъди як мох барои гирифтани хуччатхои худ ба БДА-и Исфара омадам. Аз ман хохиш карданд ки 200 сомони чарима супорам. Ман коидаи чойивазкуниро гуё вайрон карда бошам. кадомаш дуруст аст? хохишмандам дакик чавоб нависед.
Оё телефони боварит вазири корхои дохила шикояти камбагалхоро чаро намесанчад оё ин аз руи адолат аст ки зарари овардаи сардори шуъбаи корхои дохилии ноъияи балчувон ба ман а0руи хусумати шахси хеле хам зиёд аст вале шикояти хати ва шикояти телефонии маро касе насанчид
Тибки м.щз КАМ ЧТ мухлати чавобгарии маъмури барои вайрон кардани коидахои харакати рох аз рузи ошкор шуданаш 6 мох мукаррар шудааст.Камерахои мушохидавии шахри бехтар тамоми коидвайронкунихои зери назарашонро саривакт ошкор ва ба кайд мегиранд. Яъне аз лахзаи вайрон куни и КХР он ошкоршуда махсуб мешавад, (чунки дар шахри бехтар кормандон масъуланд ва маош мегиранд, ки хар як коидвайронкуниро саривакт ба кайд гирифта хучат тартиб диханд) вале дар амалия кормандони шахри бехтар тамоми он коидвайронкунихои давоми сол ё бештар аз онро хисоб карда, шахсро ба чавобгарии маъмури мекашанд.о ин амал гайриконуни ва ... нест? Дар ин бора аз хукукшиносон низ пурсидаам.Чавоби мутахасисони ВКД-ро пурсиданиям. Чавоби бо далел гардонед, хохиш мекунам.
Асалому алайкум оё лейтинанти бда хак дорад дар вакти истодани мошин омада хучат пурсида протокол кунад?
Асалому алайкум кормандони Хивзи хукук аз шумо хохиш мекунам, ки ба саволи ман чавоб дихед. Барои дохил шудан ба академия вале ман аз тарафи чисмони имтихонро ба дарачаи аьло супораму аммо аз тарафи хониш натонам ва ё аксаш аз тарафи хониш тонаму аз тарафи чисмони натонам ман кабул мешавам ё не ?
Салом кормандони.ВКД. Савол: Шахсе, ки маълумоти оли дошта бошаду аммо нури чашмонаш паст (зренияш паст ) бошад дар ягон шуъбаи ВКД кор карда метавонад.
Ассалому Алейкум кормандони сомонаи ВКД, аз Шумо хохиш дорам ба саволи ман чавоб дихед. О ё ман хукук дорам фархои пешу кафои мошинро тонировка кунам.
ассалом, мехостам аз шумо як чизро суол кунам: талони хукуквайронкунии ронанда чанд сомони меистад ??? Ва барои чи онхо бо микдори 40 сомони ба ронандахо мефурушанд ??? вакте, ки киммат фурухтан ба кучо мурочиат намоем ??? Сипосгузорам
Салом мо истикоматкунандагони н Сино кучаи Федина-35 бисер аз сагхои кучаги назди бинохамон дар ташвишем мегуфтед ки ба ки мурочиат кунем
Чанобони мухтарам! Ягон ниход метавонад фаолияти тарабхонаи "Дубай"-ро назорат кунад? То соати 1 шаб хар руз садои мусикиашон баланд меояд. Хол он ки мувофики конун бояд ба'ди соати 11 шаб ингуна чизхо кат' карда шаванд. Медонам, ки чорае дида намешавад, вале ба хар хол навиштам. Шояд инсофу конун, андаке хам бошад, то хол дар ин диер боки мондааст. Бо эхтиром, Мурод Исхоков
Ба вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон муњтарам Рањимзода Рамазон Њамро аз номи 16 - оила кўчаи Эмом Муњиддинови ноњияи Рашт. Сипоснома Мо як гурўњ истиќоматкунандагони кўчаи номбурдашуда ба унвонии вазири умури дохилаи кишвар миннатдории худамонро баён мекунем. Мањз бо дастгириву мусоидати ин шахсияти љавонмард 16 – оилаи камбизоат ва иддае бесаробон соњиби як порча замини 6 сотиха гардиданд. Худованд ёру мададгоратон бод. Сокини њамин кўча Саидљон Љувонов
Салом ба хамаи кормандони ВКД ва масулони ин сомона. Як саволи одди дорам. Китобча ё инки руйхати коидавайронкуни дар рох ва хачми чаримаи пули аз кучо ёфтан мумкин. Ман ронанда хастам тачрибаи 6 сола дорам вале кормандони БДА ман карда бахонаи зиёде меёвад барои пул гирифтан. Хол он ки хуччатхо ва худи мошин ягон камбуди надорад.
Салому миннатдории худро ба кормандони хифзи хукук мерасонам, мехостам фахмам, ки мухлати (сроки) муоинаи техники (техосмотр) ба охир расида бошад, кормандони БДА протокол тартиб диханд, пас чаримааш чанд пул мебошад? Ташаккур
Саломи худро ба хамаи кормандони ВКД мерасонам. Саволу чавобхоро хондам аммо танхо як чавоб нопурра ба даст овардам. Саволи ман чунин аст: ГОСТ 5727-88 дар давлатхои СНГ ва ин ГОСТ дар Давлатхои аврупо амал мекунад. Мувофики ГОСТ 5727-88 шишаи пеши автомобил ва шишахои бари ронандаро сиёх кардан катъиян маън аст яъне шишаи пеши автомобил бояд аз 25% зиёд сиёх набошад ва шишахои бари ронанда аз 30% зиёд сиёх набошад. Шишахои акиби автомобил махдудияти сихкуни надорад яъне метавон шишахои акиби автомобилро 100% сиёх кардан мумкин аст. Чунин амал дар Руссияву Казокистон ва дигар давлатхо дида мешавад. Аз руи ГОСТ 5727-88 Заводи автомобилхо шишахои акиби автомобилро сиёх мекунанД такрибан 70%. Дар ГоСТ нишон дода шудааст ки кадом шишахои автомобил сиёх набошад накшааш хам аст. хато приложени 3 хаст ва дар он бо тарики накша нишон дода шудааст. ЧАРО ДАР ТОЧИКИСТОН АЗ РУИ ИН ГОСТ 5727-88 АМАЛ НАМЕКУНАНД? ХОЛ ОН КИ ДАР ТАМОМИ ДУНЁ ИН ГОСТ 5727-88 АМАЛ МЕКУНАД
Мехостам фахмам: Кадом хуччати меъёри-хукуки, ронандагони воситахои наклиётро водор месозад, ки ваколатномаеро, ки барои хукуки идора кардани воситаи наклиёт ичозат медихад, хатман аз идораи натариали гирад?
Савол:Ба хаммаи хукукшиносони чумхури ва рохбарияти ВКД Оё тадбики Амри Президент #2 аз 02.12.94дар ичрои вазифа нисбати хеши сардори шуъбаи корхои дохилии нохияи Балчувон чиноят аст ё не агар чиноят набошад ман барои дасгири ба ки мурочиат намоям оё прокрор метавонад ичроиши амри президентро чиноят эътироф намояд ва конун дарбопаи мтлитсия ва ин амро ба этибор нагирад хохиш иекунам чавоб гардонед.
Аз воситахои ахбори омма дар бораи чинояткории Хайдаров Суҳроб, ки дар Россия ба инкассаторхо хамлахои горатгарона менамудааст хонда, хело гамгин шудем. Имконият мавчуд бошад дар бораи ин чинояткор маълумоти бештареро пешниход менамудед, мехохам донам, ки у дар Точикистон дар кадом толори варзиши машк мекард ва кай ба Россия рафтааст?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.