Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом алекум. Ман Фирузчон Солиев хастам, истикомат кунандаи н. Хисор. Саволи ман чунин аст. Дар вакти гузаронидани туй кормандони минтакави метавонанд омада деки хурокро ба навор гирифта, гуянд, ки ба хучраи кори биёед мо бо Шумо сухбат мекунем. Ин салохият бар души онхо хаст ё не? Хол он, ки мо ичозатнома аз танзими анъана ва чашну маросимхо дар даст доштем. Ман мехохам дар ин бора фахмам ва аз Шумо пеш аз хама минатдории хешро баён мекунам хамеша Сарбаланд бошед. Як чизи дигарро кайд кунам, ки ман метавонам бо Шумо хамкори зичманд дошта бошам. Мисол дар корхоятон ёрдами худро гузорам ва ба халку ватани мехрубон хизмати софдилона кунам.
Ассалому алейкум)))) ягон иҷозатномае ҳаст ки шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиетро сиеҳ карданашро иҷозат диҳад.
Салом. Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям чихати дастрас намудани нархнома оиди чаримахо аз Шахри бехатар. Хамчун мехостам пешниход намоям барои дастрас намудани маълумот оиди койда вайронкуни тавасути телефонхо. Мефахмам ки ин хеле душвор аст аммо ин яке аз рохои гирфитани маълумоти сахех. Ташакури зиёд.
чаримаи чужой номер чан пул меистад
оё ин рост аст ки нисбати сафироне ки аз хорич меоянд нисбати онхо чавобгарии чинояти татбик карда намешавад хангоми содир кардани чиноят
салом ба ахли кормандони Вазорати корхои дохили. Савол. Агар Прокурори Генерали Чиноят содир кунад нисбати у ки парвандаи чинояти огоз мекунад???
Салом мехостам фахмам, ки дар Точикистон фолбени (фолкушои) манъ аст магар?
Саломи худро ба кулли кормандони ВКД мерасонам. Ман ду савол дорам: 1) Палатаи поёнии парламент карор кабул кардааст, барои гузаштани техосмотри мошин. Яъне ронанда соли гузашта мошини худро хамон рузе ба техосмотр бурдааст бояд соли равон хамон руз ба техосмотр барад. Якчанд проблемахо аст. Масалан хамон рузе ки ман техосмотр гузаштам соли оянда ба рузи истирохати афтад. ё хамон руз зиёда аз 200мошин ба техосмотр раванду навбати ман нарасад. ё пул надошта бошам барои техосмотр гузаштан. ё дар руссия бошам ва 6 мох бад ба техосмотр равам --------чи кадар чарима мекнанд? 2) палати поёни карор кабул кардааст. Барои ронандагони мошини сабукрав хаки рондани мошин дар паласи бо харфи А надоранд яъне чарима карда мешаванд. Ман чи гуна метавонам ба тарафи рост гардам, вакте ки дар тарафи рост паласаи А хаст? ман аз паласаи 2 гашта наметавонам зеро мумкин нестмувофики КХ дар Р. ман мехохам мошинамро дар тарафи рости маън кунам лекин паласаи А хаст. Ман чи бояд кунам? Чавоби шуморо мунтазирам.
Салом савол чунинаст. Мошини ман ба номи бародарам аст мае бо давереност уро хаймекунам.прапискаи хардуамон дар як хонааст. Ое ман вазифадорам давереностро дар бда печатзанам
Салом алейкум...Дар баъзе давлатхо то 30% мумкин хаст ки шишахои мошини шахсиро сиёх кард бе ягон хуччату бе ягон ичозатнома. Оё дар Точикистон низ ин вучуд дорад ? Ва чанд фисад ( % ) мумкин аст ки сиёх кард бе ичозатнома ?
Салом алейкум.Суол: Дар даромадгох ва баромадгоххои шахр,аксгирак мавчуд хаст ки хар як автомобили гузаштаро акс мегирад.Оё сураъати автомобилрохам акс гирифта ронанда чарима мешавад ?
Пардохтхои маблагхои гузаронинадини ташхиси техники ва маблағи андоз аз воситаи нақлиёт ва сугуртаро аз нав дар равзана нишондод кунед . Барои он ки ин аз санаи «05» апрели соли 2010 то айни хол истодааст. Барои гузаштани ташхиси техники дигар маблагро талаб мекунанд масалан факат барои гузаронидани диагностика 183 сомони талаб мекунанд ва барои талонаш 15с талаб мекунанд . Барои хамин мехостам тарифхоро дида бароям. Рахмат барои кумакатон.
Саломи худро ба кормандони Вкд мерасонам ва саволи ман сунин аст шишахои бари дархои кафои мошинам 25% заводской сиёх карда шудааст ичозатнома лозим аст?
Мӯҳтарам Саидзода Маҳмадсаид Борон саволи ман чунин аст: 1) Қонун истифодаи шишаҳои ойнагиро (зеркалний)-ро манъ кардааст аммо шишаҳои мошинам ойнагӣ нест шишаҳояш кабутчаи сиёҳи хира аст. Оё шишаи кабутчаи сиёҳи хираро ҳамчун шишаи ойнагӣ характеризоват (монанд) кардан аз руи қонун дуруст аст? 2) Фарқи байни шишаи ойнагӣ аз шишаи кабутчаи сиёҳи хираро дар доираи қонун чихел бояд исбот кард? 3) Оё ягон марказе ҳаст, ки дар онҷо бо таҷҳизоти махсус фарқи ин ду намуди шишаро дида тавонем?
Салом! Дар холате ки талони хукуквайронкуни пур шуда бошад, он бо чи кадар маблаг иваз ва баркарор карда мешавад?
Ман барои ҳозирҷавобии кормандони ВКД Ҷумҳурии Тҷокистон аввол минатдор мебошам. Бадан аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба саволи ман ҷавоб гардонанд. Нозири ШБА ШВКД дар ноҳияи Файзобод Ризвонов ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёти ҶСК "ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМАНТАЖ" дар рузи истироҳат аз ҷониби ман нисбати ман бо моддаи 343 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дод. Протоколи ин нозири роҳ бо моддаи 343 нисбати мошини корхона дуруст аст ё не
салом. мардеки занро бо лагат зада дасташро шикаста ва ба сараш осеб расонидааст чазояш чи тавр аст бо тарики суд ё ин ки вкд хал меноямояд чарима мешавад ё ин ки хабс
Ассалому Алайкум, Маъмурияти мухтарам! Ман мохи Августи соли чорй аз як шахрванд мошинаи тамгаи Опель харидам. Хангоми аз кайд барори маълум шуд кй, мошини мазукр дар "Шахри Бехатар" зиёда аз 18 бор коидавайронкунй доштааст. Хостам ки, мошинро гардонда дода , пуламро гирам. Сохиби мошин ба ваъда дод,ки пули чаримаро пурра пардохт мекунад. Лекин, то холо чаримаро насупоридааст. Дар ин ходиса, Чаримахоро ки пардохт мекунад? Чй бояд кард, ки аввалсохиби мошин чаримахоро пулашро супорад?
Саломуалейкум, Мухтарам кормандони ВКД барои Шумо суоле дорам,агар корманди милиса барояд пас аз нафака ба у тахдид ба чони у кунанд аз чорае дида мешавад?зеро ин тахдид ба давраи дар адои хизматиаш таалук дорад ба чавоби ин суол посухеро интизорем
Салом. Саволи ман чунин аст, Дар сурате ки коргарони милисаи ШКД беасос бо тахдид омада, аз мансабашон бахри тагобози суистеъмол мекунанд, ба кучо ва чи тавр мурочиат кардан даркор аст. Ва метавонад корманди ШКД ноҳияи Шохмансур аз руи занги рафикаш омада ба ман, ки дар нохияи Сино зиндаги мекунам бе асос (ариза) саволуборон карда таъкир кунад?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742788
ИмрӯзИмрӯз771
МоҳМоҳ22490
ХамагиХамаги3742788

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.