Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Можно ли употреблять пиво без алкогольное за рулем?
Ассалому алайкум.1руз пеш додарама дар билярдхона коргарои милится капида протокол кадаст.протокол барои ки додарам 17 сола будаст ва у бади соати 20:00 кучаба бромаданаш мумкин набудаст. Хамин хел конун бромадагими . Бромадаги бошад чй хел чора дида мешад. Хато навистаги бошам узур мепурсам. Бо якта савол ноболигона билярдхонаба мондагишба ягон хел чазо тайин намекунадми. Саволхои манба чавоб тит илтимос.
Ассалом алейкум! Саволи ман хамин аст, нархномаи гумрукии воситахои наклиётро (растаможка) аз кучо фахмидан мумкин аст? Пешаки миннатдори баён мекунам!
Маро кормандони бда бо сабаби фаромуш кардани техосмотр протокол карданд (кисми315) хохиш мекунам чаримаи инро муайан кунед.
Cалом. Мехостам фахмам ма то санаи аз соли то 01,06,2015 чаримахои шахри бехатарро маблагашро супоридам. Аммо ман аз сайти Tcell варакаи чаримахоро дастрас намудам ва дар ончо дар соли 2013 ва 2014 ма 9 чарима нишон дода истотадааст. Мехостам фахмам ма то соли 01,06,2015 тамомо маблагхои чаримаро супоридам чаро боз чарима нишон дода истодааст дар соли 2013 ва 2014 .
Салом қабл аз пешниҳодам ба Шумо саломати ва кимёбиҳоро таманно дорам. Ман ҳамчун як шаҳрваниди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ободи ва оромии ҷомеъа бетараф буда наметавонам аз ин ру аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки атрофии кучаҳои маякоскиро таҳти назорат гиред. Қаблан гуруҳ-гуруҳ нафарони майзада дар роҳҳо ба мушоҳида мерасид имрузҳо бошад онҳо аз чи илоҷ бошад, ки хонаҳоро дар соатҳои бевақти мекубанд: Барои мисол соатҳои тақрибан 6:25 субҳи 12 –январи соли 2016 нафари номаълум дари утоқи истиоматии моро куфт ман аз он хотиреки бевақти буд ҷаваб надодам ва баъдан соатҳои тақрибан 7:40 куфт ман кушодам вай дар ҳолати бисёр масти қарор дошт аз ман пул талаб кард ман гуфтам пул нест бо ҳақоратҳои дағалона аз даромадгоҳ (подез) берун шуд ман баъдан ба шуъбаи миллиса ҳозир шудам нозири минтақавиро дарёфт накардам хулоса рақамҳои мобили нозири минтақавиро дарёфт кардам бо у дар тамос шудам вале ҳамоно бе натиҷа… Мақсад тинҷу амон будани ҷомеаи Тоҷикистон оромии ҳамаи мо мебошад ташаккур барои диққат.
Салом ба кормандони сомонаи mvd. Ман хохиш дорам, ки ТИР кушоям барои парондан бо милтики пневматики, дар дигар давлатхо монанд ба Руссия хуччат е ин ки ичозатнома лозим нест, агар на зиеда аз 75 джоул бошад кувваи фишори гази дар дохили он. Мо ба ягон хуччат лозим асть е не? Аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам, ба саволи ман посух дихед.
Салом.Танхо тирезаи кафои мошинро сиёх(танировка) кардан мумкин аст.Бе ичозатнома.Чавобро интизорам
моддаи 325 Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон, - ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Савол: 1) ҳангоми ҳаракат бо сурати 72 км чанд сомони бояд ҷарима супорид.?
саломалекум.Саволи ман хамин ки ман дар синни 25 солаги шиносномаамро иваз кардам ба шиносномахои нав(биометри)дар Шиносномаи ман раками мушахаси манро дигар навиштан ва Печате дар ЗАКС мезанан дар шиносномаи пешинаам буд вале мучаррад навиштанд.Ин гунохи ман хаст ё чое,ки маро шиноснома додаанд.Мурочиат кардам ба сардори шиносномадихи дар Ш,Кулоб гуфт пулашро пардохт кун ва аз сари нав шиноснома гир Илтимос чавоб дихед гунохи ман хаст ё Чои шиносномадихи
Салом ба кормандони ВКД Точикистон. Ман маъюби дуюми давраи кудаки мебошам. Саволи ман чунин аст.Ман автомашинаи шахси дорам автомашинаам раками одди дорад мехохам онро хусуси гардонам Ба кучо мурочиат намоям ва ё ягон имтиёз дорад.Аз чавобатон лутфан минатпазирам.Бо эхтироми самими Мирасов Кузратулло ш.Душанбе
саволи ман чунин аст: Ман насабамро иваз намудам барои иваз намудани шаходатномаи ронандаги ба ному насаби навам чанд сомони лозим аст
Салом мухтарам Вазири ВКД мо як гурух сокинони нохияи дурдасти кишвар Чиргатол ба Шумо мурочиат менамоем ки вактхои охир кормандони БДА-и РВКД-и Рашт бо бахонаи гузаронидани рейди дар н.Чиргатол аз ваколатхои хизматии худ истифода бурда бисер ронандагонро бо гирифтани маблагхои пулии гуногун чавоб медиханд. Мухтарам Вазир! ба як саволи мо чавоб дихед. Магар рохбарияти РВКД-и Рашт ба кормандони ШБДА-и ШКД-и н.Чиргатол бовари надоранд? Ки мунтазам кормандони Бдаи раесати гарм дар нохияи Чиргатол карор дошта ба конуншиканихо рох медиханд. Аз ин кори онхо ронандагон норози буда бо максади пешгирии чунин конуншиканихои бдаи рашт ба Шумо мурочиат менамоем
Субх ба хайр! Дар сомонаи Шумо оиди Низомномаи кормандони гайри штати ВКД, принсипхои кори онхо, интруксияхо ефт нашуданд. Агар ки чунин низомномахо, инструксияхо, мавчуд бошанд чойгир менамудед. Сипосгузорам
Салом ба кормандони хифзи хукук. Ман истикоматкунандаи вилояти хатлон. Айни хол дар шахри Душанбе тахсил мекунам. Мехохам шаходатномаи гайриштати аз шахри Душанбе гирам. Чи хучатхо лозим мебошад. Чавоби шуморо интизорам
Ассалому алейкум вазири азиз Рахимзода Рамазон Хамро, додари ман Ашуров Абдурахим Муминович соли таваллуд 27.07.1974 дар солхои чанги шахрванди дар 7-ум шуъбаи корхои дохили кор мекард, барои ба нафака баромадан шаш мох монда буд,ки аз сабаби касал шудан кор накард.То хол дар ягон чо кор намекунад.Зиндагиаш бехад вазнин. Аз Шумо хохиш мекардам,ки барои ба нафака баромадан солхои чанги шахрвандиро ба назар гирифта ,барои таъин намудани нафака кумак мекардед.
Aгар писаре бо дустдоштааш дар даруни боге дар таги дарахт дар байни онхо хатто масофа аз 15 то 20 с-м мебошад нишаста танхо сухбат карда истода бошад макомотдорон хукуки ба онхо дахолот карданро доранд ё не дархоле,ки онхо алакай ноболиг нестанд.
Салом алейкум! Раёсати БДА оё шумо медонед, ки ГОСТ 5727-88 дигар истифода намешавад ва ба чои он ГОСТ 32565-2013 истифода мешавад. Ва ин ГОСТ-ро 32565-2013 ТОЧИКСТАНДАРТ кабул карда аст. Дар Моддаи 330 кисми 2 омадааст кодекси хукуквайронкунии ЧТ, ки Оинахои мошинро Мувофики ГОСТ бояд бошанд. Яъне мошинхое ки ЗАВОД оинахои окиби онро сиёх мекунад рондани мошин бе ичозатнома мумкин аст. ГОСТ-и мазкур маън мекунад Оинахои пеши мошинро сиёх кардан барои он ки ба ронанда халал мерасонад аммо танхо бо ичозатнома сиёх кардан мумкин Мувофики Моддаи 330 кисми 2 Кодекси хукуквайронкунии ЧТ. Чаро аз ин ГОСТ 32565-2013 то хол кормандони раёсати БДА хабардор нестанд?
Салом. Вакти гузаронидани муоинаи техники автомашина хатми сугурта менамоянд. Дар кадом холатхо ин суругтаро истифода бурда мумкин аст. Агар ронанда тасодуфан ба ягон предмет бархурад. хак дорад барои дуруст кардани шикасту рехти автомашинааш ба сугурта мурочиат намояд? Рахмат.
салом коргарои БДА шабона радар кати мошина маън кардан хукук доран е не
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3818408
ИмрӯзИмрӯз485
МоҳМоҳ17913
ХамагиХамаги3818408

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.