Шакли ворид кардани савол
COM_SMFAQ_FORM_CAPTCHAАз нав кардан
Салом. Як тилфонмон гум шудааст Samsung Galaxy j1 документош хаст ба кучо мурочиат кунем.
Салом мухтарам Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ичозат дихед Шуморо ва дар симои Шумо тамоми кормандони макомоти корхои дохили, нафакахурон ва собикадорони ВКД Чумхурии Точикистонро бо рузи "Милитсияи Точик" самимона табрик намуда, ба Шумоён танисихативу хотиричами, осомни соф, тинчиву амони орзу мандам ва ба фаъолияти пурмашаккати шабнарузиатон комёбихои беназир хохонам.
Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани адндозед: Мутобики талаботи 7.7-и Номгуи носозихо ва шартхое, ки истифодабарии воситаи наклиетро манъ менамояд (кисми Коидаи харакат дар рох), бе аптечка, аломати садамаваи ва сухторхомушкунак рондани воситаи наклет манъ карда шудааст. Нозирони БДА даруни аптечкаро як ба як аз назар мегузаронанд, ин амали онхо бисьер вакти ронандаро мегирад. Савол:1. Дар асоси кадом талабот (конун) даруни аптечка аз тарафи нозири рох аз назар гузаронида мешавад (ин худ досмотр мебошад ва хатман дар ин холат шохидони холис бояд даъват карад шаванд, ва протоколи досмотр тартиб дода шавад)? 2. Дар кадом талабот гуфта шудааст, ки дар даруни аптечка чи намуд дору ва е маводи тибби хатман бояд бошад?
Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.
Салому алайкум! Дар мавриде, ки хучати ронандагиям бо сабаби вайрон кардани коида рох гирифта шуда ба иввазаш хучати муакати пешниход мешавад у то чанд руз эътибор дорад? Ва агар хучати манро дар дигар шахр гирифтанду сари вакт ба Шуъбаи БДА махали зистам нарасонидан, дар ин маврид чикор кунам?
Салому алайкум кормандони ВКД Равшани андозед Барои харидории таппончаи овози (сигналный) ки онхо намепаронанд факат овоз доранд барои тарс додан ичозатнома зарур аст масалан дар Федератсияи Росия барои харидории онхо ягон ичозатнома лозим нес. Онро мо дар клип истифода кардан мехохем. Ташакури зиед.
Салом,хангоми пас аз тафтиш кардани хучатхо аз тарафи корманди бда ягон камбудии нефтан корманди бда хак дорад бе ягон хел гувох ва тартиб додани акти тафтиши воситаи наклиетро худсарона ронандаро аз наклиеташ багочро боз кунед гуен фароварда тафтиш кунад
Ассалому алейкм илтимос ба саволи ман чавоби дуруст дихед ман дар шахри руссия ман корти ронандагиам ро гум кардам чихел ду бора бар гардонам ман шаройити ба ватан гаштан ро надорам
САЛОМ МУХТАРАМ ВАЗИРИ КОРХОИ ДОХИЛА ШУМОРО ВА ХАМАИ КОРГАРОНИ ВАЗОРАТРО БО РУЗИ 25 СОЛАГИИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАБРИК МЕНАМОЯМ ВА БА ШУМО ШЕРДИЛ БУДАНРО ОРЗУ ДОРАМ
салом ман истикомат кунандаи ш.Конибодом аслан корманди гайи низ як банда аст лек онхо формаи милитсяро дида аз худ рафтанд мо низ хизмат караги лек онхо бе нихояд зури мекунад корманди гайи бояд ба шахрванд чи тавр муносибат кунад
Салом. Оё нафакахурони ВКД барои пушида гаштани либоси низоми хукук доранд, дошта бошанд дар кадом мавридхо.
Салом! Саволам чунин аст! Истифода бурдани лабавойҳои пеши мошин ки пурра кабуд карда шудаанд ва меъёраш тахминан то 20 фоиз аз тарафи завод ранг карда шудаанд истифода бурдан мумкин аст? имрӯзҳо дар бозорҳо ин намуди лабавой фурӯхта мешаванд мо низ мехоҳем истифода барем оё иҷозат аст? Агар иҷозат набошад мувофиқи кадом қонун?
Добрый день. Пишу по очень важному делу. Я Фирдавс Ниёзов, проживаю в г.Худжанде. Собираюсь на 1 год учится в Словакии. Для визы нужна справка о несудимости. Я взял справку в департаменте информационного дела МВД в Согдийской области. Сделал апостил в МИД-е и отправил копию в посольтсво. Там говорится что эта справка не подойдет и нужно взять справку в Душанбе. Причина они думают, что эта справка действительна только в Согдийском регионе. Что мне дальше делать? Идти в Душанбе или эта справка подойдет. Если она подходит могли бы вы сделать официальное письмо с текстом о том что вне зависимости где дана справка она действительна по всей Республике Таджикистан. Очень жду вашего ответа. Спасибо.
Салом алейкум ман мехостам фахмам ки хангоми манъ кардани корманди БДА ронананда метавонад саволу чавоби корманди БДА-ро ба навор гирад.Агар ха ,пас ба кучо наворро барои шикоят пешниход кунад.
Салом)))) савол чунин аст! Кадом намуди ичозатнома барои сиёх е кабуд намудани оинаи пеш яьне (лобовой) мусоидат мекунад!
---Салом ман дар шахри Россия мебошам ман метавонам хучатти ронандаги гирифтан бо ягон рох аз Ч,Точикистон аз шумо хохиш дорам чавобашро ба зуди равон кунед интизорам ))))))))
хохишмандам оиди Моддаи 346. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муфассал шарх медодед. чун, ки хамаи чоихои минтакахои ахолинишин чои тавакуф шудааст. оё дар холати аломат вучуд дощтан манъ аст?
салом ба кормандони ВКД! Ман истикоматкунандаи нохияи Рудаки, саволи ман чунин аст: Такрибан як мох пеш ба болои автомашинаи ман, ки дар назди хона яъне дар куча дар назди девори хамсояамон истода буд девор афтид ва кормандони нозироти минтакави омада санад тартиб дода рафтанд, аз он руз то имруз кариб се хафта гузашт аммо ягон сару садое дар бораи кумак кардан нест. Агар онхо кумак карданро рад кунанд мо ба кучо шикоят карда метавонем? (Автомашинаи ман сугурта карда шудааст.)
Ассалому алейкум ман мехостам оиди речаи кории майдончахои варзишие ки дуртар аз махалли истикомати мебошанд шабона то соати чанд мебошад ва агар дар холати зарури имконияти гирифтани вакти иловаги бошад кадом макомот ичозат медихад
Ассалому алейкум. Ман 16-сола ҳастам, оё ман ҳуқуқи мошин ронданро дорам? Ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтанам мумкин аст, агар шиноснома дошта бошам?
powered by smfaq

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3828284
ИмрӯзИмрӯз1170
МоҳМоҳ27789
ХамагиХамаги3828284

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.