Равнақу ривоҷ ёфтани ҳамкориҳо бо САҲА

Ҳафтаи сипаригардида муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич бо мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ ва муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Мария Гречев ва мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ Зайтуна Наимова вохӯрӣ доир намуд.

Зимни мулоқот муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич иброз намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон дар робитаи зич қарор дошта, дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, ки 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст, як қатор чорабиниҳо дар самти ислоҳоти милитсия ба анҷом расонида шуд.

 
Ҳамкориҳои судманди Сафорати ШМА бо Вазорати корҳои дохилӣ

Рӯзи 4-уми апрели соли равон муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар шаҳри Душанбе Сюзан Эллиот ва муовини аввали ёрдамчии Котиби шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва мудофиа Кэрол Пересро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ, ҳамчунин директори  INL Сафорати ШМА Марк Вуд, мушовир оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ Тони Арнес ва ҳамоҳангсози лоиҳаҳо Жанел Корода иштирок доштанд.

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон

Имрӯз (29.03.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин мушовири Сафир Фан Лун ва намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Бян Юйтсзе иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳад овард.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия

 

 
Ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба

Имрӯз (26.03.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро фармондеҳи пулиси сарҳадии Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон генерал-лейтенант Муҳаммад Шафиқи Фазлиро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҳамчунин фармондеҳи зонаи Панҷ генерал-майор Муҳаммад Замон иштирок дошт. 

 

 

 
Баррасии ҳифзи атфол дар вохӯрӣ бо Лайлӣ Моширӣ

Имрӯз (18.03.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори  Намояндагии Хазинаи кудакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Моширӣ мулоқот анҷом дод.

Сараввал, Раҳимзода Рамазон Ҳамро хонум Лайлӣ Мошириро бо фарорасии Иди Байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 
Ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда

Имрӯз (13.04.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сабер Азам – ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ва Хосе Эуседа – роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо оид ба масоили гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1918 гуреза ва паноҳҷӯянда иқомат менамоянд.

 
Баррасии ҳуқуқҳои инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар вохӯрӣ бо Хуан Мендез

Имрӯз (10.02.с.2014), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендезро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Стефан Селг – котиботи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Мария Ноэл Леони – ҳамоҳангсози Ташаббус оиди пешгирии шиканҷа, Лилия Захариева – мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Раёсати СММ дар Тоҷикистон ва Суҳроб Шоев – корманди Барномаҳои миллии Раёсати СММ дар Тоҷикистон иштирок доштанд.  

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо кордори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Имрӯз (05.02.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов кордори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садриро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии ҳамин Сафорат Беҳзод Рафеъӣ ширкат варзиданд. 

Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоки маводи мухаддир ва хариду фуруши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.

 
Таҳкими ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Имрӯз (23.01.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.

 

 

 

 
Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон

Имрӯз (13.01.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу вохўрӣ доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзуро хайрамакдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Афғонистон хусусан дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар омода шудааст ва дар сурати ба имзо расидани он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам рушду такомул хоҳанд ёфт.   

 
Ҳиндустон ва Тоҷикистон: таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба

Санаи 24  декабри  соли равон, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич бо намояндагони Шўрои бехатарии кишвари Ҳиндустон вохўрӣ доир намуд. Дар ин вохўрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, полковники милитсия Девонаев Сафиало Азизуллоевич, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна ва аз кишвари Ҳиндустон Сафири фавқуллода ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарчи, муовини мушовир оид ба амнияти миллии ин кишвар Нехчал Сандху, котиби котиботи Шўрои амнияти миллӣ Сохраб Кумар ва котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Наорем Чогендрачит Синх иштирок доштанд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо муовини Вазири Кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз (29.11.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич ҳайати намояндагони Вазорати Кишвари Ҷумҳурии Исломии Эронро бо роҳбарии муовини Вазири ин ниҳод оғои Тоҳо Тоҳирӣ ба ҳузур пазируфт.

 

 

 

 
Ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Имрӯз (17.12.с.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати мазкур Ан Вейсин ба ҳузур пазируфт.

 

 

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон

Имрӯз (12.11.с.20130) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семенович мулоқот доир намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, бозомӯзи ва тайёр намудани кадрҳо дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Россия баррасӣ намуданд.

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3779183
ИмрӯзИмрӯз134
МоҳМоҳ24198
ХамагиХамаги3779183

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.