Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Украина

Имрӯз (27.08.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

 

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Лайлӣ Моширӣ

Имрӯз (27.08.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори  Намояндагии Хазинаи кудакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Мошириро ба ҳузур пазируфт.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд. 

 

 

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Озарбойҷон

Имрӯз (06.08.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов, мушовири Сафорати мазкур Элҳан Комил-оғлӣ Каримов ва котиби сеюми Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон Самир Муҳаммад-оғли Аҳмедлиро ба ҳузур пазируфт.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмонони сарзамини Озарбойҷонро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки расму ойини мардуми Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳам монандӣ дошта, анъанаҳои неки ниёгон то кунун идома доранд. Ин аст, ки дӯстӣ ва бародарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон хеле қавӣ буда, ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар рўз аз рўз рушду нумӯъ меёбанд.

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо

Имрӯз (28.06.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ - Бернард Дойл, муовини Мудири Дафтари минтақавӣ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми СММ оид ба гурезаҳо - Индрика Ратватте ва Роҳбари Намояндагии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Кевин Аллен вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Бернард Дойлро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ табрику муборакбод намуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуд.

 
Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири ШМА Сюзан Эллиотт

Имрӯз (18.060.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эм Эллиотт ва роҳбари шӯъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати мазкур Марк Вуд мулоқот доир намуд.

 

 

 
Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Кевин Аллен оид ба масоили гурезаҳо

Имрӯз (07.06.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст,  Вазири корҳои дохилӣ, Роҳбари тоза таъиншудаи Намояндагии мазкур Кевин Алленро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуд.

 

 
Баррасии лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният


Санаи 6-7 майи соли 2014 намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати федералии корҳои дохилии  Олмон,  ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Грен,  сардори Шӯъбаи амнияти ҷамъиятии Вазорати федералии корҳои дохилии ин кишвар доктор Свен Бергер, референти шӯъбаи зикргардида хонум Юдит Шенкел ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ роҳбарияти Раёсатҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, кофтукови ҷиноӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва БММ «Интерпол»  иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амниятро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимни баррасии лоиҳаи Созишнома ҷонибҳо таклифу пешниҳоди худро манзур намуда, дар ҳалли масъалаҳо байни онҳо табодули афкор сурат гирифт. Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.    

Хисрав Солеҳов, майори милитсия.   

 
Таҳкими ҳамкориҳо

Санаи 2-юми майи соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири фавкулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Сийалро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва силоҳ табодули назар карданд.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон қайд кард, ки ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯз аз рӯз вусъат ёфта, робитаи тарафайн дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таҳким меёбад.

Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сийал дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷониби Покистон бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, баҳри амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта бошад.

Дар хотима, ҷонибҳо аз баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гулова М., Шукурова Р.

 
Баррасии масоили риояи ҳифзи ҳуқуқи инсон

Санаи 30 апрели соли равон муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич намояндагони Дафтари Шветсариягӣ оид ба ҳамкориро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот мутахассиси шветсариягӣ оид ба Механизми боздорандаи миллӣ Ҳанс-Йорг Баннвард ва мушовири Дафтар оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрисия Дворачек иштирок доштанд.

 

 
Густариши ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 30 апрели соли равон Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирикро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкории дуҷониба ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар  дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва мубодилаи иттилоот вусъат ёфта истодаанд.

 
Рушди ҳамкориҳо

Имрӯз (28.04.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири фавқулолла ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон (муқими Москва) Пол Майлерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот намояндагони Сафорати Австралия:  Крэйг Читтик, Ҷеймс Молан, Майкл Кортефф ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Австралия Эндрю Голедзиноски ва хонум Маргалит Левин низ иштирок доштанд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро ба диёри меҳмоннавози тоҷикон хайра мақдам гуфта, ҷаноби Пол Майлерро ба муносибати Сафири фавқулодда ва Мухтори Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар корҳои ояндааш муваффакияту бурдборихо орзу намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз он ҷумла, терроризм мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар хотима, тарафҳо аз рушд ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Гулова М.

 
Баррасии масоили мубориза бо терроризм

Имрӯз (16.04.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Директори минтакавии кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаноби Чжан Синфэн мулоқот доир намуд. Дар мулоқот Муовини Директори мазкур Пиров Аҳтамшо Атоевич ва ёрдамчии Директор Ян Личжоу ҳузур доштанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намуда, зикр карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон, барои дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

 
Ташрифи Сафири Давлати Ҷопон ба Вазорати корҳои дохилӣ

Имрӯз (18.04.с.2014) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Бишкек) Такаюки Коико мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин мушовири Сафорат Такаши Камада ва котиби дуюми Сафорати мазкур Ёсисиро Хориэ иштирок намуданд.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро ба диёри меҳмоннавози тоҷикон хайра мақдам гуфта, ҷаноби Такаюки Коикоро ба муносибати Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ба мавсуф дар корҳои ояндааш барору комёбиҳо таманно намуд.

 

 
Вохӯрӣ бо Сардори КБСС дар Тоҷикистон Андре Пакке

11 апрели соли равон,  муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич Сардори навтаъиншудаи Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон Андре Паккеро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин, Сардори пештараи Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Северин Шаппаз иштирок дошт.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур шиносоӣ бо Сардори навтаъиншудаи Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Андре Пакке ва муҳокимаи дурнамои ҳамкории Намояндагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 иборат буд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739246
ИмрӯзИмрӯз1251
МоҳМоҳ18948
ХамагиХамаги3739246

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.